номаҳо
Пирӯзӣ насиби рӯзномаҳост
Тақозои ҳаёт чунин аст, ки вобаста ба вазъи ҷомеа тағйироту таҳаввулот ва дигаргуниҳое, ки дар он ба амал меоянд, рӯзномаҳо низ табдили ном карда, самти фаъолияташон дигаргун мегардад.
Чунин ҳақиқати маҳз ба ҳамагон маълум аст, ки рӯзнома оинаи рӯз аст ва инъикоскунандаи ҳамон рӯз мебошад. Баъд аз солҳои навадум дар ҷомеа тағйироту дигаргуниҳои азиме ба вуқӯъ пайвастанд. Ҷомеа куллан такмилу тағйир ёфт. Сохти давлатдории мо, низоми зиндагии мо нисбати гузаштаи начандон дур аз замин то осмон фарқкунанда гашт. Мо аз ҷумлаи он нафароне нестем, ки ҷонибдори ҳар доим иваз кардани ному унвонҳо бошанд. Ному унвонҳое ҳастанд, ки садсолаҳо, ҳазорсолаҳо ва ҳатто зиёдтар аз он барҷоянду ба мардум хизмат кардаанд. Вале боз ному унвон ва мақому мартабаҳое ҳастанд, ки вобаста ба вақту замон онҳоро иваз бояд кард.
Табдили ном кардани рӯзнома, бешак, ба салоҳдиди ҳайати эҷодӣ, ҳайати таҳририя ва муассисони он вобаста мебошад. Аммо ба андешаи кумак расонидан ба идораи нашрияҳо мо таъкидан мегӯем, ки рӯзномаҳо метавонад тавассути эълон кардани озмун чандин номҳои муъҷазу мувофиқро пайдо кунанд. Он номҳо истифода мешаванд ё не, вале пирӯзӣ хоҳ - нохоҳ боз насиби рӯзномаҳо хоҳад шуд. Зеро ба ин васила пайванди хонандагон бо онҳо боз ҳам қавитар мегардад.
Саидалӣ БОБОХОНОВ,
шаҳри Қӯрғонтеппа
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.09.2014 №: 190 Мутолиа карданд: 1346