мулоқотҳо
ДАЪВАТРО ПАЗИРУФТ
12 сентябр, нимаи дуюми рӯз, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев мулоқот намуд.
Зимни суҳбат масоили вобаста ба муносиботи ҳамсоягӣ ва рушди ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуданд.
Сарони ҳар ду давлат ҳавасмандии худро ба ҳаллу фасли ҳарчи зудтари масоили баҳсноки марзӣ дар минтақаи шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон ва пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои иғвогарона таъкид доштанд.
Изҳори бовар шуд, ки дӯстию бародарии анъанавии мардумони тоҷику қирғиз ҳифз гардида, минбаъд низ ба нафъи ҳар ду давлати ҳамсояи дорои манфиатҳои муштарак ва шароити ба ҳам наздик хизмат хоҳад кард.
Ҳавасмандии ду ҷониб ҳамчунин ба рушди ҳамгироии минтақавӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, саноати кӯҳӣ ва дигар бахшҳо, ки барои ҳар ду кишвар аҳамияти стратегӣ доранд, таъйид гардид.
Дар мулоқот доир ба мавзӯъҳои муносиботи мин-тақавию ҷаҳонӣ гуфтугӯ сурат гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон аз Алмазбек Атамбоев даъват намуд, ки дар вақти барояш мувофиқ ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Даъват пазируфта шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.09.2014 №: 180 Мутолиа карданд: 1368