logo

маориф

“МАКТАБҶАНГ: КӢ ГУНАҲГОР?»

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи “Мактабҷанг: кӣ гунаҳгор? Ё заҳрпечаке, ки решаашро бояд сӯхт”-ро, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият”, 27 феврали соли 2014  чоп шудааст, баррасӣ намуда, иттилоъ медиҳад, ки масъалаи мазкур дар ҷамъомади назди сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва директорони гимназияю литсейҳои тобеи раёсат мавриди баррасӣ қарор дода, ба мудирони шуъбаҳои маориф супоришҳои мушаххас дода шуд.
Илова ба ин мақолаи мазкур ҳанӯз санаи 13.03.2014,  дар ҷамъомади шуъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки бо иштироки шахсони масъул, директорони муассисаҳои таълимӣ доир гардида буд, мавриди баррасӣ карор дода шуда, ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ супориш дода шуд, ки маводи мазкур дар ҷамъомади омӯзгорону волидайн ва хонандагони синфҳои болоии ҳамаи намуди муассисаҳои таълимӣ мавриди омӯзиш қарор гирад ва вобаста ба рафти фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарорҳои дахлдор қабул намоянд. Инчунин, хонандагони душвортарбия ва майли қонуншиканидошта ба ҳисоб гирифта, бо онҳо ва падару модаронашон (шахсони онҳоро ивазкунанда) суҳбатҳои судманд гузаронида, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди иҷро қарор дода шавад.
Дар ҷамъомади мазкур ба директорони муассисаи таълимии № 59 ва 32 барои зоҳир намудани каммасъулиятӣ дар таълиму тарбияи хонандагон, ки боиси занозании ду гурӯҳ гардидааст, сарзаниш эълон карда шудааст.
Шуъбаи маориф бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва мутахассисони шуъбаи шабона рейдҳои муштарак доир намуда, аз марказҳои дилхушӣ, клубҳои шабона ва тарабхонаҳо дидан менамоянд.
Ҳамкории шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимии ноҳия бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мувофиқи талабот ба роҳ монда шудааст. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия пайваста вохӯриҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ гузаронида мешаванд.
Инчунин, дар ноҳия Комиссияи ноҳиявӣ ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ташкил шуда, амал менамояд, ки мақсадаш дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор татбиқи қонуни зикршуда ва пешгирии қонуншиканӣ байни ноболиғон мебошад.
Яке аз омилҳои даст ба ҷиноят задани кӯдакону наврасон кӯчиши зиёди мардуми деҳот ва аз назорат дур будани кӯдакон мебошад. Наврасон ба муҳити шаҳр одат накарда, маданияту рафтор ва маънавиёти шаҳрро надониста, бо беҳудагардию рафтори ноҷояшон оромии шаҳрро халалдор менамоянд.
Барои ин пеш аз ҳама, муҳоҷирати бетартибонаро пешгирӣ намуда, кӯдакони дар хобгоҳҳо, таҳхонаҳо, ҳаммому ошхонаҳои куҳна ҷойгиршударо муайян ва барои аз шаҳр баровардани оилаҳое, ки дар ягон ҷой кор намекунанд ва муҳити шаҳрро ноором месозанд, бояд чора андешид.
Бо супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон сабабҳои косташавии ахлоқи наврасону ҷавононро омӯхта, Барномаи намунавии пешгирии каҷрафторӣ ва косташавии ахлоқи наврасону ҷавононро таҳия намуд.
Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон масъалаҳои мубрами каҷрафторӣ ва косташавии ахлоқ, наврасону ҷавонон, роҳҳои пешгирӣ ва ислоҳшавии он, майнӯшӣ ва томокукашӣ ҳамчун шакли паҳншудаи каҷрафторӣ ва косташавии ахлоқи наврасону ҷавононро пажӯҳиш намуд.
Дар доираи татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф кормандони илмии ин пажӯҳишгоҳ ба муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе рафта, бо хонандагони синфҳои болоӣ, омӯзгорон ва падару модарони онҳо пурсишномаҳо гузарониданд; дар вохӯрӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар машваратҳои умумимактабии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе иштирок намуда, вобаста ба шароити маҳал ва сохторҳои маорифи ҷумҳурӣ ҳамкорӣ карданд; дастуру нишондодҳои методиро дастраси умум гардониданд; машварати таъҷилии падару модаронро бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хонандагони душвортарбия ташкил намуданд; дар мисоли низоъҳои байнимактабии ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе маълумотномаҳои пешниҳоднамудаи ШКД-и ноҳияҳои номбаршударо пешкаши омӯзгорон гардониданд; пешниҳоди Вазорати маориф ва илм ва Вазорати корҳои дохилии ҷумҳуриро мавриди омӯзишу таваҷҷуҳи коллективҳои педагогии шаҳри Душанбе ва мақомоти дахлдори маорифи ҷумҳурӣ қарор доданд; вобаста ба теъдоди душвортарбияҳо ва наврасону навҷавонони (хонандагони синфҳои болоӣ) аз мактаб берунмонда чораҳои таъҷилӣ андешида, дар кӯчаю хиёбонҳо ва гулгашту бозорҳо вохӯрӣ ва машварату суҳбатҳо ташкил намуданд; аз натиҷаи мурофиаҳои судии ноҳияҳои шаҳри Душанбе огаҳӣ ҳосил карда, дар ҳамкорӣ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ корҳои амалию профилактикӣ ташкил намуданд. Аз ин рӯ падару модаронро низ мебояд, ки нисбат ба фарзанди хеш масъулият ҳис намоянд ва дар тарбияти фарзанд ҷиддӣ бошанд.

Икромиддин ТАБАРОВ,
муовини сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва
миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2014    №: 190    Мутолиа карданд: 1911
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед