мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТ БО НАМОЯНДАИ НАВИ БОНКИ ҶАҲОНӢ
4 сентябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷҳа ва намояндаи нави ин бонк дар Тоҷикистон Патрисия Виверс-Картерро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти ҷумҳурӣ, дар оғози мулоқот Сароҷ Кумар Ҷҳа намояндаи нави бонк дар Тоҷикистонро ба Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намудааст. Манбаъ зикр месозад, ки «Ҳоло бо назардошти маблағҳои фондҳои трастӣ 14 лоиҳаи сармоягузорӣ дар ҳаҷми 232 миллион доллари амрикоӣ таҳти назари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон татбиқ мешаванд, ки барои таъмини суботи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳим мебошанд. Ин лоиҳаҳо ба ислоҳот дар соҳаҳои идоракунии давлатӣ, бахши хусусӣ ва макроиқтисодиёт, инфрасохтор, энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, таъминоти об, маъмурикунонии низоми андоз ва кадастри замин равона шудаанд».
Хонум Патрисия Виверс - Картер, намояндаи нави Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, баъд аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон аз таъйинаш ба ин вазифа ва фаъолият дар кишвари мо изҳори хушҳолӣ намуд. Ӯ итминон дод, дар ин мақом рушди бештари ҳамкориҳои дуҷонибаро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати татбиқи босамари Стратегияи нави ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2015-2018 талош хоҳад кард. Дар ин робита, барои татбиқи стратегияи нав қарор аст 255 миллион доллари амрикоӣ, асосан дар шакли грант, ҷудо шавад.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.09.2014 №: 174 Мутолиа карданд: 1334