logo

мулоқотҳо

ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ МУҒУЛИСТОН ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Муғулистон Сахиагийн Элбегдорж, ки ба ҳайси роҳбари яке аз давлатҳои нозир дар Созмони ҳамкории Шанхай барои иштирок дар ҳамоиши сатҳи олии ин созмон ба Душанбе ташриф овардааст, вохӯрд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Муғулистон баррасӣ шуданд.
Ҳар ду ҷониб аз ҳамгироии сиёсии ду кишвар дар масоили сиёсати минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай, изҳори қаноат карда, ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии онҳо ба имкону захираҳои фаровони мавҷуда ҷавоб гуфта наметавонад.
Аз ин хотир, ба ташкил ва густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ, бахусус чорводорӣ ва коркарди саноатии маҳсулоти он, ба мисли гӯшту шир ва пӯсту пашм, изҳори ҳавасмандӣ шуд. Ҷониби Муғулистон ҳамчунин ба меваю сабзавоти Тоҷикистон мароқи зиёд зоҳир намуд.
Дар робита ба ҳамкории илмию фарҳангӣ таъкид гардид, ки олимону таърихнигорони ду кишвар бояд имкони дастрасӣ ва кор дар бойгониҳои ҳамдигарро дошта бошанд, зеро дар онҳо маъхазҳои ҳанӯз наомӯхташудаи таърихи асрҳои миёна хеле зиёданд.
Гуфтугӯйи судманд дар атрофи дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб низ сурат гирифт.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.09.2014    №: 178    Мутолиа карданд: 1261
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед