logo

илм

ИМЛО ВА ЗАБОНИ АДАБӢ

Сайфиддин НАЗАРЗОДА,

доктори илми филология

Дар таърихи густариши забон ва меъёрбандии он имлосозӣ ва ба тартиби муайяни имлобандӣ овардани меъёри истифодаи забон хеле муҳим аст. Дар давраи классикии рушди забони тоҷикӣ алифбои арабиасос истифода мегардид. Азбаски ин алифбо ҳамсадоӣ буда, дар он ҳамсадоҳо ва садонокҳои дароз бо ҳарфҳо ифода мегардид, садонокҳои кӯтоҳ ҳангоми овонависӣ бо ишораҳо ифода мешуданд, ки на ҳама вақт ин усул риоя мегашт. Балки дар бештарин ҳолат ишораҳо гузошта намешуданд, ки ба гуногунии хониши садонокҳо оварда мерасонд. Аз тарафи дигар барои овозҳои хоси забони тоҷикӣ (п, ч, ж, г) (گ، ژ، چ، ث) баъд аз тахминан дусад соли истифодаи алифбои арабӣ аломатҳои хос бо иловаи нуқтаву хатак  таҳия гардид. Истифодаи ин алифбо дар ибтидои солҳои сиюми садаи ХХ бо гузаштан ба алифбои лотиниасос қатъ гардид ва муддати тахминан даҳ соли дигар дар имлои забони мо алифбои лотинӣ ҳукмрон буд. Агар дар солҳои бистум то гузариш ба алифбои лотинӣ дар имлои калимаҳои забон як меъёри муайяни умумӣ барои ифодаи онҳо риоя шуда бошад, пас бо гузариш ба алифбои лотинӣ имлои ин калимаҳо рӯ ба талаффузи русӣ меорад. Аз ибтидои солҳои 30-юми асри ХХ то ибтидои солҳои чилуми ҳамин аср барои ба як низоми муайян даровардани меъёрҳои имлои забони мо се ҳуҷҷат қабул гардидааст, ки ба ҷараёни густариши забон таъсири бесобиқа доштанд.
Ҳуҷҷати аввал аз тарафи Анҷумани забоншиносони Тоҷикистон қабул гардид. 22 августи соли 1930 дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) нахустин Анҷумани илмӣ-забоншиносии Тоҷикистон барпо шуд. Ин анҷуман дар ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон рӯйдоди ниҳоят боарзиш ва муҳим буд ва дар он аз «профессорони Ғарб сар карда, то қувваҳои илмии кӯҳистони Бадахшон» ширкат доштанд ва он «ба ҳал кардани чанде аз масъалаҳои илмӣ ва корҳои маданияти пролетарӣ аҳамият ва қимати худро дар саҳифаи таърих ёдгор гузошт ва таҳкурсии маданияти пролетариро барпо намуд». Масъалаи забони адабии тоҷикӣ дар ин анҷуман ҳам яке аз масъалаҳои марказӣ буд ва тавсияҳои гуногуне, ки дар ин маврид маҷлису конференсияҳои мухталиф тайи 4 - 5 соли охир пешниҳод карда буданд, аз тарафи вакилони анҷуман «чуқуртар дида шуданд». «Қарорҳои ин анҷуман ба забон ва лаҳҷаи тоҷикон мутобиқ афтода, пойдор ва тағйирнопазир мемонад», навишта буданд муфассирони маҷаллаи «Роҳбари дониш» дар бораи аҳамияти қарорҳои ин анҷуман.
Аҳамияти ин анҷуман дар он буд, ки фикру андешаҳо ва пешниҳодоту назариётеро, ки то он замон аз ҷониби забоншиносону зиёиёни тоҷик ва мутахассисони рус изҳор гардида буданд, ба инобат гирифта, қоидаҳои муваққатии имлоро такмил ва ислоҳ кард ва алифбои навро то ҷойи имкон ба қонуну қоидаи савтиёти забони тоҷикӣ мутобиқ сохта, онро барои омӯзиши ҳамагон пешкаш намуд.
Ин анҷуман аз рӯйи чор масъала: забони адабии тоҷик, алифбо (алифбои лотинӣ дар назар аст), имло ва масъалаи алифбои шуғнонӣ қарорҳои махсус қабул кард, ки ду қарори анҷуман «Қарор дар масъалаи алифбо» ва «Қарор дар бораи имлои нави тоҷикӣ» ба имлобандӣ бевосита иртибот дошта, тарзи навишти калимаҳоро ба алифбои лотинӣ муайян менамояд. Аз ҷумла, дар «Қарор дар масъалаи алифбо» оид ба муайян кардани ҳарфҳо барои овозҳои ӯ, у, ӯ чунин омадааст: «Анҷуман тамоми масъалаҳои мубоҳисадори алифбои нави тоҷикро ҳаматарафа музокира карда, ба ин қарор меояд, ки дар қисми муҳими шеваҳои тоҷикӣ овози (ӯ) вов-и маҷҳул мавҷуд нест ва ин вов бо (у) вови маъруф мувофиқ мебошад, барои ҳамин дар аснои таълим, хондан ва навиштан душвориҳо ба миён меояд. Барои аз миён бардоштани ин душвориҳо минбаъд овозҳои (ӯ) ва (ӯ) бо як шакл (ӯ) нишон дода шавад ва ин шаклро бо хосиятҳои шеваҳо мувофиқ карда кор фармудан мумкин хоҳад шуд. Ин ҳол дар шеваҳое, ки ин се овоз (яъне ӯ, у, ӯ) фарқ доранд, дуруст хондан ва навиштанро осонтар карда, дар шеваҳое, ки фақат дутои ин овозҳо ҳаст, душвории мавҷударо аз миён мебардоранд».
Дар «Қарор дар бораи имлои нави тоҷикӣ», ҳанӯз истифодаи истилоҳоти куҳан қобили қабул аст. Аз ҷумла барои ифодаи истилоҳи «садонок» «соит» ва истилоҳи «ҳамсадо» «сомит» истифода мешавад. Умуман дар ин давра як навъ ҷустуҷӯ барои ифодаи истилоҳоти забоншиносӣ ба забони тоҷикӣ дида мешавад. Ҳамин истилоҳҳои «садонок» ва «ҳамсадо» дар адабиёти илмии ин давра дар шакли «босадо» ва «бесадо» низ дида шудааст.
Як нуктаи муҳими дигар бар асоси меъёрҳои таърихии забони адабӣ таҳия гардидани имло мебошад. Дар қарори мазкур дар ин бора чунин омадааст:
«Анҷуман қайд мекунад, ки дар муайян кардани қоидаҳои имлоӣ танҳо як лаҳҷаро асос гирифтан аз хусусиятҳои лаҳҷа (ё ки шева)-ҳои дигар чашм пӯшидан мувофиқи мақсад нест. Бинобар ин, ҳамаи лаҳҷаҳоро дар назар дошта истода, қоидаҳои имлоии сарфии муштарак муайян кардан лозим аст.
Қайд: азбаски забони адабии тоҷик то як дараҷа ҳамаи хусусиятҳои лаҳҷаҳоро ба худ акс кунонидааст, бинобар ин дар тартиби қоидаҳои имлогӣ дар ваҳлаи навбати аввал ба забони адабии мавҷуда муроҷиат кардан зарур аст».
Аз ин иқтибос чунин бармеояд, ки таҳиягарони имлои забони тоҷикӣ дар ибтидои солҳои сиюми садаи ХХ тарафдори таҳияи имло дар асоси меъёрҳои таърихии грамматикӣ буда, аз «принсипи савтӣ»-и таҳияи имло сарфи назар менамоянд: Таваҷҷуҳ кунед ба иқтибоси дигар аз ҳамин қарор: «Азбаски забони тоҷик ду лаҳҷаи асосӣ ва як қатор шеваҳои дарунӣ дорад, бинобар ин имлои тоҷикиро дар асоси соф савтӣ ниҳодан мумкин нест. Бинобар ин, имлои нави тоҷик дар принсипи шаклӣ ниҳода мешавад».
Вале ин ҷараён аз нимаи дувуми солҳои 30-юм тағйир ёфт ва аввал дар «Установкаи терминологияи забони тоҷикӣ» (1936) қисман ва баъдан дар Фармони №1 Комиссари халқии маорифи РСС Тоҷикистон ба таври куллӣ русикунонии имлои забон оғоз гардид. Азбаски ин фармон дар имлосозии забони адабӣ як навъ гардиши куллӣ ба вуҷуд овард, мо онро муфассал мавриди баррасӣ қарор медиҳем.
Баъд аз қабул шудани «Установкаи терминологияи забони тоҷикӣ» (1936) раванди саросар ворид намудани истилоҳоти русӣ ва интернатсионалӣ ба забони тоҷикӣ оғоз шуд. Дар соли 1938 ду маҷлиси машваратӣ ва ё ба истилоҳ «совешчания» - ҳои забоншиносии Тоҷикистон (феврал ва  ноябри соли 1938) барпо шуд, ки дар онҳо роҳҳои минбаъдаи инкишофи забони тоҷикӣ баррасӣ гардида, лоиҳае ҳам дар ин боб таҳия шуд ва моҳи январи соли 1939 Комиссари халқии маорифи РСС Тоҷикистон бо фармони №1- и худ онро тасдиқ кард. Яке аз масъалаҳои асосие, ки дар ин чорабиниҳо мавқеи хос дошт, чунин буд: «Ин чорабиниҳо ба барҳам додани архаизмҳо, арабизмҳо ва эронизмҳо (таъкиди мо - С. Н.) дар забони тоҷикӣ, ба барҳам додани ҷудоии сунъии байни забони адабӣ ва забони зиндаи гуфтугӯӣ, ба наздик кардани шаклҳои зиндаи забон ва советизмҳо равона карда шудаанд». Дере нагузашт, ки ин лоиҳа бо номи «Дар бораи баъзе масъалаҳои забони тоҷикӣ» ҳамчун санади расмӣ нашр шуд. Он аз се қисм иборат буд: қисми 1 «Масъалаҳои грамматика», қисми 2 «Дар бораи масъалаҳои терминологияи забони тоҷикӣ» ва қисми 3 «Дар бораи масъалаҳои имлои забони тоҷикӣ».
Азбаски ин санад дар таърихи забони тоҷикӣ нақши ҳалкунанда бозида, аксари унсурҳои номатлубе, ки имрӯз аз тарафи бархе аз забоншиносон ҳамчун  хусусиятҳои хоси забонӣ шумурда мешавад, дар асоси ҳамин санад ба забони мо дохил шудаанд, дар бораи ин санад муфассалтар истода мегузарем. Дар се бахши ин санад ба таври фишурда унсурҳои нодурусти зерин қонунӣ гардонда шудаанд:
1. Расмӣ кардани истифодаи пасванди «ангӣ»  дар ҷумласозӣ.
«- Дар мавридҳои муайян кардани замон ва макон дар қатори шаклҳои дигар, истеъмоли абароти сифати феълии суффикси «ангӣ» катӣ сохта шудагӣ ҳам дуруст ҳисоб карда шавад.
Мисол:
Одами шабангия (шабангиро) имрӯз боз дидам - одами шаб  дидагема имрӯз боз дидам - одамеро, ки шаб дида будам (ки ба вай вохӯрда будам…) имрӯз боз дидам.
Магазини бозорангӣ бисёр калон аст - магазине, ки дар бозор ҳаст, бисёр калон  аст.
- Поёнангӣ барин ҷумлабандиҳо ҳам дуруст ҳисоб карда шаванд:
Номи шаҳри Горкий зоида шудагӣ Нижный Новгород аст».
2. Истифодаи шакли лаҳҷавии сохти «нарафтанба» дар забони адабӣ.
«Дар қатори сохтҳои:
1. Бинобар он ки (барои ин ки, аз барои ин ки,  азбаски, ба сабаби он ки) ман нарафтам, ту хафа шудӣ.
2. Бинобар (бо сабаби, аз сабаби) нарафтанам (нарафтани ман), ту хафа шудӣ,- истеъмоли сохти- «ман нарафтанба (нарафтани ман ба) ту хафа шудӣ» ҳам дуруст ҳисоб карда шавад.
3. Аз истифода баровардани шаклҳои адабии пешванди «би-» ва феълҳои «метавон гуфт, метавон кард».
«Истеъмоли сохти ин гуна ҷумлаҳо, ки «тавонистан» дар шакли ҳикоягӣ (бе «ки» ва бо «ки») дар аввал ва феъли дигар дар шакли  шартӣ баъд аз он гузошта шудааст, ҳам дуруст ҳисоб карда шавад. Аммо, феъли баъд аз тавонистан омадагӣ бо префикси «би» азбаски шакли архаистӣ буда, ба забони зиндаи имрӯзаи тоҷик бегона аст, кор фармуда нашавад.
 Мисол:
«Мо метавонем (ки) ин вазифаҳоя иҷро кунем».
«Мо метавонем бигӯем» не, балки «мо метавонем гӯем».
в) Ба истеъмоли шаклҳои «метавонем гуфт, метавон кард» роҳ дода нашавад.».
4. Дар навиштани исмҳо ҷорӣ кардани ҷамъбандиҳои шакли ахборотҳо.
а) Исмҳое, ки бо суффикси «от» сохта шудаанд ва онҳое, ки овозҳои  решаашон дигаргун шуда, дар забони арабӣ бояд бисёриро (ҷамъро) мефаҳмонанд, лекин дар забони тоҷикӣ танҳоро (муфрада) ифода мекунанд, бинобар ин гуна исмҳо ҳамчун шакли танҳо кор фармуда шуда, дар ҷойҳое, ки ҷамъсозӣ мумкин аст, ҷамъ аз рӯи қоидаҳои  забони тоҷикӣ, яъне  ба воситаи  суффиксҳои «ҳо, он, ён» сохта  шавад.
Мисол: Ташкилот- ташкилотҳо, аъзо-аъзоён- аъзоҳо, ҳуқуқ- ҳуқуқҳо.
5. Расмӣ кардани шакли «Аҳмада китобаш» ва ба ҷои пасванди -ро   истифода кардани -а, -я.
г) Барои таъйин кардани соҳибӣ дар баробари таркиби изофӣ шакли «Аҳмада китобаш» ҳам кор фармуда шавад.
Мисол: Ин китоби Аҳмад- ин  Аҳмада китобаш.
д) Ҳолати пуркунандагии  интиҳо шакли поёнангӣ катӣ ифода карда шавад.
а) Бо пешояндҳои «то», ҳам  «ба»
 Мисол: Ту то ба куҷо меравӣ? То ба мактаб меравам.
б) Бо пешояндҳои «то», ҳам суффикси «а- я». Мисол: То куҷоя рафтӣ?  То Фарғоная рафтам.
в) Танҳо пешоянди «то» катӣ.
 Мисол: Аз ин ҷо то Ҳисор, метозад қатор-қатор.»
6. Дар истифодаи шумора, ҷонишин, зарф, пешояндҳо ҷорӣ кардани унсурҳои лаҳҷавӣ.
«Шумора
а) Дар охири шумораҳо ба ҷои суффикси архаистии «то» шакли зинда ва ба тамоми шеваҳои тоҷикӣ умумӣ будагӣ «та» кор фармуда шавад.
 Мисол: сета, чорта.
б) Ба ҷои шумораи тартибии «дувум» ва «севум» доимо «дуйум» ва саййум кор фармуда шавад.
в) Шакли «чаҳор», «чаҳордаҳ», «чиҳил» кор фармуда нашаванд, ба ҷои ин шакли «чор, чорда, чил» кор фармуда шаванд.
Ҷонишин
а) Шакли махсуси ҷонишинҳои  шахсӣ, ки ба суффиксҳои «ҳо, ён» сохта шуда, ҷамъро ифода мекунанд, қабул карда шавад.
Мисол: Моҳо мехонем - моён мехонем.
б) Шаклҳои «мо, шумо» ҳам барои ҳурмат, ҳам барои ҷамъ кор фармуда шавад.
Ба ҳамин тариқ ҷонишинҳои шахсӣ дар забони тоҷикӣ ҳаминҳо мебошанд.

содда, танҳо             эҳтиром                     ҷамъ
1. Ман                        Мо, шумо,                   Мо- моҳо-моён,
2. Ту                            вай кас, он кас,        Шумо-шумоҳо шумоён,
3. Вай, ӯ, он              ин кас.                         вайҳо, онҳо.
 
в) Истеъмоли шаклҳои «худаш, худашона» дуруст ҳисоб карда шавад.
г) Шакли «кадоме ки» тамоман   кор фармуда нашавад.
е) Ҷонишинҳо  бандак  катӣ дар чунин шаклҳо  кор  фармуда шаванд:
1. Ман- маро, мо -моро, шумо - шуморо, шумоҳоя, шумоёна
2. Ту- туро, шумо - шумоя-шуморо, шумоҳоя, шумоёна.
3. Вай- вая, ӯ- ӯро, вай- вайҳо - вай, онҳо- онҳоя- онҳоро.»
7. Дар истифодаи феъл дар баробари шаклҳои меъёрӣ ҷорӣ кардани шаклҳои лаҳҷавӣ: «Дар феълҳои нақлӣ (ба ғайр аз шакли танҳои шахси сейум) пеш  аз бандакҷонишинҳо дар байни ду садонок «е» илова карда ҳам кор фармудан мумкин аст.
Гӯё, ман рафта будаям - гӯё, ман рафта будаам.
3. Вайҳо рафта будаянд - Вайҳо рафта будаанд.
д) Шаклҳои эҳтимолии  поёнангӣ ҳам кор фармуда шавад.
Мисол: 1. Аҳмад омадагист.
2. Вай ҳам мерафтагист.
е) Ба вазифаи гузаштаи мутлақ ин шаклҳои феълӣ ҳам кор фармуда шавад.
Мисол: 1. Ман китоб хондагӣ.
Ман то ҳол  хондагим не.
 Дар шахси дуйум дар баробари «ед» ҷамъ бо «етон» ҳам сохта шавад. Шакли «ёд» катӣ сохта шудагӣ барои эҳтиром ҳам кор фармуда шаванд. Шаклҳои «Кашида гирифтан, гирифта овардан, бурда расондан, гуфта додан, шикаста мондан, гирифта партофтан, рафта гирифтан ва дигарҳо» қобили қабул ҳисобида шуд.
8. Аз истифода хориҷ кардани шаклҳои адабии «бояд кард» ва «хоҳад кард». «Шакли «бояд кард» ҳамчун  шакли архаистӣ кор фармуда нашавад. Маънои ин бо шакли «бояд карда шавад» ё ки бо шакли актив ифода карда шавад.
а) Феъли оянда ба шакли «хоҳад кард» ҳамчун шакли архаистӣ кор фармуда нашавад.
Мисол: «Мо корамонро хоҳем кард» не, балки «мо корамонро мекунем».
б) Ба ҷои шаклҳои «нишастан, шустан, коб, ёб»  шаклҳои «шиштан», «шуштан», «ков», «ёв» кор фармуда шавад.»
9. Дар масъалаи имло ва  навишти калимаҳо ин санад ба тарзи навишти русӣ роҳи васеъ кушода, шакли навишти калимаҳои русӣ-интернатсионалиро ба шакли айнан  русӣ қонунӣ гардонид:
«1. Калимаҳои интернатсионалӣ ва советизмҳо ба забони тоҷикӣ аз русӣ ва ё ба воситаи забони русӣ даромадагӣ айнан бо ҳарфҳои тоҷикӣ навишта мешаванд. Мисол: Колхоз, комсомол, коллектив, план, аэроплан, кооперация ва  монанди инҳо.
Дар баъзе калимаҳои хориҷии ба воситаи забони русӣ мегирифтагиамон будагӣ овози «ҳ» агар дар русӣ бо «г» навишта шаванд, дар тоҷикӣ ҳам бо «г» навишта мешаванд. Мисол: гидростансийа, гектар, Гегел.»
10. Дар навишти калимаҳои «қуфл, китф» ва  «анбор, занбур, занбар…»шакли талаффузи онҳоро дар шакли «қулф, китф» ва «амбор, замбур, замбар» қонунӣ гардонид.
Вале дар навишти имлои забони тоҷикӣ барои ётбарсарҳои забони русӣ, ки имрӯз дар алифбои мо ҷорӣ буда, яке аз масъалаҳои баҳсбарангез мебошад, шакли нисбатан дурусти навишти онҳоро бо истифода аз ҳарфҳои алифбои забони тоҷикӣ пешниҳод кардааст, ки дар таҳрири имлои нави забон ба назар гирифтани он аз аҳамият холӣ нест. Чунончи:
-«Я» -и русӣ дар тоҷикӣ  бо «йа», «ю»-и русӣ бо «йу», «ё»-и русӣ бо «йо» навишта мешавад. Мисол: Октйабр, ревалйутсия, зайом.
-«ы»- и русӣ дар тоҷикӣ бо «и», «э» ва «е» навишта мешавад.(«е» агар дар аввали ҳиҷо  омада бошад, дар тоҷикӣ бо «йе» навишта мешавад).
Мисол: лижа, електрик, Йефимов, Вересайев.
-«дж»-и русӣ дар тоҷикӣ бо «ҷ» навишта мешавад. Мисол: Орҷоникидзе.
- «Ц»- русӣ дар тоҷикӣ бо «тс», «щ»бо «шч» навишта мешавад.
Мисол: сотсиализм,  комсомолетс, шчорс, помешчик, баршчина.
- «йе» ва «ия»- и русӣ дар тоҷикӣ бо «ийа» навишта мешавад.
Мисол: правленийа, демократийа.
«ь»-и дар баъзе калимаҳои русӣ меомадагӣ, агар пеш аз овози садонок биёяд, дар тоҷикӣ бо «й» навишта мешавад. Мисол: чойник, самовар, мошина, киросин, чӯтка, минут.».
Ба таври умум ин санад ва тадбирҳои баъдӣ оид ба табдили алифбо барои русикунонии истилоҳот ва дар маҷмӯъ ба тағйири сарфиву наҳвӣ (грамматикӣ) ва овоии (фонетикии) забони тоҷикӣ роҳи васеъ кушод.  
Вале ин ҷараён дер давом накард. Дар зери таъсири нармиши сиёсии солҳои 50-уми садаи ХХ ва махсусан ба нашр расидани мақолаи И. Сталин «Марксизм-ленинизм ва забоншиносӣ» дар Тоҷикистон мақолаи устод С. Айнӣ «Оид ба вазъи забоншиносии тоҷик» «Шарқи сурх», 1952, № 6) чоп шуд, ки дар ин мақола дар баробари зери тозиёнаи танқид гирифтани баъзе каҷравиҳо дар инкишофи илми забоншиносии тоҷик, ба масъалаҳои имло ҳам дахл кардааст.
Бояд гуфт, ки имлои забон ва ба шакли дуруст навиштани калимаҳо дар асарҳои оид ба забон ва забоншиносӣ навиштаи устод Айнӣ мавқеи асосӣ дорад. Ақида ва пешниҳодҳои устод имрӯз ҳам аҳамияти худро гум  накарда, он масъалагузориҳо дар забони адабии имрӯз вуҷуд доранд. Устод Айнӣ дар мақолаи хеш таҳти унвони «Забони тоҷикӣ» таъкид мекунад, ки «душвортарин масъалаи мо масъалаи имло аст.». Садриддин Айнӣ  замоне, ки президенти Академияи фанҳо (имрӯза  Академияи илмҳо) буд, дар бораи масъалаҳои забоншиносӣ ва махсусан имлои забони адабӣ чунин ибрози назар кардааст: «…гурӯҳи дигар забони адабии ҳазорсолаи тоҷикро бо ҳамаи меросҳои адабиаш тамоман инкор карда мехостанд дар асоси забони кӯчагӣ забони «нави адабӣ» созанд ва ба он «забони нав» грамматикаи аҷибу ғарибе ҳам тартиб диҳанд. Яке аз ин ҳуҷумҳои «чап», ки вайро режими аракчеевӣ номидан мумкин аст, дар соли 1937, 1938, 1939 ташкил ёфта буд. Лоиҳанависони ин ҳуҷум дар зери пардаи «забонро ба халқ наздик кардан» мехостанд, ки бо грамматикаи қисман нав як «забони нави адабӣ» созанд. Онҳо нависандагон ва соҳибқаламонро маҷбур мекарданд, ки «Ин Аҳмада китобаш» барин ҷумлаҳоро ҳам ҷумлаи тоҷикӣ дониста кор фармоянд ва дуруст шуморанд. Ва ҳол он ки ин ҷумла тарҷимаи ҳарф ба ҳарфи вайрони як ҷумлаи узбакӣ буд.
Дар имло ҳам дар матбуоти тоҷикӣ ба асоси он лоиҳа вайронкориҳо ҳанӯз ҳукмрон аст. Дар ягон забони маданӣ ва аз ин ҷумла дар забони русӣ дар навиштан талаффуз асос гирифта нашуда бошад ҳам, дар забони тоҷикӣ талаффузро асос гирифта масалан, ба ҷои калимаҳои «анбор, занбар, ҷунбидан» - «амбор, замбар, ҷумбидан» менависанд.
Қатъи назар аз ин хусусияти забони тоҷикӣ, агар дар имло талаффуз асос гирифта шавад, дар забон анархия пайдо мешавад, чунки талаффуз дар ҳар замон ва дар ҳар район дигаргуншаванда аст, ҳатто басо дида шудааст, ки талаффузи шахсҳои ҷудогона ҳам аз якдигар фарқ мекунад. Сабаб ҳамин аст, ки то ҳол дар имлои забони тоҷикӣ анархия ҳукмфармост.».
Бояд гуфт, ки ин фармон ба алифбои лотинӣ таҳия шуда, сарахборе барои табдили алифбои лотинӣ ба алифбои русӣ дар Тоҷикистон буд ва маъракаи ба алифбои русӣ гузаштан оғоз шуда буд ва тавре ба ҳамагон маълум аст, дар моҳи майи соли 1940, яъне баъд аз як соле бештар дар Тоҷикистон алифбои русиасос ба таври расмӣ ҷорӣ гардид. Метавон гуфт, ки то қабули қоидаҳои имло дар замони Истиқлол ин санад асоси қоидаҳои имлои дигар дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ гардид.
Баъд аз гузаштан ба алифбои русиасоси тоҷикӣ дар моҳи майи соли 1940 қоидаҳои имлои забони мо ҳам ба ин алифбо мувофиқ карда шуд ва ба қарори №55 аз 21 – январи соли 1941- и СКХ (Совети Комиссарони Халқ) – и РСС Тоҷикистон «Қоидаҳои асосии орфографияи забони тоҷикӣ» қабул гардид. Хусусиятҳои хоси ин дастур бештар дар Фармони №1 –и вазири маорифи вақт  инъикос  ёфта буд, вале ин қоидаҳо нисбатан муфассалтар буда, ба талаботи замон мувофиқ карда шудааст. «Қоидаҳои асосии орфографияи забони тоҷикӣ» собит месозад, ки ҳанӯз забони адабӣ ба таври муайян шакл нагирифтааст ва дар он иштибоҳҳои дастурӣ дида мешавад. Матни ҷумлаи аввали он шоҳиди ин гуфтаҳост: «Дар тартиб додани орфография хусусиятҳои морфологӣ, фонетикӣ ва сохти синтаксисӣ ҳам тенденцияи муайян шудаи инкишофи забони адабии имрӯзаи тоҷик асос дошта шудааст». Худи ҷумла бо  истифодаи «ҳам» ва таркиби «асос дошта шудан» ноқис ва нодуруст аст.  Аз тарафи дигар, истифодаи истилоҳҳои барои он замон нав воридшудаи русӣ – байналмилалии морфология, фонетика ва синтаксис ... баёнгари сиёсати замон оид ба авлавият додан ба истилоҳҳои русиву аврупоӣ аст. 
Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар даврони Шӯравӣ бори охир дар соли 1972 мавриди таҷдиду бозбинӣ қарор гирифт. Ин имло аз тарафи Комитети терминологияи назди Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон таҳия гардида, дар соли 1967 дар шакли китобча ба баррасии умумӣ пешниҳод гардид.
Ин қоидаҳои имло дар тафовут бо «Орфографияи забони тоҷикӣ» - и солҳои 1941 ва 1953 дар Комитети терминологии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ таҳия гардид ва худи вожаи иқтибосии «орфография»  ба вожаи иқтибосии куҳантари тоҷикишудаи «имло» иваз гардид. Боқӣ асосан такрори ҳамон «Қоидаҳои орфографияи забони тоҷикӣ» - и соли 1953 бо андаке ихтисору суфта кардани забони он мебошад.
Баъди ба истиқлол расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши сиёсати забонӣ ҳам тағйироти бунёдӣ ба вуҷуд омад. Пеш аз ҳама қабули Қонуни забон, амалӣ шудани тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди забони тоҷикӣ имкон дод, ки бисёр монеаҳои сунъии сиёсӣ рафъ гардад. Бинобар ин, дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ комиссияи  имло таъсис ёфт, ки он дар солҳои 1990 – 1992 Лоиҳаи имлои забони тоҷикиро таҳия намуд. Ин лоиҳаро дар шуъбаи забони Институти забон ва адабиёт Ш. Рустамов ва донишманди хуби забон  А. Мирзоев омода намуданд. Он ҷанбаҳои гуногуни имлоро дар бар гирифта буд. Фарқияти он аз таҳияи қоидаҳои пешин аз он иборат буд, ки дар таҳияи он бештар хусусияти суннатӣ ва таърихии забон ба назар гирифта шуда буд. Матни ниҳоии он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 3 – юми сентябри соли 1998 №335 тасдиқ гардид. «Имлои забони тоҷикӣ» аз қоидаҳои имлои соли 1972 нисбатан тафовуту фарқияти зиёде дорад. Аввалан, номи он суфта гардида, аз шакли «Қоидаҳои имлои забони адабии тоҷик» ба шакли дурусти «Имлои забони тоҷикӣ» ислоҳ гардидааст ва ибораи «забони адабии тоҷик» ба «забони тоҷикӣ» тағйир дода шудааст. Шумораи ҳарфҳои тоҷикӣ ҳам, ки дар давраи Шӯравӣ 32 ҳарфи лотинӣ, аввал ба 37 ҳарф дар соли 1940 ва баъд ба 39 ҳарф дар соли 1953 расонида шуда буд, ба 35 ҳарф кам гардид.
Чор ҳарфи хоси алифбои забони русӣ (ы,ь,ц,щ), ки дар асари сиёсати рӯз сари алифбои тоҷикӣ бе риояи қоидаҳои илмӣ бор шуда буд, аз алифбо хориҷ гардид. Номи ҳарфҳо ҳам ба тарзи талаффузи тоҷикӣ мувофиқ карда шуданд. Дар тартиби овардани ҳарфҳои садонок тағйирот ворид гардид. Мавқеи истифодаи ӣ  (и – и заданок) низ васеъ гардид ва минбаъд дар калимаҳои иқтибосии навъи Батумӣ, Тбилисӣ, Ибаруррӣ, таксӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳарфи ӯ (у– и дароз) «вови маҷҳул» ном гирифт.
Ин ҳуҷҷати давраи истиқлол то соли 2011 амал кард. Дар ин муддат дар рушду  густариши забони тоҷикӣ ва махсусан дар муносибати ҷомеа ба забон дигаргуниҳои зиёде ба амал омад. Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Кумитаи ҷумҳурии истилоҳоти назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам хӯрд ва дар асоси онҳо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис ёфт. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5 октябри соли 2009 қабул гардид. Ҳарчанд ки «Имлои забони тоҷикӣ» бо фаро гирифтани бахши бештари хусусиятҳои забони адабӣ таҳия гардида буд, вале зарурати аз нав баррасӣ намудани он ҳис мегардид. Ин зарурат аз тарафи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон низ таъкид шуда буд: «Имрӯз мо ба услуби илмӣ, забони суфтаю шево ва оммафаҳми матбуот, забони коргузории устувор, истилоҳоти ягонаи соҳаҳо, луғатҳои тафсирии якзабона, дузабона, имлои нисбатан возеҳу ба меъёрҳои забонамон хос эҳтиёҷ дорем».
Тавре дар сарсухани «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» омадааст, барои таҳияи қоидаҳои имлои «фарогири меъёрҳои забони адабӣ» «дар асоси фармоиши кумита аз 8 январи соли 2010 таҳти №21 дар ҳайати забоншиносон Д. Саймиддинов (раис), С. Назарзода, Б. Камолиддинов, Ҳ. Маҷидов, Ғ. Ҷӯраев, Ш. Исмоилов, М. Султонов, Ф. Зикриёев, О. Муҳаммадҷонов, Ш. Кабиров ва К. Донаева (котиб) комиссия таъсис ёфт... Лоиҳаи имло беш аз як сол мавриди такмилу таҷдид қарор гирифта, сипас барои баррасӣ ба кафедраҳои забони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ фиристода шуд. Пешниҳодҳои онҳо дар ҷаласаҳои гурӯҳи корӣ баррасӣ ва дар асоси пешниҳодҳои қабулгардида лоиҳаи имло такмил дода шуд. Хусусиятҳои хоси ин қоидаҳои имло чунинанд:
Номи он аз «Имлои забони тоҷикӣ» ба шакли «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»  тағйир дода шуд ва ба он вожаи «қоида» илова гардид;
Номи ҳарфҳо ба шакли талаффузи таърихии он дар алифбои кириллӣ оварда шуд, ки аз ин қоида ҳарфҳои хос барои овозҳои забони тоҷикӣ истисно шуданд. Бояд гуфт, ки талаффузи ҳарфҳо ба шакли тоҷикӣ дар «Имлои забони тоҷикӣ» (1998) расмӣ шуда буд.
Имлои садонокҳо ҳам мавриди бозбинӣ қарор гирифта, «тартиб ва меъёри имлои садонокҳо дар тафовут аз имлои қаблӣ бар асоси равиши илмӣ ва таърихӣ таҳия ва тасниф гардида, қоидаҳои навиштани онҳо дар бандҳо ва зербандҳои ҷудогона танзим ва ҷойи истифодаи онҳо дар тартиби нав оварда шуд».
Имлои вожаҳои иқтибосии (исмҳои хос) Гандӣ, Паганинӣ, Ибаррурӣ, Сочӣ, Тбилисӣ ва (исмҳои ҷинс) таксӣ, туфлӣ ва ғайраҳо ба шакли пешин, яъне дар талаффуз ва навишти русӣ барқарор карда шуд. Имлои ин вожаҳо дар се қоидаи имлои пешин (1941, 1954, 1972) чунин буд ва танҳо дар «Имлои забони тоҷикӣ» - и соли 1998 он ба тариқи талаффузи тоҷикӣ мувофиқ карда шуда буд.
Дар имлои ҳамсадоҳо низ, махсусан дар навишти ҳамсадоҳои ташдиддори арабӣ тағйирот ворид гардида, қолабҳои маъмулии вожасозии ин гуна калимаҳо нишон дода шудааст.
Имлои номи мақомоти олии давлатӣ, мансабҳои олӣ, рамзҳои давлатӣ, номи муассисаҳо мувофиқи тартиботи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ислоҳу танзим ва бандҳо ва зербандҳои нав таҳия гардиданд.
Матни «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ҳам аз лиҳози муҳтавиёт ва ҳам аз лиҳози сохтор ба таври муфассал мавриди таҳриру такмил қарор дода шуд.
Ҳамин тариқ, баъд аз баррасии ниҳоӣ «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ба Ҳукумати Тоҷикистон  пешниҳод ва 4 октябри соли 2011 бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти № 458 тасдиқ гардид ва мавриди амал қарор гирифт. «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар асоси меъёрҳои илмиву таърихӣ таҳия шуда, гоми ҷиддие барои устувору собиттар шудани имлои забони адабии мост. Вале қоидаҳои имло ҳамчун забон доимо дар ҳоли тағйир аст ва ин тағйирот бояд доимо аз тарафи забоншиносон ба инобат гирифта шаванд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.10.2014    №: 194    Мутолиа карданд: 15244
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед