logo

маориф

КОМЁБИҲОИ МАКТАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ

Ин боргоҳи маърифат ҳамагӣ чор сол боз фаъолият дошта бошад ҳам, дар тамоми манотиқи Бадахшон шуҳрати зиёдеро касб кардааст. Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ сохта шуда, 16 августи соли 2011 Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон онро расман мавриди истифода қарор дод. Имрӯз дар ин таълимгоҳ қариб 800 нафар, аз ҷумла беш аз 300 духтар таҳсили илм доранд. Мавҷудияти хобгоҳи махсус имкон медиҳад, ки дар ин ҷо 135 нафар хонандагон аз ноҳияҳои гуногуни вилоят ба таҳсил фаро гирифта шаванд.
Мактаби президентии шаҳри Хоруғ дорои бинои замонавӣ буда, бо таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар ихтиёри омӯзгорону толибилмон 35 синфхона, 13 кабинети фаннӣ, 4 устохона, 2 синфхонаи компютерӣ, кабинетҳои лингафонӣ, таълими технологияи иттилоотии ба шабакаи интернет пайваст, озмоишгоҳҳо, толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ барои 300 ҷойи нишаст қарор дорад.
- Ҳамаи ин шароитҳои баланди таълиму тадрис, ки Ҳукумати кишвар муҳайё намудааст, моро водор месозад, ки дар роҳи баланд бардоштани сатҳи донишомӯзӣ ва ахлоқи наврасон бештар талош варзем, - мегӯяд Арамбегим Маҳтобшоева, директори Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ. - Ба ин мақсад мо аз ибтидои фаъолияти муассисаи таълимӣ ба хоста гирифтани кадрҳои педагогӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудем. Зеро дар муассисаҳои таълимӣ таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ як омили муҳими пешрафт маҳсуб меёбад. Ҳамаи 55 нафар омӯзгорони мактаб дар асоси озмун ба кор қабул шудаанд. Ҳамзамон ба такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва тарғиби таҷрибаи пешқадам диққати ҷиддӣ дода шуд. Бо ин мақсад дар мактаб 12 иттиҳодияи методии фаннӣ амал мекунад. Ҳамчунин дар давоми танҳо як соли таҳсил 15 нафар омӯзгорон дар курсҳои такмили ихтисос маҳорати худро сайқал доданд. Кабинети методии мактаб гӯшаи махсуси бо адабиёти таълимӣ - методӣ муҷаҳҳаз дорад, ки муаллимон, махсусан кадрҳои ҷавон аз онҳо васеъ истифода мебаранд. Гузарондани дарсҳои намунавӣ дар мактаб ба ҳукми анъана даромадааст. Ин тадбирҳо имкон доданд, ки имрӯз мактаб бо омӯзгорони баландихтисос, дорои унвони баланди касбӣ пурра таъмин бошад.
 - Истифодаи васеъ аз технологияи муосири таълим, омӯхтану мавриди истифода қарор додани таҷрибаи пешқадами ҳамкасбони ватаниву хо-риҷӣ имкон дод, ки сифати дониши толибилмон рӯз то рӯз беҳтар гардида, маҳорату малакаи донишомӯзии онҳо сайқал ёбад, - гуфт Алидод Абдолбеков, муовини директор оид ба корҳои таълимӣ. - Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки толибилмон оид ба барномаи таълимии қисми зиёди фанҳо дониши устувор доранд. Ширкати фаъолонаи шогирдони мактаб дар олимпиадаҳо низ аз ин шаҳодат медиҳад. Мактаби президентӣ дар ин самт дар байни муассисаҳои таълимии вилоят пешсаф мебошад. Соли ҷорӣ дар олимпиадаи номии вилоятӣ 8 нафар шогирдони мо иштирок намуданд, ки аз онҳо 6 нафар соҳиби ҷойи аввал ва 2 нафари дигар ҷойи дуюм гардиданд. Дар олимпиадаи мактабҳои президентӣ бошад, 2 нафар соҳиби медалҳои тиллоиву биринҷӣ ва 7 нафар сазовори Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм шуданд. Як нафар аз олимпиадаи ҷумҳуриявии фанҳои табииву риёзӣ бо медали биринҷӣ баргашт.  Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ оид ба фанҳои умумӣ 3 нафар толибилмони мактабамон соҳиби медали биринҷӣ гардиданд. Дар олимпиадаи байналмилалии математикони ҷавон хонандагони синфи 11 Р. Мардонова ва Н. Абдуллоева медалҳои нуқра ва биринҷӣ гирифтанд. Ҳамин тариқ, дар олимпиадаҳои сатҳҳои гуногуни фаннии се соли таҳсили охир дар пойтахти мамлакат, Туркия, Русия ва ғайра толибилмони мактаб соҳиби 17 медал, аз ҷумла 6 медали тилло гардиданд. Аз рӯи натиҷаи кори конфронси илмии ҷумҳуриявии Академияи хурди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 нафар хонандагони мактаби президентӣ Аъзо - корреспонденти академия гардида, бо медали хотиравӣ қадр шуданд.
 Иштироки толибилмони мактаб дар сабқатҳои варзишӣ низ ҳар сол беҳтар мегардад. Танҳо дар соли таҳсили 2013 -2014 варзишгарони мо аз мусобиқаҳои сатҳҳои гуногун 12 медал, аз ҷумла як медали нуқра ба даст оварданд.
 - Масъалаи дигаре, ки имрӯз мавриди таваҷҷуҳи маъмурияти мактаб қарор гирифтааст, ин ободонии бинои он ва гирду атроф, ҷиҳозонидани кабинетҳои таълимӣ мебошад.- илова кард А. Маҳтобшоева.- Ба ин мақсад дар маъракаи омодагӣ ба соли таҳсили равон аз буҷети мактаб ва ёрии волидон 13 ҳазор сомонӣ сарф гардида, 11 ҳазор сомонии ҷудонамудаи мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр низ ба ин самт равона шуданд.
Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғ як гӯшаи зебоманзари шаҳр ба ҳисоб меравад. Ҳавлии мактаб сол то сол ба боғи дилнишине бештар шабоҳат пайдо мекунад. Танҳо дар мавсими имсолаи сабзкориву ниҳолшинонӣ дар гирду атрофи мактаб 250 бех ниҳоли арча, 300 бех дарахтони мевадиҳанда ва 300 бех гули садбаргу 2000 бех гулҳои гуногуни ороишӣ шинонда шуда, парвариш ёфта истодаанд.
Имрӯзҳо дар назди мактаб бинои нави манзили истиқоматӣ барои 20 омӯзгор қомат афрохта истодааст. Омӯзгорон умед бар он доранд, ки зимни сафари имсолаи Президенти кишвар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ниёзмандон калиди хонаро аз дасти сарвари муаззами худ хоҳанд гирифт.

 Раҳмони ГУЛЗОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.09.2014    №: 177    Мутолиа карданд: 1892
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед