logo

илм

ҶОЙГОҲИ «МАХОРИҶ-УЛ-ҲУРУФ»-И ИБНИ СИНО ДАР ЗАБОНШИНОСИИ АРАБ ВА ТОҶИК

Саидраҳмон СУЛАЙМОНОВ,
Профессори кафедраи филологияи араби
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Соли равон ҷомеи фарҳангии ҷаҳон 1034-солагии яке аз саромадони андешаи миллии тоҷикону эрониён ва яке аз мутафаккирони шинохтаи ҷаҳон Абуалӣ ибни Синоро, ки кохи пуршукӯҳи фарҳанги гузаштаи халқи тоҷик дар даврони Сомониён – рӯзгори хезиши фарҳангии тоҷикон ва эрониён – бар он устувор буд, ҷашн мегирад. Дар  замоне, ки ҷомеаи башарӣ ба сӯйи «ҷаҳонишавӣ» шитоб дошта,на танҳо «азхудкунии» сарзаминҳо як кори маъмулӣ, балки чунин муносибат нисбат ба фарҳангҳо низ  ба як амри воқеъ мубаддал шудааст, такя ба фарҳанги миллӣ ва тақвияти он барои муқовимат ва истодагарӣ дар роҳи бақои миллат ва ҳувияти миллии он аҳамияти хосса дорад.

Яке аз чеҳраҳои тобноки андеша ва фарҳанги миллии тоҷикону эрониён, ки ба шарофати осори гаронбаҳои илмӣ, фалсафӣ, табиӣ, тиббӣ, равоншиносӣ, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва ғайра ҷаҳони мутамаддин ӯро эътироф кардааст, Шайхурраис Абуалӣ Ҳусейн ибни Абдулло ибни Сино (980-1037) мебошад. Мавқеъ ва ҷойгоҳи ӯ барои тоҷикону эрониён аз он ҷиҳат муҳим аст,ки ном ва осори фалсафӣ ва тиббии  ӯ ҳанӯз аз асрҳои XII ба шарофати тарҷумаи ду асари доиратулмаорифии  фалсафӣ ва тиббии ӯ «Китоб-уш-шифо» ва «ал-Қонун фи-т-тиб»дар Аврупо оғоз ёфта,доманаи он дар асрҳои зиёд идома ва имрӯз густариш дорад.
Хулоса, Ибни Сино аз зумраи он  нобиғаҳои хушбахти таърихи башарият аст, ки ҳосили зиндагии нисбатан кӯтоҳ,вале пурбору пурбаракати ӯ мероси гаронбаҳои илмӣ ва фалсафӣ, тарбияи шогирдони донишманд чун Абуубайди Ҷузҷонӣ, Баҳманёр ибни Марзбон, Абдуллои Маъсумӣ, Абулҳасан Нисоӣ, Ибни Зайла ва ғайра будааст, ки ҳар яки онҳо афкору андешаҳои устоди худро дар олами илму фалсафа ташвиқ ва густариш додаанд. Ба фазилати худи Шайхурраис, шогирдон ва ҳатто мухолифони хеш шуҳрат ва овозаи ӯ аз ҳавзаҳои илмии Бухоро, Эрон ва кишварҳои исломӣ ба марказҳои илмӣ ва фалсафии Аврупо берун рафта, ӯро дар қатори нобиғаҳои ҷаҳонӣ қарор додааст. Шуҳрат ва манзалати ӯ дар Аврупо чунон пойбарҷо ва саҳми ӯ дар пешрафти илмҳои асримиёнагии Шарқу Ғарб ба дараҷае эътироф ва мақбул афтода буд, ки яке аз бузургтарин намояндагони даврони Эҳёи аврупоӣ Микеланҷело гуфта буд: «Беҳтар он аст, ки ғалат карда,Ҷолинюс ва Ибни Синоро тарафдорӣ намоям, на рост гуфта дигаронро».
Ё дар ҷойи дигар гуфтаанд: «Пизишкӣ маъдум буд, Буқрот онро аз адам ба вуҷуд овард ва сипас мурда буд,Ҷолинюс онро зинда кард ва баъд аз он кӯр шуд ва Ҳунайн ибни Исҳоқ онро бино кард ва Муҳаммад  Ибни Закариё онро ҷамъоварӣ намуд». Аллома Қутбиддини Шерозӣ гуфтааст, ки бояд гуфта шавад: «Пизишкӣ ноқис буд ва Ибни Сино онро комил сохт» (Муқаддимаи шарҳи урҷузаи Ибни Сино, с. 7).
Илми савтиёт ё худ овошиносӣ яке аз қадимтарин ва муҳимтарин бахшҳои забоншиносии муосир ба эътибор меравад. Қадим аз он ҷиҳат аст, ки забон маҷмӯи овозҳое мебошад, ки аз онҳо калимаҳо пайдо гардида, дар таркиби ҷумла маъниҳои мухталифро ифода менамоянд. Ба ибораи Ибни Ҷиннӣ «[забон] овозҳое мебошад, ки ба воситаи онҳо ҳар қавме аҳдофи хешро баён мекунад». Овозро дар ҷойи дигар ал-Ҷоҳиз чунин муайян сохтааст: «Овоз дар баёни лафз чун олат ва он ҷавҳаре мебошад, ки ба воситаи он ҳиҷо ва тавассути ҳиҷо асари [мушаххас] эҷод мегардад. Ҳаракатҳои забон дар сурати лафз, каломи мавзуну мансур танҳо бо зоҳиршавии овоз падид меоянд. Ҳарфҳо низ танҳо баъди тақсимшавӣ ба ҳиҷо ва таълиф калом шуда метавонанд».
Бо назардошти ҳамин аҳамияти овоз чун зоҳиркунанда ва расонандаи калом ба шунаванда масоили марбут ба овошиносӣ аз қадимулайём диққати донишмандони соҳаҳои гуногун чун мантиқ, фалсафа, тиб, табиатшиносӣ ва забоншиносиро ба худ ҷалб сохта, афкору андешаҳои мушаххас дар ин ҷода баён сохтаанд. Чуноне ки мебинем, ин анъана ҳанӯз дар фалсафаи Юнони бостон ва ба сурати мушаххас аз Арасту оғоз мегардад.
Ин масъала дар забоншиносии қадими Ҳинд ва ба сурати хоса дар рисолаи грамматикии Панини мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.
Овошиносӣ аз аввалин масоиле буд, ки забоншиносони асримиёнагии араб низ таҳқиқоти худро аз он оғоз намуда буданд. Халил ибни Аҳмад (ваф. 776 м.) дар «Китоб-ул-айн», Сибавейҳ (ваф. 796 м.) дар «ал-Китоб» ва Ибни Ҷиннӣ (ваф. 1002 м.) дар «Сир(р) синоат ал-иъроб» савтиёти забони арабиро аз нуқтаи назари забоншиносии араб мавриди таҳқиқ қарор дода, афкору андешаҳои арзишманд иброз доштаанд.
Чуноне ишора гардид, дар таърихи забоншиносии араб ба масоили овошиносӣ на танҳо забоншиносон, балки файласуфон А. Форобӣ, Ибни Сино ва дигарон низ машғул гардида, осори мушаххас боқӣ гузоштаанд. Дар миёни чунин осори баҷоймонда рисолаи Ибни Сино бо номи «Махориҷ-ул-ҳуруф ав асбоб ҳудус ал-ҳуруф» («Баромадгоҳи ҳарфҳо ё сабабҳои падид омадани ҳарфҳо») мебошад, ки ба илми овошиносӣ (фонетика) бахшида шудааст.
Маврид ба ёдоварист, ки дидгоҳи Ибни Сино нисбат ба забоншиносии араб ва форсу тоҷик дар таҳқиқоти ховаршиносон ва муҳаққиқон аз қабили Қ. Ғанӣ (1937), В.А. Гуашон (1938, 1939, 1959), М. ал-Хатиб (1332ш./1954), М. Муин (1957), Ж. Лазар (1963), В.Г. Ахвледиани (1966), С. Афнон (1973), П. Мураввиҷ (1973), В.А. Лившитс, Л.П. Смирнова (1981), М. Ҳассон ат-Тайён (1982), А.М. Байзоев (1990) С. Сулаймонов (1997), Маҳмуд Халил (2009), Риҳоб Камол ал-Ҳилв (2009) ва дигарон бо аҳдофи мухталиф мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор гирифтааст. Вале ҳанӯз ҳам афкори забоншиносии ӯ дар осори ба забони арабӣ ва забони форсӣ (тоҷикӣ) таълифнамудааш мавриди таҳқиқи ҷомеи забоншиносӣ қарор нагирифтааст. Дар ҳоле ки ҳалли ин масъала барои арабшиносӣ ва эроншиносӣ дар Тоҷикистон баъди истиқлолияти сиёсӣ ва фарҳангӣ аҳамияти хоса дорад. Инҷониб аз баррасии корҳое, ки ба дидгоҳи забоншиносии Ибни Сино бахшида шудаанд, худдорӣ мекунам, зеро ин мавзӯи кори мустақилонаи забоншиносӣ буда, аз ҳадафи мақолаи мо берун аст.
Рисолаи «Махориҷ-ул-ҳуруф»-и Шайхурраис дар арабшиносии Ғарб ва рус дар корҳои арабшиносон Я. Бакош, К. Воллерс, Т. Нёлдеги, Н. Бравман, Я. Вайс, А. Шааде, Н. Флейш ва В.А. Звегинсев ҳангоми баёни масоили мухталифи забоншиносии араб зикр гардидааст. Ин рисоларо бори аввал Муҳиббуддин ал-Хатиб дар Миср, пасон П.Н. Хонларӣ соли 1955 дар Теҳрон, Ф.Ҳ. Тарзӣ дар соли 1962 дар Бейрут ба чоп расондаанд. Тарҷума ва таҳқиқи он ба забони русӣ дар такя ба чопи П.Н. Хонларӣ бо номи «Фонетический трактат Авиценны (Абу Али ибн Сина)» дар соли 1966 ба қалами арабшиноси гурҷӣ В.Г. Ахвледиани тааллуқ дорад.
Чопҳои охирини рисолаи «Махориҷ-ул-ҳуруф» ба қалами М. Ҳассон ат-Тайён мансуб буда, ду ривояти ин рисоларо бо эътимод ба нусхаҳои зиёди он дар Теҳрон ва дар китобхонаҳои «Мактабат ал-ҷомиъа», «Мактабат Фотиҳ», «Аясофия», «Ҳамидия», «Нур Усмония»-и Истанбул ба чоп омода карда, дар муқаддимаи муфассал ҷойгоҳи Ибни Синоро дар забоншиносии араб мавриди баррасӣ қарор додааст.
Дар забоншиноси тоҷик Т. Хаскашев  мақолае роҷеъ ба дидгоҳи забоншиносии Ибни Сино дар «Махориҷ-ул-ҳуруф» навиштааст, ки ба истилоҳ «фонетикаи тавлидӣ»-ро дар бар мегирад. Ҳамчунин дар солҳои охир дар кишварҳои араб як зумра муҳаққиқон доир ба ин рисола аз дидгоҳи нав ва тибқи қонунҳои фонетикаи муосир таҳқиқот анҷом додаанд.
Бо вуҷуди ин ки ин рисолаи Ибни Сино дар Шарқу Ғарб таҳқиқ ва баррасӣ шуда, ба забонҳои мухталиф тарҷума гардидааст, вале дар арабшиносӣ ва забоншиносии тоҷик ҷойгоҳу мартабаи он ҳанӯз муайян нагардида, ба забони тоҷикӣ низ тарҷума нашудааст. Аз ин рӯ, мо қарор додем, онро ба сурати муҷаз  дар ин ҷо ба хонанда ва муҳаққиқи тоҷик шинос намуда, сипас тарҷума ва таҳқиқи онро ба забони тоҷикӣ дар шакли китоби алоҳида ба чоп расонем.
Рисолаи «Махориҷ-ул-ҳуруф» аз шаш фасл иборат аст:
Бахши аввал: Дар сабаби падид омадани овоз.
Бахши дуввум: Дар сабаби падид омадани ҳарфҳо.
Бахши саввум: Дар ташреҳи ҳанҷара (гулу) ва забон.
Бахши чаҳорум: Дар сабабҳои ҷузъии як-як ҳарфҳои арабӣ.
Бахши панҷум: Андар ҳарфҳое, ки ба ин ҳарфҳо монанд мебошанд.
Бахши шашум: Дар ин ки ин ҳарфҳо ҷуз аз ҳаракатҳои гуфторӣ низ шунида мешаванд.
Дар муқаддимаи рисола Шайхурраис ҳадафи асари худро ин тарз баён кардааст: «Сипос танҳо мар Худовандрост, ки ба [сабаби] бузургии зот, фарохии раҳмат ва баракати эҳсон ҳамду ситоиш дархӯри Ӯ мебошад. Дуруд ба паёмбар Муҳаммад (с) ва дудмони ӯ.
Ва баъд… На ҳар кас, ки ҳадия мепазирад, ба он ниёзманду на ҳар ки хостори армуғоне ҳаст, аз он бенасиб мебошад. Баръакс чи басо тавонгар аз туҳфа кардани армуғон бузургдошти бенавою [шахси] бузург шод кардани зердастро хоҳон аст. Шайхи бузургвор устод Абумансур Муҳаммад ибни Алӣ ибни Умар ал-Ҷаббон – Худованд фазилаташро абадӣ гардонад, – шахсест ҳар чи аз накуиҳо бихоҳӣ, дар ӯ пайдо намоӣ ва ӯро сифотест писандида ва дар зиммаи ман аз ӯ некиҳоест ошкоро, на аз рӯйи ниёз, балки аз рӯйи дилҷӯӣ аз ман дархост кард, то баъди баррасӣ ва пажӯҳиши жарф дар як рисолаи муҷаз роҷеъ ба сабаби пайдоиши овозҳои [нутқ] ба номи ӯ [асаре] нависам. Ман хоҳиши ӯро бо фармонбардорӣ пазируфтам ва аз Худои Мутаол дархост намудам, ки маро дар роҳи рост роҳнамоӣ карда, пайрави ҳақиқат бошам, зеро [танҳо] Худованд бахшандаи меҳрубон аст».
Аз мазмуни муқаддимаи рисола ду нуқта равшан мегардад: 1) Ибни Сино одат доштааст,  ки осори хурдҳаҷми худро бо дархости шахсони алоҳида ва дӯстон нависад; 2) ӯ рисолаи худро ба забоншинос Абумансур Муҳаммад ибни Алӣ ибни Умар ал-Ҷаббон бахшида, аз ӯ сипосгузорӣ кардааст. Як масъалаи муҳиме, ки ба зикри номи ал-Ҷаббон ё дар ҷойҳои дигар ал-Ҷабоӣ марбут мебошад, ин аст, ки Ибни Сино дар маҷлиси амир Алоуддавла ширкат дошт. Дар ин маҳфил забоншинос ал-Ҷаббон низ ҳузур дошт ва сухан дар бораи забон рафт ва Ибни Сино дар он даврон вазир буд, чизе гуфт, вале ал-Ҷаббон дар ҷавоб ба ӯ гуфта буд: «Шумо мантиқӣ ҳастед ва мо ба ин зид нестем, вале сухани Шуморо роҷеъ ба забони арабӣ қабул надорем». Ибни Сино аз ин гуфтори Ал-Ҷаббон аз хиҷолат сукут ихтиёр кард. Вале бо гузашти чанд муддат ва машғулият ба наҳви забони арабӣ китобе навишт ва аз Алоуддавла хоҳиш намуд, ки онро ба ал-Ҷаббон нишон бидиҳад ва андешаи ӯро роҷеъ ба масоили душвори он бифаҳмад. Ал-Ҷаббон вақте китобро варақ зад, дар бархе аз масоили он дармонд ва Ибни Сино ба суҳбат ҳамроҳ шуд ва ҷойҳои номафҳуми китобро ба ал-Ҷаббон, ки дар фаҳми онҳо дармонда буд, шарҳу баён кард ва ӯро низ хиҷил сохт. Ин ҳолат як «қассоси илмӣ»-и Ибни Сино дар ҷавоб ба андешаи ал-Ҷаббон, ки «ту мантиқшинос ҳастӣ ва забонро намедонӣ» мебошад. Воқеан, аз ин гуфтори Ибни Сино дар муқаддимаи рисола нисбат ба Абумансур ал-Ҷаббон чун хулоса берун меояд, ки ӯ ин рисоларо баъди вохӯрӣ бо Абумансур ал-Ҷаббон навишта, баъдҳо ба ӯ чун устоди соҳаи забон арҷгузорӣ ва ин рисоларо бо хоҳиш ва хотири ӯ навиштааст. Албатта, аз ин муносибати Ибни Сино ба Абумансур ал-Ҷаббон чунин хулоса берун кардан мумкин аст, ки эътирофи хато ва ислоҳи он аз шеваи кору кирдори соҳибназарону донишмандон ва бузургвории онҳост.
Ибни Сино муқаддимаи худро бо ишораи шаш фасли рисола ба охир расонда мегӯяд: Ин номаро ба шаш бахш тақсим кардем:
1. Бахши аввали рисола падидаи пайдошавии овоз (савт)-ро дар бар гирифта, сабабҳои пайдошавии овоз ва идроки онро аз ҷониби узвҳои шунавоӣ шарҳу баён кардааст.
2. Дар бахши дуюми рисола роҷеъ ба назарияи падид омадани овозҳои нутқ (ҳарф) сухан меравад. Дар ин ҷо сабабҳо ва роҳҳои падид омадани овозҳои нутқ ишора гардида, ба сурати умум узвҳои нутқ тавсиф ва баён ёфта, фонемаҳо аз рӯйи аломатҳои яклаҳзагӣ ва давомдор будан шарҳ ёфтаанд.
3. Бахши сеюми рисола ба шарҳу баёни муфассали анатомӣ ва физиологии узвҳои нутқ (ҳалқум, ком, холигии даҳон, забон ва холигии бинӣ) бахшида шудаанд.
4. Дар бахши чаҳоруми рисола Ибни Сино хосиятҳои физиологӣ ва савтӣ (акустикӣ)-и нутқро шарҳу баён намуда, фонемаҳои забони арабиро мавриди таҳқиқ қарор додааст.
5. Дар бахши панҷум роҷеъ ба овозҳое, ки дар забони арабӣ вуҷуд надошта, дар забонҳои дигар (форсӣ, хоразмӣ ва туркӣ) мавҷуд мебошанд, таваққуф менамояд.
6. Дар бахши шашум ва охирини рисола доир ба сабабҳои ғайри забонӣ, яъне физикӣ сухан меравад.
Азбаски рисолаи «Махориҷ-ул-ҳуруф» таҳқиқи густурдаро тақозо дорад, мо танҳо масоилеро, ки Ибни Сино дар рисолаи худ ҳаллу фасл кардааст, ба сурати мухтасар ишорат менамоем:
1. Ӯ дар бахши нахусти рисола роҷеъ ба пайдоиши овоз таваққуф карда, дар ин ақида аст, ки сабабгори асосии пайдошавии овоз ҳодисаи «кандан» ва «кӯфтан» мебошад, зеро дар натиҷаи кандан ва кӯфтану задани чизи сахт мавҷзании тез ва сахти ҳаво ба амал меояд, ки сабабгори пайдоиши овоз мешавад.
2. Ибни Сино дар бахши дигари рисола доир ба сабаби пайдоиши ҳарфҳо таваққуф намуда, ишора менамояд, ки чизи мавҷзананда дар асари пайвастшавӣ ва ҷудошавӣ бо ҷузъҳои худ овозҳои пасту баландро ба вуҷуд меорад. Ибни Сино дар мавриди падид омадани овоз ва ҳарф ду истилоҳи ба ҳам муқобил «махориҷ» (баромадҳо) ва «маҳобис» (монеаҳо)-ро истифода кардааст. Бо назардошти таркиби ҳарфҳо Ибни Сино онҳоро бо ҳарфҳои муфрад ва мураккаб ҷудо карда, ҳар яки онҳоро шарҳу тавзеҳ медиҳад.
3. Масъалаи муҳиме, ки дар бахши сеюми рисола Ибни Сино ба он таваҷҷуҳ намудааст, ташреҳ (анатомия)-и гулу ва забон мебошад. Дар ин ҷо Ибни Сино онҳоро аз назари илми тиб мавриди таҳқиқ қарор дода, гулуро бо се тағояк: тағояки сипаршакл, косамонанд ва беном ҷудо карда, алоқаҳои онҳоро бо якдигар ба воситаи пайвандҳо ва мушакҳои тангшаванда ва васеъшаванда муайян кардааст. Ӯ дар ин ақида аст, ки мушакҳо бо навъҳои муайяни устухонҳо робита доранд, мисли устухоне, ки ба ҳарфи «лом» монанд мебошад. Дар ҳамин бахш Ибни Сино моҳияти забон, ҳашт мушак ва иртиботи онҳоро бо якдигар дар падид овардани овоз мушаххас сохтааст.
4. Аз масъалаҳои муҳиме, ки Ибни Сино дар рисолаи «Махориҷ-ул-ҳуруф» диққат додааст, ин аст, ки ҳар як ҳарфи забони арабиро алоҳида ва аз назари ҷойи баромад, сабаби пайдоиш, иштироки мушакҳо дар тела додан ва монеъ шудан ҳангоми падид омадани овозҳо, тарзи монеъшавӣ, марказе, ки ҳавои теладодашуда ба воситаи рутубат ва хушкӣ ҳаракат менамояд, маълумот додааст. Ба қавли муҳаққиқи рисолаи «Махориҷ-ул-ҳуруф» Ҳассон ат-Тайён муҳимтарин мӯшикофие, ки Ибни Сино дар ин фасл нишон додааст, ин аст, ки байни садоноки кӯтоҳи «у» ва «и» ва садонокҳои дарози «ӯ» ва «ӣ» фарқ гузошта кӯшиш кардааст, ки замони ҳосилшавии ҳар яки онҳоро муайян созад.
5. Аз масоили муҳими дигаре, ки Ибни Сино дар бахши панҷуми рисола диққат додааст, муайян кардани овозҳое мебошад, ки дар арабӣ вуҷуд надошта, дар забонҳои дигар чун форсӣ, хоразмӣ ва туркӣ вуҷуд доранд. Аз ҷумла, ӯ чаҳор овози забони форсӣ: «пе», «че», «же» ва «ге»-ро ишорат мекунад, ки хоси забони арабӣ нестанд ва инро дар мисоли зерин дидан метавон: «Ва ҳарфи дигаре, ки ба «ҷим» монанд аст дар гуфтори эрониён дар калимаи «чоҳ» шунида мешавад. Ва нисбати ин «ҷим» ба «ҷим»-и арабӣ монанди нисбати «коф»-и арабӣ ба «коф»-и ғайри арабӣ аст».
6. Масъалаи дигаре, ки Ибни Сино дар рисолаи «Махориҷ-ул-ҳуруф» даст задааст ва ба забони тоҷикӣ робитаи хоса дорад, ҳарфест, ки байни «фе» ва «бе» мебошад ва онро дар лаҳҷаҳои ҷануби Тоҷикистон истифода мебаранд. Худи Ибни Сино ин овозро ин тарз шарҳ додааст: «Дигар ин [ҳарфи] «фе»-е мебошад, ки қариб [ҳарфи] «бе» аст ва дар забони форсҳо дар гуфтори «фузунӣ» воқеъ мешавад. Ин ҳарф аз ҳарфи «бе» бо ин фарқ мекунад, ки дар вай ҳабс (монеъшавӣ)-и пурра вуҷуд надорад. Вай аз ҳарфи «фе» бо ин тафовут дорад, ки тангии баромадгоҳи овоз дар лаб бештар ва фишори ҳаво сахттар аст, то ҷое, ки дар сатҳи [нарми] даруни лаб қариб, ки ларзае падид меояд». Бо назардошти ин ки худи Ибни Сино ин ҳарфро байни ҳарфҳои «фе» ва «бе» медонад, чунин хулоса метавон кард, ки он ҳамон овозе аст, ки дар лаҳҷаҳои ҷануби Тоҷикистон боқӣ мондааст.
Хулоса, рисолаи «Махориҷ-ул-ҳуруф» аз зумраи асарҳои муҳими Шайхурраис роҷеъ ба фонетикаи умумӣ буда, масъалаҳои мавриди баҳси он то ҳол аҳамияти илмии худро гум накарда, онро метавон аз осори муҳими марбут ба савтиёти забони арабӣ, форсӣ ва дигар забонҳо ба эътибор гирифт. Тарҷума ва шарҳу тафсири ҷомеи забоншиносии он дар забоншиносӣ ва арабшиносии тоҷик аз воҷиботи муҳими ин ду соҳаи илм дар Тоҷикистон аст.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.2014    №: 181    Мутолиа карданд: 11066
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед