logo

туризм

САРИХОСОР - МИНТАҚАИ ОЗОДИ ТУРИСТӢ

Одамон мавзеи Сарихосорро ба як гӯшаи биҳишти рӯйи замин ташбеҳ медиҳанд. Сарихосор ҳамчун ҷузъи минтақаи Кӯлоб яке аз марзҳои тамаддунии халқи точик буда, чандин аср боз арзишҳои мардуми ин ҷо мавриди баҳси олимону коршиносони соҳаҳои гуногуни илм қарор доранд. Мардуми маҳаллӣ чанде пеш дар деҳаи Шаҳидон қабристонеро ёфтанд, ки мувофиқи хулосаи пешакии бостоншиносон дар он ҷанговарони давраи Ҳайтолиён гӯронда шуда, ба асрҳои 2-5 мансуб мебошад. Дарвоқеъ, яку якбора дар заминаи ин ҳафриёт ба таври умум ташреҳ додани таърихи ин мавзеъ хеле мушкил аст, зеро то ҳол таърихи ин диёр дар муқоиса ба дигар мавзеъҳои минтақа мавриди омӯзиши олимони соҳа қарор нагирифтааст. Бинобар ин, гарчанде ҳамагон оид ба ин диёр бо ифтихор ҳарф зананд ҳам, нисбат ба табиату таърихи он то ҳол ягон муҳаққиқ аз нигоҳи зоогеографӣ, биогеографӣ, геоботаникӣ ва географияи наботот пажӯҳишҳои мушаххас набурдааст. Вале симои ландшафти ҳозираи ин марз баёнгари он аст, ки ин мулк таърихи куҳан дошта, он давраҳои гуногуни геологиро аз сар гузаронидааст. Возеҳтар гӯем, ҷинсҳои кӯҳие, ки ин марзро фаро гирифтаанд, таркиби басе мураккаб дошта, аз қадима будани он башорат медиҳанд. Агар бостоншиносон таърихи ин мулкро амиқ таҳқиқ намоянд, аз ҷинсҳои кӯҳӣ дида нишонаҳои қадимтареро дарёфт намудан мушкил нест. Ин ҷо фақат гуфта метавонем, ки мавҷудияти ёдгориҳои табиию таърихӣ сад дар сад кафолати қадима будани ин марзро нишон медиҳанд. Азбаски нисбати таърихи ин диёр дар адабиётҳои илмию оммавӣ далели мушаххас вонамехӯрад, аз ин рӯ, моро дар чунин ҳолат зарур аст, ки нисбати ин мулк андешаҳои шифоҳӣ ва аснодҳои заруриро ҷамъоварӣ намуда, ба таври муфассал дар муқоиса бо далелҳои гуногун ба омӯзиши он машғул шавем. Зеро омӯзиши он барои корҳои минбаъдаи таҳқиқотӣ пайраҳае кушода, дар ин самт метавонад ҳамчун замина хизмат намояд. Вобаста ба ин, агар ба арзишҳои илмӣ руҷӯъ намоем, маълум мегардад, ки табиати Тоҷикистон дорои захираҳои бойи генетикӣ буда, он ҳамчун маркази пайдоиши як қатор зироатҳои ғалладонагӣ ба шумор меравад. Миёни мардуми Сарихосор оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, бахусус боғдорию зироаткорӣ масалу андешаҳои ҷолиб хеле зиёд ба чашм мерасад. Ва ин шакли далелу андешаҳо нақши боризи ин мардумро дар ҳаёти иқтисодию фарҳангии халқи тоҷик нишон медиҳад. Бино бар ин, моро зарур аст, ки ҳар як бозёфти таъриху табиат ва андешаҳо доир ба ин диёрро ҷузъан мунсифона таҳлилу таҳқиқ намуда, сипас хулосаҳои амиқи илмию амалӣ барорем. Зеро насли имрӯза нисбат ба табиату таърихи ин мулк, мутаассифона, маълумоти хеле кам дорад. Мақсад ҷустуҷӯи роҳҳои нави расидан ба «иқтисодиёти сабз»-и ин мавзеъ мебошад. Солҳои 80-уми асри гузашта дар асоси арзишҳои илми муосир барномаи тараққиёти комплексии мақсадноки рушди боғу токпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида буд. Ҳафт сол муқаддам, дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ низ бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ барномаи мақсадноки давлатӣ оид ба рушди боғу токпарварӣ барои солҳои 2005 – 2010 қабул шуд. Гарчанде шароитҳои иқлимии мавзеи Сарихосор барои тараққӣ додани боғу токпарварӣ хеле мусоид бошанд ҳам, дар шакли қиёсӣ ин барномаҳо вобаста ба ин маҳал мавриди арзёбии мутасаддиёни соҳа қарор нагирифтааст. Далел ин аст, ки то ҳол аз тарафи масъулони соҳа фонди генетикии боғҳои ин диёр ба як низоми муайян дароварда нашудааст. Ҳатто дар алоқа ба густариши муносибатҳои бозорӣ баҳри беҳтар намудани таркиби навъи ниҳолҳои боғҳои ин мавзеъ чорабиниҳои биотехникӣ амалӣ гардонда нашудаанд. Аз ин лиҳоз, бо боварии том гуфта метавонем, ки дар шароити гузариш ба муносибатҳои бозорӣ то ҳол қимати боғпарварии ин мавзеъ аз лиҳози иқтисодӣ натиҷагирӣ карда нашудааст. Ҳол он ки дар ин мулк шаклҳои мухталифи пайвандии чормағзу тут ва дигар навъҳои дарахтоне вомехӯранд, ки дар дигар минтақаҳои кишварамон дучор намегарданд. Ин далел баёнгари он аст, ки миёни ин мардум селексияи маҳаллӣ таърихи куҳан дошта, ин диёр яке аз мавзеъҳои қадимаи кишоварзии кишварамон мебошад. Аз ин рӯ, мутасаддиёни соҳаро дар заминаи ин барномаҳо зарур буд, ки модели нави инкишофи иқтисодии мавзеъро дар алоқа ба шароитҳои иқлимӣ ва дастовардҳои селексияи маҳаллӣ бо асосноксозии илмӣ таҳия менамуданд. Хушбахтона, Сарвари давлатамон дар заминаи Паёми имсолааш ба Маҷлиси намояндагон масъулони сохторҳои гуногуни Ҳукуматро вазифадор намуд, ки зимни азхудкунии захираҳои табиӣ, ба ҷиҳати тадриҷан аз мамлакати аграрӣ – саноатӣ ба мамлакати индустриявӣ – аграрӣ табдил додани кишварамон барномаҳои дахлдорро роҳандозӣ намоянд. Ҳамчунин пешниҳод намуд, ки солҳои 2014 - 2020 давраи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди саноат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ эълон карда шавад. Бе ҳеҷ як шакку шубҳа, ин андешаи Сарвари давлат дар заминаи роҳҳои расидан ба рушди устувори иқтисодии ин мавзеъ ва таҳқиқи таърихи ин мулк тобиши нави коргузориро аз дидгоҳҳои гуногун ба миён мегузорад. Дарвоқеъ, ба таърихи ин мулк аз нигоҳи селексияи маҳаллӣ баҳогузорӣ намудан тобиши навро дар ин илм ба миён мегузорад. Ин нишондод як тарафи масъала мебошад. Тарафи дигараш, симои ландшафти ҳозираи ин диёр баёнгари он аст, ки ин мулк дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ буда, барои ҷалби сайёҳон ганҷинаҳои табиии он иқтидори воқеӣ дорад. Гарчанде Ҳукумати Тоҷикистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки рушди иқтисодиёт эълон намуда бошад ҳам, дар ин мавзеъ рушди ин соҳа ба талаботи замон ҷавоб намедиҳад. Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ дар алоқа бо рушди соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт, бахусус туризм дар ин мавзеъ зарурияти ташкил намудани минтақаи озоди туристиро пеш гузошта буд. Дарвоқеъ, ташкил намудани минтақаҳои озоди туристӣ ҷузъи ислоҳоти иқтисодӣ буда, он пойдории муносибатҳои бозориро дар кишвар таъмин менамояд. Ҳоло дар ҷаҳон бештар аз 100 минтақаи озоди туристӣ фаъолият доранд. Феълан арзишҳои илмӣ собит менамояд, ки айни замон туризми экологӣ дар индустрияи ҷаҳонии туризм мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Мувофиқи пешгӯиҳои коршиносони байналмилалӣ то соли 2020 туризми экологӣ дар қатори панҷ раванди асосии стратегияи рушд дохил карда мешавад.
Вобаста ба ин, ҷамъоварии далел-ҳо ва омӯзишу таҳқиқи ҳарҷонибаи онҳо дар бораи Сарихосор имкон фароҳам меоваранд, ки дурнамои иқтисодиёти онро дар иртибот ба арзишҳои илмӣ ба роҳ монем. Чунки на дар давраи шуравӣ ва на дар давраи соҳибистиқлолӣ аз нуқоти илмӣ тарҳи нави обод намудани ин диёр тарҳрезӣ нашудааст. Вале мавзеи Сарихосор байни сайёҳони ватанию хориҷӣ бо қуллаҳои ба фалак кашидаю табиати нотакрораш, дарёву дарёчаҳои шӯху пурталотум, чашмаҳои оби соф, ҳавои тозаю беғубор, набототу гиёҳҳои шифобахшаш хеле машҳур мебошад. Ба ин ҷо солҳои шӯравӣ на танҳо аз ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, инчунин аз хориҷи кишвар сайёҳон омада, онҳо оид ба обод намудани ин диёр андешаҳои ҷолиб баён намудаанд. Аммо то кунун аз тарафи масъулони соҳа ба таври ҷузъӣ андешаҳои онҳо мавриди натиҷагирӣ қарор наёфтааст. Бояд гуфт, ки яке аз намуди маъмулии ташкили минтақаҳои махсуси озоди иқтисодӣ дар ҷаҳони муосир ин минтақаи сайёҳӣ - осоишгоҳӣ мебошад. Дарвоқеъ, ин мулк барои таъсиси ин гуна минтақа имкониятҳои хеле зиёд дорад. Қобили зикр аст, ки захираҳои ин диёр аҳамияти миллӣ ва байналмилалӣ ва қимати ба худ хосро дороянд. Бино бар ин, даромад аз ин соҳа барои пешравии иқтисодиёти на танҳо ин мавзеъ, балки тамоми минтақаи Кӯлоб аҳамияти хеле калон дошта метавонад. Ба фикри мо, вақти он расидааст, ки мавзеи Сарихосорро ҳамчун озмоишгоҳи илмӣ дар бахши туризм минтақаи озоди иқтисодӣ эълон намуда, даромади молиявии онро дар ибтидо баҳри нигоҳдошти мувозинати табиӣ ва равнақи соҳаи туризм сарф намоем.

Ҳасан АСОЕВ,
коршиноси масоили
экологӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2014    №: 184    Мутолиа карданд: 9756
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед