logo

порлумон

ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНҲО ВА ТАСВИБИ СОЗИШНОМАҲОИ МУҲИМ

Дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, як теъдод лоиҳаи қонунҳо қабул гардида, чаҳор созишнома ба тасвиб расид.

Аз ҷумла, ҷиҳати қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» қарори дахлдор қабул гардид. Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо, зимни тавзеҳи лоиҳаи қонун зикр кард, ки дар заминаи он роҳу усулҳои дурнамосозӣ такмил ёфта, захираҳои мавҷуда ба хотири таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар ва беҳдошти сатҳи иҷтимоии сокинон оқилона истифода хоҳад шуд.
Бадриддин Садриддинов, узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, дар ин робита гуфт: «Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади пешбинӣ намудани муқаррароти дахлдор дар бораи муайян намудани меъёр оид ба миқдори истеъмоли озуқаи асосӣ барои аҳолӣ таҳия шуда, зарурати илова намудани сархати нав ба моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», ки дар он салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ба миён омадааст». Бино ба таъкиди ӯ, меъёри тавсиявии физиологии озуқаи асосӣ, ки ҳамчун нишондиҳанда барои баҳодиҳии сатҳи таъмини аҳолӣ бо намудҳои озуқаи асосӣ, муайян намудани талаботи бозори истеъмолӣ, дурнамои истеҳсолу воридоти маҳсулоти ҳаётан муҳим, ки дар маҷмӯъ барои таъмини амнияти озуқавории кишвар истифода мешаванд, зарур мебошад.
Ҳамчунин дар иҷлосия Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  оид ба ҳавасмандгардонӣ  ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид, ки ба бовари масъулони соҳа ин санад дар густариши муносиботи иқтисодиву сармоягузории ду кишвар мусоидат хоҳад кард. Лочин Файзуллозода, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, зимни баррасии созишнома ёдовар шуд, ки он 26 марти соли 2014 дар доираи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон имзо шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки  муҳлати амали созишнома 15 солро дар бар гирифта, фазои муносиби ҳуқуқиро дар самти тавсеаи равобити сармоягузории Тоҷикистону Афғонистон фароҳам хоҳад кард. Тибқи он ҳар ду ҷониб оид ба қонунҳои амалкунанда амалиёти маъмурӣ, расмиёт ва сиёсатҳои пешгирифтаи ҳамдигар дар ин бахш мубодилаи маълумот менамоянд. Дар ҳамин ҳол, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, аз тасвиби ин созишнома истиқбол намуда, нақши онро дар таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ умедворкунанда донист.
Оид ба ду масъалаи дигари рӯзномаи иҷлосия – созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи мутақобилан ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ, муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ, гузориш дод. Мавсуф изҳор дошт, ки созишномаҳои мазкур имкон медиҳанд, ки барои мустақар намудани намояндагиҳои дипломатӣ дар асоси принсипи мутақобила ба муҳлати 49 сол қитъаи замин ҷудо гардида, барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ шароити мусоид фароҳам шавад.
Дар иҷлосия, ҳамчунин Созишномаи грантии (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд вобаста ба лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба беҳтар намудани хадамоти наздисарҳадӣ» ба тасвиб расида, лоиҳаи қонунҳо «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон », «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардиданд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.10.2014    №: 193    Мутолиа карданд: 1464
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед