суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар мулоқот бо масъулону фаъолони ноҳияи Қумсангир, 6 октябри соли 2014
Ҳамчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қумсангир, масъулони соҳа ва роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзиро зарур аст, ки ҷиҳати дар муҳлати мувофиқ ва бо истифода аз тухмии хушсифат гузаронидани кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироатҳо, инчунин риояи агротехникаи парвариши онҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Ҳамасола аз буҷети мамлакат ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои таъмиру барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ, таҷҳизоти барқӣ ва дигар иншооти обрасонӣ маблағҳои зарурӣ равона карда мешаванд. Аз ҷумла дар давоми солҳои 2005 - 2014 дар доираи ду барномаи давлатии беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии мамлакат дар ноҳияи Қумсангир ҳолати мелиоративии 830 гектар замин беҳтар гардонида шудааст. Ҳамзамон бо ин, дар ҷараёни амалисозии марҳалаи аввали лоиҳаи «Таъмини шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ дар солҳои 2011-2012» ҳолати мелиоративии қариб ду ҳазор гектар замин бо харҷи зиёда аз 50 миллион сомонӣ беҳтар карда шудааст.
Мехоҳам ёдовар шавам, ки тибқи “Барномаи давлатии аз худ намудани заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020” дар ноҳияи Қумсангир навбати якуми барқарорсозии 6 ҳазору 500 гектар замин дар мавзеи Қарадум дар давоми солҳои 2016-2018 бо харҷи 33 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Соли гузашта майдони заминҳои партов дар ноҳияи Қумсангир зиёда аз 6 ҳазору 260 гектар ва майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда беш аз 600 гектарро ташкил намудааст, ки қариб 6 ҳазору 400 гектари онҳо заминҳои обӣ мебошанд. Дар робита бо ин, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои нишондиҳандаҳои дурнамои рушди соҳаи кишоварзӣ, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва пешгирӣ кардани партовшавии заминҳои корами ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳукумати кишвар рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои калидии сиёсати иҷтимоии худ дониста, барои таҳсил ва ба воя расонидани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон тамоми шароити мусоидро фароҳам овардааст.
Дар давоми ҳафт соли охир дар ноҳияи Қумсангир 29 бинои нави таълимӣ ва 172 синфхонаи иловагӣ, аз ҷумла танҳо соли гузашта ду мактаби нав ба маблағи умумии қариб 23 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Тибқи нақша то охири соли равон дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ ва шаҳраки Дӯстӣ ду мактаби муосир бо 14 синфхонаи муҷаҳҳаз сохта, ба истифода дода мешавад.
Умуман дар тӯли солҳои 1997 - 2014 тавассути дастгириҳои давлатӣ ва бо ҳиммати соҳибкорону падару модарон дар муассисаҳои таълимии ноҳия қариб 4 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст, ки, албатта, дар самти донишомӯзии хонандагон ва фаъолияти мусоиди кории омӯзгорон таъсири мусбат мерасонад.
Солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Қумсангир 20 муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла се маркази саломатӣ ва 17 бунгоҳи тиббии замонавӣ сохта, дар 11 муассисаи солимгардонӣ корҳои таъмиру барқарорсозӣ гузаронида шудаанд.Дар иртибот ба ин, масъулони соҳаро зарур аст, ки ба фаъолияти бонизоми муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар иншооти иҷтимоӣ аҳамияти махсус дода, ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода омода намудани онҳо тадбирҳои муассир андешанд. Вале дар баробари ин, дар соҳаи маорифи ноҳия то ҳол масъалаҳои ҳалталабе вуҷуд доранд, ки ҳаллу фасли онҳо аз мақомоти дахлдор масъулияти ҷиддиву саривақтиро тақозо менамояд. Аз ҷумла, масоили вобаста ба таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, бахусус омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, тақвият додани корҳои тарбиявӣ дар байни хонандагон, дар зеҳни онҳо бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, татбиқи бечунучарои қонунҳои дар самти таълиму тарбия қабулшуда, тарбияи ахлоқии ҷавонону наврасон ва ҳифзу ҳимояи онҳо аз гаравиш ба ҷараёнҳои ифротгаро аз масъалаҳои ҳалталаб мебошанд.
Аз ин лиҳоз, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Қумсангирро зарур аст, ки ҷиҳати рафъи масоили ҳалталаби соҳаи маориф ва таълиму тарбияи ҷавонон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди донишомӯзӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд. Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи масъулони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар марҳалаи кунунии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҷалби мардум ба корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот мебошад.
Мову шумо ҳамчун созандагони давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ бо такя ба заминаҳои ҳуқуқии давлатдориамон дар остонаи ҷашни бистсолагии қабули Конститутсияи кишвар ва Суруди миллӣ қарор дорем. Ҳамаи мо вазифадорем, ки барои дар сатҳи баланди давлатӣ ҷашн гирифтани чорабиниҳои мазкур саъю талош намуда, ҷиҳати таъмини волоияти қонун ва риояи ҳатмии он мардумро раҳнамоӣ созем.
Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланду заҳматқарини ноҳияи Қумсангир чун ҳарвақта бо меҳнати созандаи худ ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон саҳм мегузоранд ва дар таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакатамон саъю талош менамоянд.
Дар ин роҳ ба ҳамаи шумо барори кор, хонаи обод ва рӯзгори пурфайз орзу менамоям! Инчунин хурду бузурги мардуми шарифи ноҳияро бори дигар ба ифтихори иди саиди Қурбон, ки дирӯз дар кишвари соҳибистиқлоли мо дар муҳити хурсандиву хушҳолии зиёд ва бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ таҷлил гардид, самимона табрик мегӯям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.10.2014 №: 195 Мутолиа карданд: 1342