мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО САРТОҶ АЗИЗ
11 сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мушовири сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Сартоҷ Азизро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрпаҳлуи Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ ва амнияти минтақавӣ баррасӣ ёфтанд.
Роҳҳои таҳкими ҳамгироии иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, мусоидат ба татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд. Таъкид гардид, ки ба ҳам пайвастани шабакаҳои нақлиётию барқии Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла тавассути хати барқии CASA-1000 ба манфиати ҳар ду кишвар ва ҳам Афғонистон аст.
Ҷонибҳо ба таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар Тоҷикистон ва мусоидат ба густариши робитаҳои миёни сохторҳои хусусии ду кишвар ҳавасмандии худро таъкид доштанд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои ҳамоиши навбатии Созмони ҳамкории Шанхай дар сатҳи олӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.09.2014 №: 178 Мутолиа карданд: 1205