ҳукумат
МАШВАРАТИ КОРӢ
Субҳи 15 сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазир ва муовинони ӯ, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ ва масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуд, ки дар он масоили омодагӣ ба зимистон ва вусъат додани корҳои кишоварзӣ баррасӣ гаштанд.
Дар назди масъулон доир ба омода кардани тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, захираи маводи ғизоию сӯзишворӣ, омодасозии шабакаҳои барқӣ, нақлиётӣ ва дигар зербинои коммуникатсионӣ ва ҳамчунин оид ба ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, тайёрӣ ба кишти тирамоҳию барвақтӣ, афзун намудани шумораи гармхонаҳои сабзавоткорӣ ва анҷом додани дигар корҳои таъхирнопазир вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.
Таъкид гардид, ки корҳои омодагӣ ба зимистон бояд ҷиддӣ, сари вақт ва босифат анҷом дода шаванд.
Ҳамчунин масъулин супориш гирифтанд, ки майдони кишти картошка, пиёз ва дигар сабзавоти барвақтӣ бояд афзун карда шавад, зеро талабот ба ин маҳсулот дар бозори дохил ва хориҷи кишвар хеле афзудааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.09.2014 №: 180 Мутолиа карданд: 6724