logo

илм

БАРТАРИИ ХАТИ КИРИЛЛӢ АЗ ХАТИ АРАБӢ

Аз солҳои 20 - 30 - юми асри XX ба ин сӯ баҳсҳо дар атрофи хати кириллӣ ва хати арабиасоси тоҷикӣ идома доранд. Ин масъала махсусан дар солҳои 90- уми асри гузашта, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аз сари нав мавриди баҳс қарор гирифт. Аз солҳои 2000 ба ин сӯ дар ҷомеаи Тоҷикистон гурӯҳҳои манфиатхоҳе ба вуҷуд омаданд, ки мехоҳанд «моро ба қафо баргардонанд» ва бо ин амали худ раванди ташаккули забони муосири тоҷикиро дар асри нав халалдор намоянд. Барои собит намудани андешаи он, ки ҷаҳон ҳар рӯз дар таҳаввул аст ва инсоният ҳамеша барои осон кардану сарфаи вақт мекӯшад, мо бояд як бори дигар ба таърихи пайдоиши хати арабӣ  ва хати кириллӣ рӯй оварем. Аз ин хотир бори дигар ба онҳое, ки таърихи пайдоиши ин хатҳоро намедонанд, ёдрас мешавем, ки моро дуруст фаҳманд.

Пайдоиши хати арабӣ ба асри I ҳиҷрӣ рост меояд. Ин хат дар давраҳои аввали густариши дини ислом, аз нимҷазираи Арабистон ба дигар минтақаҳо паҳн гардида, ба сари халқҳои гуногун иҷборан бор мегардид.
Аз ибтидои асри VIII дар ҳудуди Осиёи Миёна дар баробари забони арабӣ хати он низ паҳн гардид. Забони арабӣ забони дини ислом, коргузорӣ ва дар давраҳои минбаъда бошад, забони илмии он гардид. Ин хат аз замони пайдоиш норасоиҳо дошт ва барои густариши дини ислом мусоидат намекард. Ин боиси он гардид, ки худи арабҳо ба он тағйирот ворид кунанд. Баъди ҷустуҷӯҳои зиёд фаъолони дини ислом ба хулосае омаданд, ки барои ифодаи овозҳои садонок аломатҳои зеру забарро ихтироъ кунанд. Ин дигаргунсозӣ асосан дар ибтидои асри I ҳиҷрӣ ба вуқӯъ омад ва барои хондани матнҳо хеле кумак кард.
Бисёре аз намояндагони илму адаби Шарқ норасоиҳои алифборо хуб медонистанд ва ҳамеша барои иваз намудани системаи хат талош меварзиданд. Машҳуртарини ин ашхос Абурайҳони Берунӣ ва Дақиқӣ буданд.
Барои омӯзиши хати арабӣ ва аз худ намудани усулҳои қироат заҳмат ва вақти зиёд сарф мешуд. Яке аз монеаҳои саводнок шуда натавонистани қишри зиёди аҳолӣ ин мушкилнависӣ ва мушкилхонии ин хат буд. Чунончи, ба ҳама маълум аст, имкониятҳои дохилии алифбои арабӣ якхела ва дилчасп нестанд. Ин алифбо аз 28 ҳарф иборат буда, аз ин шумора 16 - тоаш шакли мустақил доранд. Ҳарфҳои боқимонда аз якдигар танҳо аз рӯйи нуқта фарқ мекарданд. Нуқта дар ифодаи ҳарфу овоз нақши муҳим дошт, зеро агар як нуқта меафтид ё як нуқта илова мегардид, маъно дигар мешуд, ки ин боиси номафҳумӣ низ мегардид. Ҳатто дар баъзе ҳолатҳо изофа шудан ё афтидани нуқтаҳо сабаби он мегардид, ки инсонҳо танҳо тахмин мекарданд, на ин ки калимаҳоро мехонданд. Норасоии хати арабиро Анварӣ чунин баён намудааст:
Агар Анварӣ хоҳад аз рӯзгор,
Ки як лаҳзае безаҳмат зияд,
Магасро падид оварад рӯзгор
Ки то бар сарои раҳмат рияд.

Ҳамаи ин норасоиҳо суръати паҳн гардидани саводнокиро суст намуда, боиси рушд накардани фарҳангу забони халқҳои аз ин хат истифода менамуда гардид.
Чуноне ки зикр намудем, барои ислоҳи норасоиҳои хати арабӣ ашхоси машҳури Машриқзамин кӯшиш ба харҷ додаанд. Масалан, яке аз ин шахсиятҳои машҳур Мирзо Малкумхон аст. Ба навиштаи Абдухолиқи  Набавӣ: «Мирзо Малкумхон – донишманд ва сиёсатмадори эронӣ дар даҳаи ҳаштуму нуҳуми асри XIX пас аз санҷиши авзои олам масъалаи табдили алифборо ба майдон мегузорад ва дар ин масъала асарҳои худ «Шайху вазир» ва «Мабдои тараққӣ»-ро таълиф карда, қатъан таъкид менамояд, ки «Агар мо алифбои арабиро тарк карда, алифбои лотиниро қабул накунем, тараққӣ кардан ва қатори миллатҳои мутамаддин даромадани мо мумкин нест». Ба ин муҳокимарониҳову далелҳои ин донишманди дигарандешу навҷӯ хеле аз иштирокдорони баҳси табдили хат истинод карданд.
Бо вуҷуди ин, ин шахси фозил аз роҳи пешгирифтаи худ барнагашта, барои ислоҳи ин хат кӯшиш намуда, 24 норасоии ин хатро нишон додааст. Ин ҷо чанде аз онҳоро таъкид мекунем:
- дар хат инъикос нашудани садонокҳо;
- тавофути навишти калимаҳо бо ҳамсадоҳо, яъне дар хати арабӣ чор ҳамсадои “з” истифода мешавад;
- корбурди навъҳои гуногуни хат ба мисли насх, настаълиқ, шикаста, кӯфӣ;
- мавҷудияти нуқтаҳо, ки дар ҳолати афтидани онҳо маъно тағйир меёбад: ҷасад-ҳасад;
- зимни навиштан калимаҳо ҷойи муайяни худро надоштанд, як калима дар болои калимаи дигар навишта мешуд. Дар хусуси ин камбудӣ Мирзо Малкумхон чунин навиштааст: «Ҳарфҳои мо ҷойи муаяйни навишт надоранд. Дар хатҳои халқҳои дигар ҳарфҳо дар як сатр навишта мешаванд. Баъзе ҳарфҳо дар болои хат ва баъзе ҳарфҳо дар дохили сатр сабт мегарданд. Аммо дар анвои хати мо махсусан, дар хатҳои шикаста, девонӣ ва сулс ҳарфҳо ҷойи муайян надоранд. Ҷойи ин ҳарфҳо аз хоҳишу завқи котиб, ки метавонад як ҳарфро дар дохили ҳарфи дигар нависад, вобаста аст»;
- баъзе ҳарфҳои алифбои арабӣ дар забонҳои дигар овозҳои мувофиқ надоранд.
- баъзе ҳарфҳо навишта мешаванд, аммо хонда намешаванд: хвостан (хостан), хвоҳар (хоҳар), хвеш(хеш);
- ҳарфҳои калон вуҷуд надоранд;
- фосила дар байни калимаҳо вуҷуд надорад. Аз ин рӯ омехтагии калимаҳо ва ё ҳиҷоҳои калимаҳои гуногун рух медиҳад;
- ҳарфи «вов» овозҳои гуногунро ифода мекунад;
- ҳарфи «йо» дар аввали  калима ҳарфи «алиф»-ро талаб мекунад, ки тамоман лозим нест, аммо дар калимаҳои навъи “ришта”, “ситам” навишта намешавад;
- ҳарфи «йо» баъзан овози «о»-ро ифода мекунад: ҳатто, Исо, Мӯсо, Яҳё, Мустафо;
- дар навишт аввал ва охири калима фаҳмида намешавад;
- навиштан аз тарафи рост ба чап хеле номувофиқ аст.
Номукаммалии хати арабӣ равшану возеҳ дар рушд накардани китобчопкунӣ ва маҳсулоти чопӣ дар мамлакатҳои исломӣ дида  мешавад. Агар аввалин китоби чопӣ дар Россия соли 1564 ба табъ расида бошад, аввалин маҳсулоти чопӣ бо хати арабӣ (рӯзномаи туркӣ) танҳо соли 1830 дастраси омма гардидааст. Аз ин далел пайдост, ки  бо сабаби  китобчопкунӣ бо ҳуруфи арабӣ ду аср қафо мондааст. Ин масъаларо М. Иброҳимӣ чунин шарҳ додааст: «Нуқсони дигари алифбои араб нарасидан ва хурд будани шаклҳои он аст, ки барои матбаа муносибат надорад ва вақти азизро талаф менамояд, бо воситаҳои табъии асрӣ созиш намекунад. Сандуқчаи ҳуруф, мошинҳои гуногуни ҳарфчинӣ, анвои мошинҳои табъ, мошинҳои хаттӣ - табъӣ бо алифбои араб мувофиқат намекунанд, дандонҳои заррабини ин алифбои рамзӣ ҳуруфчинони мазлумро ба дараҷае маранҷонад, ки тамоман ба танг омадаанд».
Ҳарчанд аз навиштаҳои боло қариб як аср гузаштааст ва техникаву технологияҳои чопӣ тағйир ёфтаанд, аммо ба сабаби он ки то ҳанӯз тағйироте дар хати арабӣ нашудааст, фикр мекунам, ин камбудӣ ба куллӣ рафъ нашудааст.
Яке аз шахсиятҳои машҳур ва равшанфикри асри XIX дар самти бартарафсозии норасоиҳои хати арабӣ нависанда ва мутафаккири озарбойҷонӣ Мирзо Фатҳалӣ Охундов (1812-1878) мебошад. Дар мавриди хидматҳои ин шахсият муҳаққиқ Раҳимӣ М. чунин менависад: «70 сол пеш замоне, ки Эрон ва Туркия бо занҷирҳои феодализм маҳкам баста, оташи зулму тааддӣ  ҳама ҷойи ин ду мамлакатро фаро гирифта ва дар ҳама ҷо нодонӣ ва ҷаҳолат ҳукмрон буд, Мирзо Фатҳалӣ Охундов ин фикри худро ба кор андохтан хост. Ӯ монанди  мутафаккирони дигар фақат бо хаёл кардани ин кор қаноат накарда, ба ҷорӣ ва амалӣ шуданаш низ мекӯшад».
Он чунон ки аз манбаъҳои таърихӣ маълум аст, славянҳо ба мурури замон барои сабти садои махсуси забони худ ҳарфҳои нав ихтироъ намуданд. Ин ҳодиса бидуни назорати давлат ва шахсони алоҳида ба вуқӯъ пайваст.  Баъдтар дар асри IX, вақте славянҳо дини насрониро ба таври оммавӣ қабул карданд, ду навъи хати славянӣ ба вуҷуд омад.
Хати русии ҳозира аз хати славянии кириллӣ ибтидо гирифта, дар натиҷаи таҳаввулу такомули беш аз 1100 - сола ба сурати имрӯзааш даромадааст. Аз 31 ҳарфи алифбои ҳозираи русӣ 3 ҳарф: п, ч, ш аз хати ибрӣ (яҳудӣ) гирифта шудаанд. Дигар ҳарфҳои иловагии хоси славянӣ дар асоси эҷодкорона тағйир додани шакли ҳарфҳои юнонӣ ва ба ҳам пайвастани кириллӣ ба вуҷуд омадаанд.
Глаголитса дар асрҳои X-XI дар байни славянҳои ҷанубӣ ва қисман дар байни славянҳои шарқӣ паҳн шуда буд. Вале ривоҷи ин хат дар байни славянҳои шарқ дер давом накард. Дар асри XII славянҳои шарқӣ расман дини насрониро қабул  карданд  кириллитсаро хати асосии худ қарор доданд. Глаголитсаро бештар славянҳои ҷанубу ғарбӣ истифода мебурданд, зеро онҳо пайрави дини католикӣ буданд ва бо ин кор зиддияти худро нисбат ба славянҳоли шарқӣ нишон доданӣ мешуданд.
Хати русӣ аз хати славянии кирилитса ба вуҷуд омадааст. Ҷараёни такомули хати русӣ то асри 18 ба тарзи номуташаккил ба амал меомад. Баъди ба сари кор омадани Пётри I ин ҷараён зери назорати давлат гирифта шуд. Ӯ солҳои 1707-1710 ислоҳоти хат гузаронд.
Ҳоло хати русӣ 33 ҳарф дорад, ки қариб ҳамаи хатҳои мардуми собиқ Шӯравӣ дар асоси он сохта шудаанд. Фақат алифбои латишӣ. Литвонӣ ва эстонӣ хати лотинӣ буда, гурҷиҳо ва арманиҳо хати қадимаи худро нигоҳ доштаанд.
Соли 1940 тоҷикон бо иловаи 6 ҳарфи хоси садоҳои тоҷикӣ (ӣ, ғ, қ, ӯ, ҳ, ҷ) дар асоси хати русӣ алифбои нави русиро қабул карданд. Дар аввал ба алифбои тоҷикӣ ду ҳарфи хоси забони русӣ (щ ва ы) дохил нашуда буданд ва онҳо танҳо соли 1954 ба алифбои тоҷикӣ дохил гардиданд.  Ҳарфҳои русӣ ҳам дар тоҷикӣ ва ҳам дар русӣ асосан як вазифаро иҷро мекунанд, яъне ҳар ҳарф садои якхелаи русӣ ва тоҷикиро сабт мекунад.
Оид ба нуқсонҳои хати арабӣ М. Иброҳимӣ дар мақолаи худ зери унвони «Масъалаи имлои нав» чунин навиштааст: «Муҳимтарин нуқсони алифбои араб ин аст, ки бо метуди таълим созиш надорад. Мукаммалтарин метудҳо барои тадриси ибтидоии метуд «усули савтӣ  (звуковой метод) мебошад… Усули таълиме, ки дар мамлакатҳои исломӣ ривоҷ ёфтааст, усули ҳиҷоӣ мебошад. Мувофиқи  ин усул калимаҳоро ҳеҷ гуна таҳлил накарда, ба кӯдакон тӯтивор ёд медиҳанд».
Дар мабнои баҳсҳои дар боло зикршуда доктори илмҳои таърих, профессор И. Усмонов, китобчаеро чоп намуд, ки он «Баҳси алифбои тоҷикӣ» ном дорад. Муаллиф менависад: «Чаро бояд аз хати имрӯза даст кашида, ба хати ниёгон боз гардем? Дар шароите, ки ҳама ба пеш менигарад ва пеш мераванд, чаро мо бояд ба ақиб гардем?».
Муаллиф дуруст мегӯяд. Воқеан, чӣ зарурат аст барои баргаштан ба қафо ва як наслро бесавод кардан, дар ҳоле ки иваз намудани хат ҳам масрафи иқтисодӣ дорад ва ҳам халои бесаводиро ба вуҷуд меорад.
Ба навиштаи профессор И.Усмонов дар тағйири хат ҳадафҳои зерин сабаб мешаванд:
- мувофиқ наомадани ҳарфу овоз;
- мувофиқ наомадани ҳарф ба табиати забон;
- дастнорас шудани мероси таърихӣ;
- аҳдофи динӣ ва этникию миллӣ;
- ҳадафҳои сиёсӣ.
Бар шарҳи омили чаҳоруми профессор И.Усмонов зикр намуда, ҳаминро илова менамоем, ки ҷонибдорони он, ки дар Тоҷикистон хатти арабӣ ҷорӣ карда шавад, аҳдофи динӣ доранд. Онҳо хуб медонанд, ки мероси фарҳангии мо бо ин хат эҷод шудааст, аммо фаромӯш кардаанд, ки асри нав роҳ ба сӯи пеш аст, на баргаштан ба қафо!
Ҳамчунин дар мабнои ин баҳс профессор Ҳ. Маҷидов низ мақолаеро ба табъ расонид, ки дар он камбудиҳо ва норасаиҳои хати арабӣ баён гардидааст. Муаллиф менависад: «Чунин ақидае, ки дар натиҷаи гузаштан ба хати арабӣ мардуми тоҷикро бо форсизабонони бурунмарзӣ наздик менамояд, вайро бо гузаштагону ниёгонаш мепайвандад ва дар охир ба забонҳои форсии олам ҳамгун мегарданд, бунёд надорад. Ин хат фақат дар зоҳир матнҳои мухталифро ба тоҷикӣ ва форсиҳои Эрону Афғонистон якранг мегардонад. Дар ҳақиқати ҳол бошад, намояндагони ҳар яке аз минтақаҳо ва ҳар яке аз он забонҳо чунин навиштаҷотро бо тарзу усулҳои ба худ хос талаффузу маънидод мекунанд, ки бисёр вақт онҳо барои соҳибони  гунаи дигари форсӣ, яъне забони дигар ягон ахбори мушаххасро бедор карда наметавонанд».
Дар партави навиштаҳои профессор Ҳ. Маҷидов ҳаминро илова кардан ба маврид аст, ки воқеан дар муддати як асри охир самти инкишофи фарҳангу забони се шохаи форсӣ мухталиф мебошад. Ҳар забон вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ ва муносиботи фарҳангиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву сиёсии кишвар роҳҳои инкишофи худро дорад. Забони муосири тоҷикӣ сохтори грамматикии худро соҳиб аст, ки аз забонҳои форсӣ ва дарӣ тафовут дорад. Барои ҳамин зимни тақсимбандии забони форсӣ ва шохаҳои он инро бояд ба назар гирифт.
Чун мақсади мо аз ин мақола нишон додани бартариҳои хати кириллӣ нисбати хати арабӣ аст, матлаби худро  чунин хулоса менамоем:
- хусусияти хуби хати имрӯзаи тоҷикӣ, мисли хатҳои то арабии тоҷикӣ (паҳлавӣ, мехӣ, оромӣ) дар он аст, ки сода аст: ҳар овоз ба як ҳарф ифода мешавад;
- ҳамаи овоз дар тамоми ҷойи калима аввал, миёна, охир навишта мешавад ва ҳатто забонро надонад, вале ҳарфҳоро шиносад, онро дуруст хондаву талаффуз карда метавонад;
- ҳарфҳои тоҷикӣ ба мо имкон медиҳанд, ки вожаи одӣ , истилоҳ ва ному насаби ҳар забони дигарро аввалин бор мехонда бошем ҳам, дуруст хонем ва талаффуз кунем;
- хати имрӯзаи тоҷикӣ ҳамроҳшавии моро ба дастовардҳои технологии замон осонтар мегардонад;
- аз лиҳози сохтори морфологӣ забони тоҷикӣ ба гурӯҳи забонҳои аналитикӣ дохил аст,  аммо хати арабӣ бошад, махсуси забонҳои флективист, яъне марбути чунин забонҳое мебошад, ки решаи калимаҳояшон якзайл мешикананд;
- ба сабаби он ки хати муосири тоҷикӣ, чун хати арабӣ шахшудамонда нест ва агар зарурат пеш ояд, онро боз такмил дода, суфтатар кардану ба табиати забон мувофиқ намудан мумкин аст.
Агар барои ба «хати миллӣ» (ба истилоҳи адабиётшинос Сафари Абдуллоҳ) баргаштанӣ иштиёқ дорем, пас беҳтар аст, ки ба хати авестоӣ баргардем, ки ҳамаи овозҳо, аз ҷумла садонокҳоро ифода мекард.

Фирдавс НИЁЗӢ,
Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи
  илмҳои ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.10.2014    №: 192    Мутолиа карданд: 18096
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед