logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи Маҷмааи корхонаҳо дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, 5 сентябри соли 2014

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Дар ибтидо ҳамаи шуморо ба муносибати оғози фаъолияти Маркази хизматрасонии муосири имрӯза, ки дорои фаъолияти серҷабҳа мебошад, табрик гуфта, ба кулли ташаббускорон, кормандону сохтмончиён, соҳибкорони ватанӣ ва шарикони онҳо аз кишварҳои гуногуни дунё барои бунёди чунин иншооти замонавӣ миннатдорӣ баён менамоям.
Имрӯзҳо хурду бузурги кишварамон шукрона аз соҳибистиқлолии кишвари азизамон мекунанд, ки ба шарофати он ба миллати сарбаланду ободгари мо имконияти амалӣ намудани ормонҳои деринаи миллӣ фароҳам омада, ҳар як фарди ватандӯст метавонад барои ободу пешрафта гардидани Ватани азизамон саҳми бевоситаи худро гузорад. Ва чунонки мебинем, саҳми бахши хусусӣ дар рушди иқтисодӣ ва пешрафту ободонии мамлакат рӯз аз рӯз афзуда истодааст.
Мусаллам аст, ки дар марҳалаи кунунӣ таъсис додани корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ ҳамчун омили асосии таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати ватанӣ яке аз воситаҳои муҳиму таконбахши рушди иқтисоди миллӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад.
Маҷмааи корхонаҳое, ки имрӯз аз ҷониби Ҷамъияти «Фароз» ба истифода дода шуд, иборат аз терминали гумрукӣ, мактаби омодасозии ронандагон, толори варзишӣ, маркази ташхиси техникаи автомобилӣ, чопхонаи бисёр муосиру муҷаҳҳаз ва дигар иншооти зарурии хизматрасонӣ мебошад.
Ҷамъияти «Фароз» барои бунёди маҷмаа беш аз 100 миллион сомонӣ хароҷот намуда, коргоҳҳоро бо навтарин таҷҳизоти техникӣ таъмин кардааст, ки ҷиҳати ба мизоҷон расонидани хизмати босифату муосир дорои тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ мебошанд.
Яке аз коргоҳҳои навтаъсиси имрӯза Терминали гумрукии байналмилалии автомобилӣ аст, ки бо мақсади афзоиш додани ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ ва баланд бардоштани иқтидори транзитии кишвар бунёд шудааст.
Терминал бо усули хизматрасонии «Равзанаи ягона» фаъолият намуда, бо сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ, аз ҷумла Хадамоти гумрук, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Агентии стандартизатсия, метрология, нозироти савдо ва «Амонатбонк» ҳамкории муштарак дорад.
Вобаста ба ин, мехоҳам як нуктаро махсус таъкид намоям, ки агар таъмиру азнавсозии роҳҳои мошингард ва ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани онҳо як тарафи масъалаи аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар бошад, тарафи дигари масъала нигоҳдорӣ ва масъалаи истифодаи роҳҳо, яъне маданияти роҳдорӣ ва ронандагӣ мебошад, ки он вазифаи масъулони соҳа ва ҳар як фарди огоҳу ватандӯст ба ҳисоб меравад.
Бо ин мақсад дар назди марказ мактаби омодасозии ронандагон таъсис дода шудааст, ки бо таҷҳизоти зарурии бақайдгирӣ, машқу таълими ронандагон ва воситаҳои муосири компютерӣ муҷаҳҳаз буда, дар он омӯзиши масъалаҳои таъмиру идора намудани воситаҳои нақлиёт ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар сатҳи баланди касбӣ ба роҳ монда шудааст.
Бояд гуфт, ки таъсиси мактаби мазкур дар низоми идоракунии воситаҳои нақлиёт ва таъмини бехатарии шаҳрвандон иқдоми саривақтӣ буда, танҳо дар як курси омӯзишӣ то 120 шунаванда ҷалб карда мешавад, ки ба онҳо мутахассисони касбӣ ва соҳибтаҷриба нозукиҳои касби ронандагӣ ва заминаҳои ҳуқуқии қонунгузории ҳаракат дар роҳ, инчунин маданияти истифода аз воситаҳои нақлиётро меомӯзонанд.
Фардо дар шаҳри Душанбе боз як майдони мошинронӣ, яъне автодроми нав ба истифода дода мешавад, ки дар бобати таълими ронандагӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани маҳорату малакаи ронандагон саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Дар иртибот ба ин, мехоҳам таъкид намоям, ки ҳоло вазъи марказҳои омодасозии ронандагон таҳти назорати ҷиддӣ қарор дошта, бо дарназардошти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, бехатарии пиёдагардон ва тақвияти маданияти идоракунии нақлиёт, бахусус аз ҷониби ҷавонон ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои омодасозии ронандагон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими рӯз мебошад.
Вобаста ба ин, вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, марказҳои таълимии омодасозии ронандагон вазифадор карда мешаванд, ки масъалаҳои вобаста ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, тадбирҳои тарғиботиро тавассути воситаҳои ахбори омма, ташкили рейдҳо ва семинарҳои омӯзишӣ, бахусус дар муассисаҳои таълимии кишвар бештар ба роҳ монанд.
Қобили зикр аст, ки дар маркази таълимии ифтитоҳшуда барои муайян намудани ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт таҷҳизоти замонавии истеҳсоли олмонӣ насб шудааст, ки дар як рӯз зиёда аз 100 воситаи нақлиёт тибқи меъёрҳои ҷаҳонӣ аз ташхиси техникӣ гузаронида мешавад.
Дар маҷмааи имрӯза инчунин чопхонаи муосир ба фаъолият шурӯъ намуд, ки метавонад дар рушди саноати полиграфии кишвар саҳми сазовор гузорад. Чопхона имконият дорад, ки ҳама гуна маҳсулоти чопиро бо нархҳои дастрас ва бо сифати баланди ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ нашр намуда, дар баробари ин, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чопиро афзун намояд.
Бояд гуфт, ки корхона бо дарназардошти навтарин технологияи воридкардаи худ имконият дорад, ки бори аввал дар кишвари мо истеҳсоли коғазро аз нахи пахта ба роҳ монад. Ин омил метавонад дар самти истеҳсоли коғази аълосифат, аз ҷумла коғази махсус барои чопи санадҳои гуногун ва коғазҳои қиматнок, инчунин кам кардани арзиши аслии маҳсулот мусоидат намояд.
Вобаста ба ин, ба роҳбарияти маҷмааи мазкур супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати ҳарчи зудтар ба роҳ мондани истеҳсоли коғаз ва дигар маводи чопӣ аз нахи пахта чораҷӯӣ намояд. Дар дохили иншоот барои фурӯши маҳсулоти чопӣ ва дигар молу ашёи ниёзи мардум фурӯшгоҳ, нуқтаи савдои сӯзишворӣ ва гази моеъ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунад.
Умуман, дар маҷмааи ифтитоҳшуда зиёда аз 250 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Дар робита ба ин, роҳбарияти корхона вазифадор карда мешавад, ки доир ба зиёд намудани теъдоди ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои зарурӣ андешад. Дар ҳудуди маҷмаа ҳамчунин толори варзишии дорои тамоми шароити машқу тамрин бунёд шудааст, ки ба кормандони коргоҳҳои имрӯза ва сокинони пойтахт имконияти хуби машғул шудан ба варзишро пешниҳод менамояд.
Бовар дорам, ки маркази навтаъсиси имрӯза барои фароҳам овардани шароити мусоид дар самти ҳамлу нақли боркашонии байналмилалӣ, саҳмгузорӣ дар таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси техникиву ронандагони касбӣ, рушди саноати полиграфӣ ва дигар хизматрасониҳои босифати замонавӣ шароити мусоид фароҳам месозад.
Иқдоми мазкур, албатта, қобили дастгирӣ буда, таъсиси чунин коргоҳҳо аз ҷониби дигар соҳибкорони ватанӣ боиси боз ҳам беҳтар шудани сатҳу сифати хизматрасониҳо ба аҳолии кишвар ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мегардад.
Бо чунин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи шуморо бо ифтитоҳи маҷмааи барои сокинони пойтахт воқеан зарурӣ табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи шумо ҷиҳати ободу пешрафта гардонидани кишвари азизамон барору комёбӣ орзу дорам.
Ҳамеша сиҳатманду сарбаланд бошед!
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.09.2014    №: 175    Мутолиа карданд: 1395
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед