logo

барқияҳо

Барқияи шодбош ба доктор Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай

26 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси ҷумҳури мунтахаби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай барқияи шодбош фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:

“Ҷалолатмаоб,
Иҷозат фармоед интихоби Шуморо ба ҳайси Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва таъсиси давлати ваҳдати миллиро ба Ҷалолатмаоби Шумо ва кулли мардуми дӯсти Афғонистон самимона табрик намоям.
Давлати ваҳдати миллӣ ниёзи ҳаётии кишвар ва мардуми бародари Афғонистон аст. Мо аз оғози таъсиси низоми навини сиёсӣ дар кишвари Шумо зарурати эҷоди давлати фарогир ва мутавозин ва дорои пойгоҳи васеи иҷтимоӣ ва ваҳдату иттиҳоди тамоми неруҳои ватандӯст ва созандаро пайваста таъкид менамудем.
Орзумандам ин давлати ваҳдати миллӣ бо талошу тадбир ва садоқату ҳадафмандии муштараки Ҷалолатмаоби Шумо ва Ҷалолатмаоб Абдулло Абдулло кишвари Афғонистонро дар шоҳроҳи субот, созандагӣ, пешрафт, иттиҳод ва ваҳдати шикастнопазири мардум муттаҳидона ва масъулона пеш барад.
Таманнои онро дорам, ки муносибатҳои таърихан дӯстонаи ду кишвари ҳамнажоду ҳамзабон ва ҳамфарҳангу ҳамдини мо густариши матлуб ёбанд ва ҳамкории судманди мо бо саъю талоши муштарак ба сатҳи сифатан нав ворид гардад.
Бо истифода аз ин имкони нек ба Ҷалолатмаоби Шумо сиҳатии комилу муваффақиятҳои рӯзафзун ва ба мардуми бародари Афғонистон амният, субот ва хушрӯзӣ таманно дорам”.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2014    №: 189    Мутолиа карданд: 1404
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед