logo

номаҳо

Беэтиноии мақомот ба заминҳои президентӣ

Мо - сокинони Ҷамоати деҳоти Янгиқӯрғони ноҳияи Рӯдакӣ солҳо боз аз норасоии об барои заминҳои корам ранҷ мекашем. Ҳатто заминеро, ки дар як сол имкони се маротиба кишт кардану ҳосил ғундоштан дорем, наметавонем обёрӣ кунем. Борҳо ба собиқ Вазорати об ва мелиоратсия ва ҳоло Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ариза навишта, хоҳиши ҳалли мушкилоти норасоии об  барои заминҳои корамро кардем. Аммо то ба ҳол касе ба доди мо нарасидааст. Дар Ҷамоати деҳоти мо дар 44 гектар ва 38 оила дар ҳаҷми 5 - сотихӣ замини президентӣ , ки заминҳои обӣ мебошанд, об намерасад. Зеро канале, ки солҳои шӯравӣ тавассути каналҳои шаҳри Ваҳдат об меомад, қатъ карда шудааст. Моҳи январи соли ҷорӣ намояндаҳои хоҷагии оби ноҳия омада, роҳи канали обгузарро дида, аз рӯйи харитаи ҷамоат заминҳои корамро аниқ карданд. Ваъда доданд, ки аз баҳори соли ҷорӣ об ба заминҳои мо мерасад, аммо то ба ҳол нарасидааст. Мо ҳар рӯз барои ҳалли ин масъала ва наҷот  додани заминҳо аз шӯршавию бекор хобидан ба мақомоти дахлдор меравему меоем ва аз 20 то 40 сомонӣ сарф мекунем. Нафақаи мо ҳамагӣ 200 - сомонӣ аст ва нони даҳони мо аз пушти ана ҳамин заминҳои беоб мебошад. Хоҷагии оби ноҳия мегӯяд, ки аз Ҷамоати Роҳатӣ об гиред. Сокинони ин ҷамоат ба мо об намедиҳанд, чун заминҳои корами худашон ба об ниёз дорад. Оё мешавад, бар хилофи таъкидҳои Сарвари давлат , ки як ваҷаб замин бекор нахобад, амал кунем? Мо  бо умед ба рӯзномаи «Ҷумҳурият»,  ба гӯшаи «Розу ниёз» ин номаро навиштем, шояд мушкилот ҳалли худро ёбаду даҳҳо гектар замини обӣ аз беҳосилӣ наҷот ёбад ва ризқи фарзандони мо ҳам фаровон шавад. Ҳадди ақал барои замини аз беобӣ сӯхта виҷдони худро бедор кунед, масъулон!.
Фаттоҳ РАФИЕВ,
Ҷамоати деҳоти Янгиқӯрғони
ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2014    №: 190    Мутолиа карданд: 1417
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед