суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Қубодиён, 7 октябри соли 2014
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирони гиромӣ!
Нахуст аз ҳама мехоҳам бо қаноатмандӣ изҳор намоям, ки вақтҳои охир бо иқдому ташаббуси Ҳукумати мамлакат ва саҳми ватандӯстонаи афроди бонангу номуси кишварамон раванди ободониву пешрафти Тоҷикистони азизамон вусъати тоза пайдо мекунад. Бешубҳа, ин иқдомоти нек ба ҳар яки мо дар татбиқи нақшаҳои созанда ҷиҳати рушди иқтисодии кишвар, раванди амалӣ гардидани ҳадафҳои миллӣ ва таъмини зиндагии шоиста барои сокинони кишвар неруи тоза мебахшад.
Дар давоми солҳои истиқлолият мардуми заҳматкаши ноҳияи Қубодиён дар қатори дигар сокинони мамлакат барои пешрафти сатҳи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат садоқатмандона кору фаъолият намуда, бахусус дар самти ҳифзи амнияти озуқаворӣ саҳми сазовори худро гузошта истодаанд.
Рушду тараққиёти ноҳияи Қубодиён ва беҳтар гардонидани сатҳи некуаҳволии сокинони он дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дошта, ҷиҳати вусъат бахшидани амалҳои созанда дар ноҳия дар давоми 10 соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 307 миллион сомонӣ равона гардидааст, ки қисми зиёди ин маблағҳо ба соҳаҳои иҷтимоӣ, сохтмони иншооту роҳҳои маҳаллӣ ва дастгирии буҷети ноҳия харҷ карда шудаанд. Ҳамзамон бо ин, Ҳукумати кишвар дар доираи барномаҳои давлатӣ ҷиҳати таъмини рушди бахшҳои гуногуни ноҳия пайваста чораҷӯӣ менамояд.
Тӯли солҳои охир дар ноҳия татбиқи 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, шуғли аҳолӣ ва ободонии маҳал ба анҷом расида, ҳоло як лоиҳаи дигари сармоягузорӣ мавриди амал қарор дорад. Ҳаҷми умумии маблағҳои аз ҳисоби лоиҳаҳо азхудшуда 23 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби маблағҳои зикршуда корҳои таъмиру сохтмони якчанд муассисаи таълимӣ, 9 иншооти тиббӣ ва таҷҳизонидани онҳо иҷро шудаанд. Илова бар ин, дар доираи лоиҳаи минтақавии интиқоли қувваи барқ дар ноҳияи Бохтар барои барқарорсозии зеристгоҳи “Румӣ” зиёда аз 14 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Инчунин дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2011-2015» татбиқи як силсила корҳои ободониву созандагӣ ба маблағи умумии 126 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидаанд.
Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба ҳолати аввали сентябри соли 2014 танҳо 88 лоиҳа ба маблағи 18,5 миллион сомонӣ ё 15 фоиз аз арзиши умумии барнома амалӣ гардидаасту халос. Бинобар ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҷӯӣ карда, минбаъд таҳияи барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии маҳалҳоро бо дарназардошти дурнамои рушди мамлакат, барномаҳои соҳавию умумидавлатӣ ва имкониятҳои воқеӣ ба роҳ монанд. Ҳамзамон бо ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиёнро лозим аст, ки ҷиҳати дарёфти манбаъҳои маблағгузории иловагӣ тадбирҳои судманд андешида, ҳамкориро бо вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ ҷоннок намуда, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва маблағҳои аз дигар сарчашмаҳои барои татбиқи барномаи рушди ноҳия пешбинигардидаро таъмин намояд. Дар баробари ин, солҳои 2011-2014 берун аз барнома аз ҳисоби бахши хусусӣ ва аҳолӣ ба андозаи 16,5 миллион сомонӣ дар бахшҳои гуногун корҳои бунёдкориву барқарорсозӣ ба сомон расонида шудаанд.
Соли 2014 аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ, аз ҷумла барои сохтмони мактаб бо 624 ҷойи нишасти хонандагон дар хоҷагии Худойқулов ва сохтмони мактаб барои 280 хонанда дар Ҷамоати деҳоти Қубодиён низ маблағҳои зарурӣ ҷудо гардидаанд.
Бояд гуфт, ки густариши фаъолияти соҳибкориву ҷалби сармоя омили асосии ташкили коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ буда, муҳимтар аз ҳама, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Бинобар ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор аст, ки масъалаву мушкилоти дар ин самт ҷойдоштаро ҳарчи зудтар бартараф намуда, ба рушди соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд. Дастгирии соҳибкорӣ ва дар навбати аввал соҳибкории истеҳсолӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Бо ин мақсад аз ҷониби Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” дар ноҳияи Қубодиён маблағгузории лоиҳаҳои якчанд ширкатҳои хусусӣ доир ба ташкили корхонаҳои истеҳсолии коркарди пашму пахта, истеҳсоли консерви меваю сабзавот ва заводи хиштбарорӣ ба маблағи умумии қариб 3 миллион сомонӣ амалӣ гардидааст.
Бинобар ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якҷо бо Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” вазифадор карда мешавад, ки хароҷоти мақсадноки маблағҳои мазкурро зери назорат қарор дода, ҷиҳати ташкили теъдоди ҳарчи бештари ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намоянд.
Бояд гуфт, ки боло рафтани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ аз ташкили ҷойҳои нави корӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ниёзи аввал ва дастгириҳои пайвастаи давлатӣ вобаста мебошад. Қобили зикри хос аст, ки тайи чанд соли охир дар баробари тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати бо шуғли доимӣ таъмин будани аҳолӣ, инчунин соҳибкорон ва дигар шахсони саховатпеша дар ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва бо ин роҳ таъмин намудани сокинони ноҳияҳои дурдасти кишвар бо ҷойи кор саҳми назаррас мегузоранд.
Имрӯзҳо бо саҳмгузории соҳибкорони бонангу номуси ноҳияи Қубодиён ҷиҳати бунёди 30 иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсоли шағалу болопӯши бино, орду равған, хишту асфалт ва шиша, инчунин коргоҳҳои коркарди меваю сабзавот, пашм ва дигар иншооти иҷтимоиву марказҳои хизматрасонӣ корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд.
Мушкилоти асосие, ки дар ноҳия ба рушди соҳибкории хурду миёна монеа эҷод менамояд, пеш аз ҳама, маҳдуд будани имкониятҳои молиявии соҳибкорон, фоизи баланди қарзҳои бонкӣ ва арзиши баланди амалиёти содиротӣ барои баровардани мол ба хориҷи кишвар мебошанд. Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, якҷо бо мақомоти дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки дар заминаи ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари соҳибкорони ноҳия ба корҳои созандагӣ дастгирӣ ва ҳамкориҳоро тақвият дода, ҷиҳати ҳалли саривақтии мушкилоти дар ин самт ҷойдошта тадбирҳои дахлдорро амалӣ созанд.
Мавриди зикри хос аст, ки соҳаи саноати ноҳия аз ҷумлаи самтҳои таҳкимбахши иқтидори иқтисодӣ буда, ин соҳа дорои имкониятҳои васеъ барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ мебошад. Зеро таҳкими самаранокии корхонаҳои саноатӣ ва бо роҳи истифода аз технологияи пешқадам истеҳсол намудани маҳсулоти рақобатпазиру бозоргир ба васеъ шудани бозори фурӯш ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.
Дар ноҳия бо истифода аз захираи нафт ва оҳаксанги маҳаллӣ имконияти рушди соҳаи коркарди нафт ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон мавҷуд буда, бо дарназардошти мавҷудияти конҳои тиллову сурма, руҳу волфрам ва оҳаксанг заминаҳои афзоиш додани истеҳсоли онҳо вуҷуд доранд. Инчунин имкониятҳои мувофиқ барои истеҳсоли семент, оҳаку сангреза ва дар ин асос ба роҳ мондани истеҳсоли маснуоти оҳану бетон ва дигар масолеҳи сохтмонӣ мавҷуд мебошанд.
Ҳоло дар ноҳия 9 корхонаи саноатӣ дар заминаи ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият карда, соли гузашта дар онҳо ба маблағи умумии 70 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки дар қиёс ба соли 2012-ум 11 фоиз зиёд мебошад. Вале дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 35 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам мебошад. Аз ин лиҳоз, сохтору мақомоти дахлдор, пеш аз ҳама, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки ҷиҳати бартарафсозии камбудиву норасоиҳои мавҷуда ва рушди босуботи соҳаи саноати ноҳия чораҳои мушаххас андешанд.
Ҳозирони гиромӣ!
Тибқи маълумот, агар соли 2004 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Қубодиён 221 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардида бошад, ин нишондиҳанда сол аз сол афзоиш ёфта, соли 2013 ба 442 миллион сомонӣ расидааст. Яъне ин нишондиҳанда дар ин давра ду баробар афзоиш ёфтааст. Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 350 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта чор фоиз бештар аст. Дар баробари ин, кишоварзони ноҳияро зарур аст, ки ҷиҳати ғунучини саривақтии ҳосил, гузаронидани кишти тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтӣ, инчунин омодагӣ ба кишти баҳорӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Инчунин бори дигар таъкид менамоям, ки иқлими ноҳияҳои ҷануби кишвар имкон медиҳад, ки сабзавоткории барвақтӣ ва истифодаи васеи гармхонаҳо боиси рӯёнидани ҳосил дар тамоми фаслҳои сол ва омили ташкили ҷойҳои нави кориву баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.
Бо мақсади бунёди боғу токзорҳои нав ва амалӣ гардонидани Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2014» дар масоҳати 1071 гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки ба 97 фоизи иҷрои барнома баробар мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки зимни сафари кории қаблиам ба ноҳия оид ба бунёди боғҳои ангури кишмиш ва пиставу зайтун тавсия дода будам ва ҳоло тибқи маълумот 4 гектар токзор ва 2 гектар боғи писта бунёд карда шудааст. Ҳамзамон бо ин, бо дарназардошти иқлими ноҳия зарур мешуморам, ки ҷиҳати парвариши ситрусиҳо, аз ҷумла зиёд кардани истеҳсоли лимӯ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Бояд гуфт, ки истифодаи мақсадноки замин аз фарҳанги қадимаи мардуми мо сарчашма гирифта, гузаштагонамон риояи ин таъбири оқилонаро омили асосии афзоиши баракати зиндагӣ медонистанд.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки мушкилоти асосии соҳаи кишоварзии ноҳия норасоии техникаи кишоварзӣ, нуриҳои маъданиву органикӣ, тухмии хушсифат, фаъолияти номунтазами иншооти обрасонӣ, таҷрибаи нокифояи истифода ва идораи замин, нархи баланди доруворӣ ва риоя нагардидани маданияти заминдорӣ мебошанд. Вобаста ба ин, Вазорати кишоварзӣ якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиёнро зарур аст, ки ҳолати воқеии соҳаи кишоварзии ноҳияро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, барои бартарафсозии камбудиву норасоиҳои ҷойдошта чораҳои саривақтӣ андешанд.
Мехоҳам як нуктаро таъкид созам, ки маърифати экологӣ унсури таркибии ҳаёти ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар ҷаҳони муосир тарғибу ташвиқи моҳияти он василаи асосии ҳифзи муҳити зист мебошад. Ҳукумати кишвар ба масъалаи мазкур аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, дар доираи супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» амалӣ намудани як зумра тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудааст. Раванди татбиқи барномаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бомаром идома дошта, бо ин мақсад дар ноҳияи Қубодиён тайи солҳои амали барнома 67 километр шабакаҳои обёрӣ, 25 километр заҳбуру заҳкаш тоза карда шуда, 12 иншооти гидротехникӣ бо мақсади беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обӣ таъмиру барқарор карда шудаанд.
Дар робита бо ин, мақоми ваколатдори соҳа вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати пурра татбиқ намудани «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» тадбирҳои муассир андешида, ҳамзамон бо андешидани тадбирҳои зарурӣ ташвиқу тарғиби маърифати экологиро дар байни сокинон тақвият бахшад.
Ҳозирони гиромӣ!
Ҳикмати мардумӣ аст, ки бунёди роҳ ва осон намудани мушкилоти одамон яке аз беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ва оини ҷавонмардӣ мебошад. Ин амал метавонад ба таҳкими дӯстии сокинон, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии онҳо ва муаррифии мавзеъҳои таърихиву сайёҳии мамлакат мусоидат намояд.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди инфрасохтори коммуникатсионии минтақаҳои кишвар таъмиру барқарорсозии роҳҳои нақлиётиро омили асосӣ шумурда, барои амалӣ намудани он ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохилӣ ва хориҷиро ба роҳ мондааст. Вақтҳои охир ба ин кори хайр соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланди кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, раванди таъмиру навсозии роҳҳои маҳаллӣ рӯз ба рӯз вусъат гирифта истодааст. Аз ҷумла дар Ҷамоати деҳоти Назарови ноҳия бо дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорон таъмири роҳи мошингард идома дошта, 6 километр қисми болопӯши роҳ аз таъмир бароварда шудааст, ки чунин иқдом, албатта, қобили дастгирӣ ва намунаи ибрат мебошад.
Дар робита бо тақвияти раванди таъмиру барқарорсозии роҳҳо ба тамоми соҳибкорони бонангу номуси ноҳия муроҷиат менамоям, ки дар таъмиру навсозии роҳҳо ба хотири ободии зодгоҳ ва Ватани азизамон саҳми ватандӯстонаи худро гузоранд.
Мавриди зикри хос аст, ки имрӯз ба масъалаи бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар ноҳия аҳамияти зарурӣ дода мешавад. Ин аст, ки танҳо дар 8 моҳи соли ҷорӣ 800 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст, ки дар натиҷа зиёда аз 70 фоизи муроҷиаткунандагон ба ҷойи кори доимӣ ҷалб шудаанд. Вале ин нишондиҳанда бо дарназардошти имкониятҳои ноҳия ҳанӯз ҳам қонеъкунанда набуда, мусоидат ба ташкили ҳарчи бештари ҷойҳои доимии корӣ вазифаи аввалиндараҷаи масъулони мақомоти давлатӣ ва шуғли аҳолии кишвар мебошад.
Яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти ноҳияҳои дурдасти кишвар омодасозии кадрҳои ҷавон мебошад. Тавре маълум аст, аҳолии ноҳияи Қубодиён асосан ба соҳаи кишоварзӣ машғул буда, ба мутахассисони касбии ин соҳаи муҳим, инчунин кадрҳои маорифу тандурустӣ бештар ниёз дорад. Бо дарназардошти ин, ба Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия супориш дода мешавад, ки зимни банақшагирии теъдоди кадрҳои омодашаванда, аз ҷумла тибқи квотаи президентӣ раванди ҷалби ҷавононро ба касбу ихтисосҳои соҳаи кишоварзӣ, тандурустиву маориф ва саноат мақсаднок ба роҳ монанд.
Дӯстони гиромӣ!
Қубодиёни куҳанбунёд ҷузъи таърихи қадимаи тоҷикон буда, тибқи маъхазҳои таърихӣ мафҳуми Қубодиён ба номи асосгузори сулолаи Каёниён – Кайқубод мансуб аст ва аз рӯи маълумоти баъзе сарчашмаҳо дорои таърихи сеюнимҳазорсола мебошад. Маркази ноҳия тӯли асрҳои миёна ҳамчун маркази илму фарҳанг ва тиҷорати минтақа маҳсуб шуда, дар «Шоҳроҳи бузурги абрешим» ҷойгир будааст.
Бозёфтҳои нодиру қадимаи қаламрави ноҳия, аз қабили «Тахти сангин», «Қалъаи Мир», «Теппаи шоҳ», «Тахти Қубод», «Сафедмазор» ва «Куҳандиз» аз ёдгориҳои беназири ин гӯшаи диёрамон мебошанд, ки бозгӯи куҳанбунёд будани ин сарзамин ҳастанд. Айни замон дар ҳудуди ноҳия 16 ёдгории таърихӣ мавҷуд буда, яке аз онҳо маҷмааи «Тахти сангин» мебошад, ки дар замони Искандари Мақдунӣ бино гардида, ҷузъи “Ганҷинаи Амударё” маҳсуб мешавад.
Аз ин хотир, маҷмааи «Тахти сангин» бо мақсади таъмиру барқарорсозӣ ба қатори дигар ёдгориҳои таърихиву меъмории кишвар ба «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020»-ум дохил карда шудааст, ки тибқи нақша корҳои барқарорсозии он соли 2015 оғоз мешаванд. Инчунин бунёди иншооти нави иҷтимоӣ ва таъмиру навсозии дигар биноҳои маъмурӣ дар нақша буда, дар доираи барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия давра ба давра амалӣ карда мешавад.
Худи ҳамин рӯз дар доираи сафари корӣ ҷиҳати таҳкими тадбирҳои созанда ва ободу зебо намудани симои Қубодиён дар маросими ба истифода супурдани бинои маъмурии мақомоти андоз, корхонаи коркарди сангу шағал ва маҳсулоти бетонӣ ширкат намудем. Ҳамзамон ҷиҳати муосиргардонии раванди таълим санги асоси мактаб-интернат барои 320 нафар ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро барои 640 хонанда гузоштем. Бовар дорам, ки иншооти мазкур дар як муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд сохта шуда, дар оянда ҷиҳати тарбияи беҳтар ва муосири насли наврас ва ҳидоят намудани онҳо дар роҳи худшиносиву ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои муқаддаси миллӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҳамзамон бо ин, соли ҷорӣ барои мардуми Тоҷикистон соли хотирмон буда, дар баробари дигар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ 20 – солагии Сарқонуни кишвар, 600 – солагии шоир ва яке аз шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ҷашн гирифта мешаванд.
Итминон дорам, ки дар чунин марҳалаи созандаи кишвар ҳар як фарди Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони баландҳиммати ноҳияи Қубодиён масъулияти шаҳрвандии худро дучанд эҳсос намуда, дар раванди ободонии ин гӯшаи таърихии диёрамон азму талоши ватандӯстонаи хешро дареғ намедоранд. Ҳамчунин таъкид месозам, ки дар баробари вусъати корҳои созандагӣ ба масъалаҳои рӯзгордорӣ, аз қабили сарфаву сариштакорӣ, тарбияи дурусти фарзандон ва пешгирии ҳодисаҳои нангини барои фарҳанги мо бегона эътибори махсус зоҳир намоем.
Фаромӯш набояд сохт, ки амалӣ намудани тадбирҳои неку созанда, ободонии диёр, таҳкими ваҳдати миллӣ, кумак ба табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи рушди соҳибкорӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва сохтмони иншооти иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, вазифаи ҳаррӯзаи ҳар як роҳбари сохтору мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроия ва ҳар як фарди баномуси он мебошад.
Бо ҳамин ниятҳои самимиву созанда ба кулли мардуми сарбаланди ноҳияи Қубодиён тансиҳативу осудаҳолӣ ва дар ҷодаи ободонии Ватани маҳбубамон рӯзгори хушу барори кор орзумандам.
Доимо сарбаланду муваффақ бошед, ҳамватанони азиз!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 9.10.2014 №: 196 Мутолиа карданд: 1398