logo

маориф

АЗ ШАВҚ ТО ҲУНАР

Бардошт аз фаъолияти мактаби №33-и шаҳри Душанбе дар соли нави таҳсил

Маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати  давлат ба ҳисоб меравад. Ба рушду нумуи он, ба хусус муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ диққати ҳамешагӣ зоҳир мегардад. Ин муносибат омӯзгоронро водор месозад, ки имконот ва неруи зеҳниашонро дар роҳи таъмини сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи дониш ва таълиму тарбияи насли наврас равона созанд.
Дар ин кор мактабе бурд мекунад, ки роҳбари кордон дошта бошад, роҳбаре, ки дар мактаб, пеш аз ҳама, мушкилоти кадриро ҳал карда тавонад, навҷӯ бошаду эҷодкор. Бо кори муассисаи таълимии №33-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва фаъолияти роҳбари он Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Набиев аз наздик шинос шуда, бовар кардам, ки пешравии ҳар мактаб аз низоми кори роҳбар вобаста аст. Сироҷиддин Набиев аз 35 соли собиқаи кори омӯзгорӣ 22 соли ҳаёташро дар зинаҳои роҳбарӣ дар муассисаҳои таълимӣ гузарондааст. Ӯ корро дар мактабҳои деҳот шурӯъ кардааст ва имрӯз даҳҳо шогирдонаш аз ранҷи устод ганҷ ёфтаанд.
Мактаби №33 таърихи 45-сола дошта, айни ҳол дар он 1632 нафар хонанда таҳсил мекунад. Устод соли сеюм аст дар ин ҷо фаъолият дорад. Ӯ аз зумраи роҳбаронест, ки ҳар пирӯзиро дар дастобадастӣ ва аҳлият медонанд. Ҳар куҷое, ки кор кард, коллективи тифоқро созмон дода тавонист, барои собиқадорон ҳамсаф ва барои ҷавонон такягоҳу маслиҳатгари хуб шуд. Дар кори худ фидоӣ аст. Ҳамеша аз пайи андешаҳои тоза ва навгонист. Се сол боз баъди хатми зинаи ибтидоӣ синфи намунавӣ таъсис додааст, ҳадафаш натиҷагирӣ аз фаъолияти омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, кор бо хонандагони болаёқат аст. Имсол бори аввал дар синфҳои 1 бо назардошти омодагии кӯдакон ба мактаб гурӯҳҳои алоҳида ташкил дод.
- Чунин тадбирҳо ҳам барои омӯзгорон ва ҳам барои худи бачаҳо мусоид аст, - мегӯяд ӯ. -  Дар ин гурӯҳҳо талабот аз шогирдон мувофиқи қобилияташон роҳандозӣ мегардад.
Устод нағз медонад, ки ҳалли мушкилоти кадрӣ ба беҳтар шудани сифати таҳсилоти хонандагон ва иҷрои барномаҳои дигари давлатӣ мусоидат карда метавонад. Имрӯз дар мактаб ҳамаи фанҳои таълимӣ бо омӯзгорони ихтисосманд таъмин гаштаанд. Бо роҳбарии омӯзгори ботаҷриба Л. Азизова бахши  идоракунии сифати таҳсилот кори   иттиҳодияҳои   методиро   зери назорати ҷиддӣ гирифта, баҳогузории воқеӣ дар мактаб ба ҳукми меъёр даромадааст. Дуруст аст, ки бисёриҳо дар ибтидо аз ин сахтгириҳо норозӣ мешуданд, вале тадриҷан худи шогирдону волидайни онҳо манфиатнок будани корро фаҳмиданд.
Ислоҳоти маориф дар низоми санҷиши дониши шогирдон низ таъсир гузошт. Акнун бо ин мақсад дар аттестатсияи гузариш ва хатми дониш, яъне имтиҳон, аксаран дониши хонандагон ба тариқи тестӣ санҷида мешавад. Барои ташкили дуруст ва самаранокии кор дар мактаб Маркази миллии тестӣ, шуъбаи маорифи ноҳия бо  хонандагон ва волидайни онҳо, директорон ва муовинон оид ба таълим, муаллимони алоҳидаи фаннӣ ва роҳбарони синфҳои болоӣ чандин маротиба суҳбату семинарҳо гузарониданд.
Дар шароити имрӯза танҳо бо соатҳои барномавӣ қаноат кардан наметавонад моро дар рушди сифати таҳсилот муваффақ гардонад. Аз ин рӯ, бо иқдоми Вазорати маориф ва илм низоми таҳсилоти иловагӣ ба тариқи шартномавӣ мазмуни тоза гирифт. Чунин дарсҳо бо хоҳиши волидайн ва  дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи  марти соли 2014  дар доираи синфҳои ибтидоӣ барои 150 нафар хонанда  оғоз ёфта, то  охири  моҳи май  давом  карданд. Маъмурияти мактаб фарогирии 32 нафар хонандаи дигарро аз  оилаҳои  камбизоат дар чунин дарсҳо ба таври ройгон салоҳ дид. Омӯзгорони мактаб бо дарсҳои кушоду намунавӣ борҳо нишон доданд, ки донишу саводи кофӣ доштани шогирдонашон маҳз аз  худомӯзии  муттасили худи онҳо сарчашма гирифтааст. Фаъолияти муаллимони  ҷавони мактаб басе назаррас аст. Масалан, соли гузашта муаллими ҷавони фанни таърих Бахтовар Темирзода дар  мактаб  маҳфили  «Академияи хурди илмҳо» ташкил кард. Аъзои ин маҳфил аз бахшҳои  таърих, информатика, алгебра, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, химия, нуҷум, география, адабиёт корҳои илмӣ пеш бурда, дар конференсияҳои 5-уми илмӣ-эҷодии мактаббачагони шаҳри Душанбе (марти соли 2014), сессияи 26-уми Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (24-25 майи соли 2014), ҳамчунин соли 2013 дар чандин конференсияҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баромад карда, бо ифтихорномаю дипломҳои Академияи илмҳои ҷумҳурӣ сарфароз гардонда шуданд. Боиси ифтихор аст, ки хонандаи синфи 11 Азиза Маҳмадова бо ҳимояи кори илмӣ дар мавзӯи «Забони барномасозии Visial Basic 6.0 ва Visial Basicfor Application» соҳиби дипломи дараҷаи 1-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда, узви вобастаи Академияи хурди илмҳои ҷумҳурӣ гардид.
Ба гуфтаи устод, омили  дигари  пешравӣ ба маҳфилҳои фаннӣ ҷалб кардани хонандагон, самарабахшу шавқовар ва бо навгониҳо гузаронидани ҳафтаҳои фаннист. Омӯзгорон  дар ҷараёни сол чандин маротиба тадбирҳои тақвиятбахши ахлоқ ва фарҳанги хонандагонро меандешанд. Вохӯрӣ бо шоирону адибони шинохтаи тоҷик Маҷид Салим, Эмоми Алӣ бо муаррифии  асарҳои китобҳои адибони рус Чехов ва  Тургенев  дар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоб ва наврасон» дар ёди шогирдони ин мактаб хотироти рангине гузошт.  Барои устод панди донишвари  бузурги  эронӣ  Муҳаммади Риҷоӣ шиор аст: «Муаллимӣ шуғл нест, шавқ  аст. Агар  онро  чун  воситаи  рӯзгузаронӣ  интихоб  намудаӣ,  раҳояш  кун.  Агар  ишқи   туст,  муборакат  бод!».
Таҳкурсии саводи хонандагон дар синфҳои ибтидоӣ гузошта мешавад. Аз ин рӯ, дар мактаб ба фаъолияти муаллимони ин зина аҳамияти бештар медиҳанд. Бо дастгирӣ аз иқдоми вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид дар мактаб ҳаракати олимпӣ дар ҳоли вусъатёбист. Зимни суҳбат устод аз раванди муҷаҳҳазгардонии синфхонаву кабинетҳои таълимӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Дар давоми ду соли охир соҳиби ду кабинети таълимии ба таври замонавӣ муҷаҳҳаз-кабинети технологияи ит-тилооти  бо тахтаи электронӣ  ва кабинети физика гаштани мактаб далели ин маънист.  Волидайн  аз кори хуби омӯзгорони фанни технологияи  иттилоотӣ Хайриддини Аслиддин, технологияи касб Адолат Сафарова, ки нозукиҳои касби дӯзандагӣ, зардӯзӣ, тайёр кардани хӯришу хӯрокҳои ҳархеларо ба шогирдон меомӯзанд, бо хушнудӣ ҳарф мезананд. Дар мактаб ба такмили ихтисоси омӯзгорон, кор бо шогирдони душвортарбия ва чорабиниҳои беруназсинфӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Устод барои рушди сифати таҳсилот вусъат додани  корҳои беруназсифиро ҳатмӣ медонад.
- Имрӯз барои ташкили маҳфилҳо дар бахши забономӯзӣ, наттоқӣ, хушнависӣ, шабҳои саволу ҷавоб, мусобиқаҳои байнисинфӣ оид ба варзиш, озмунҳо оид ба ҳунарҳои конструкторӣ, моделсозӣ, дӯзандагӣ ва чанде дигар дар мактабҳо беҳтарин имкониятҳо пайдо шудаанд, -таъкид намуд ӯ. 
Фаъолияти   муассисаи таълимӣ дар соли таҳсили гузашта ҷиҳати иштироки фаъолона дар озмунҳои «Муаллими сол», «Хонандаи сол», «Волидайни  сол», «Синфи сол»  хуб буд. Мактаб аз лиҳози ободонӣ, таъмир, ҷои нишаст, китобҳои дарсӣ ба соли нави хониш пурра омода шуда, шогирдонро пазируфт.

Гулхумор САНГОВА,
омӯзгори шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.09.2014    №: 173    Мутолиа карданд: 1867
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед