logo

барқияҳо

Барқияи шодбош ба доктор Абдулло Абдулло

26 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба номзади мақоми олии Раиси иҷроии Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:

“Ҷалолатмаоби арҷманд,
Масаррат дорам таъсиси давлати миллӣ ва пешниҳоди Шуморо ба ҳайси номзади мақоми олии Раиси иҷроии Ҳукумати ваҳдати миллӣ ба Ҷалолатмаоби Шумо, ҷонибдорону муттаҳидони Шумо ва тамоми мардуми бародари Афғонистон сидқан табрик ва таҳният арз намоям.
Комёбии бузурги Шумо дар интихоботи Раёсати ҷумҳурӣ натиҷаи табиии талош ва пайкори содиқонаи Шумо тайи солҳои тулонӣ дар ҷабҳаҳои ҷиҳод, муқовимат ва созандагӣ таҳти раҳбарии фарзандони кабири Афғонистон – устод Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд барои озодӣ, истиқлол, ваҳдат ва пешрафти Афғонистон ва саодату хушрӯзии мардуми ранҷдидаи он аст. Мутмаинам, ки дар мақоми олии Раиси Иҷроии Ҳукумат дар таркиби тими муттаҳид бо садоқату фидокорӣ, ҳадафмандӣ ва тадбир фаъолияти босамар ва муваффақ хоҳед дошт.
Итминони комил дорам, ки фаъолияти Шумо ба рушди пайгири муносибатҳои таърихан дӯстонаи мо дар ҳама соҳаҳо ва арсаҳо мусоидати фаъол хоҳад намуд.
Ба Шумо, Ҷалолатмаоб Абдулло Абдулло тандурустӣ, иродаи матин ва комёбиҳои навин ва ба мардуми бародари Афғонистон субот, саодат ва пешрафт таманно дорам”.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2014    №: 189    Мутолиа карданд: 1487
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед