logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ҳангоми мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Хуросон, 8 октябри соли 2014

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирони гиромӣ!
Басо рамзист, ки мулоқоти имрӯзаи мо бо шумо, фаъолон ва намояндагони сокинони ноҳияи Хуросон дар остонаи таҷлили 20-солагии қабули ҳуҷҷати роҳнамо ва бахтномаи миллат - Конститутсияи Тоҷикистон ва яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон - Суруди миллӣ, инчунин дар соли бузургдошти мутафаккири намоёни ирфону адаби тоҷик - Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор шуда истодааст.
Бинобар ин, бо истифода аз фурсат иштирокчиёни мулоқоти имрӯза ва тамоми сокинони сарбаланди ноҳияи Хуросонро ба ифтихори ин санаҳои муҳими таърихӣ табрик гуфта, дар кору пайкори созандаатон ба хотири ободонии ноҳия ва кишвари маҳбубамон барору комёбӣ орзу менамоям.
Тавре огоҳед, дар ҷараёни сафарҳои кории Роҳбари давлат ба шаҳру ноҳияҳои кишвар вазъи иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳои кишвар ва рӯзгору фаъолияти мардум баррасӣ гардида, ҷиҳати тақвияти фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳо дастуру супоришҳо дода мешаванд. Зеро рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳои мамлакат ҷузъи таркибии Стратегияи миллии рушд, барномаҳои давлатӣ ва омили асосии баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон буда, аз мақомоту идораҳои дахлдор ва роҳбарони сохторҳои давлатӣ масъулияти дучандро тақозо менамояд.
Аз ин рӯ, дар доираи татбиқи самараноку саривақтии стратегияву барномаҳои рушди шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла ноҳияи Хуросон, пешрафти босуботи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат таъмин гардида, заминаи амалӣ гардидани ҳадафҳои миллиамон гузошта мешаванд.
Дар ҷараёни сафар маълум гардид, ки симои ноҳияи Хуросон назар ба даҳ соли пеш куллан тағйир ёфта, биноҳои навсохту иншооти бунёдшаванда, роҳҳои таъмиршуда ва фаъолияти босуботи муассисаҳои иҷтимоӣ бозгӯи ободу зебо гардидани ин гӯшаи ватанамон мебошад.
Дар идомаи амалҳои созандаву ободонии ноҳия имрӯз бо мақсади беҳсозии сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба сокинони ноҳия якчанд шуъбаҳои нави беморхонаи марказӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, ҷиҳати истифодаи самараноки ашёи хоми маҳаллӣ корхонаҳои коркарди пахта, инчунин маҳсулоти ширӣ ба кор андохта шуданд.
Бовар дорам, ки иншооту корхонаҳои нави имрӯза ҷиҳати баланд гардидани сатҳи хизматрасонӣ, бо ҷойи корӣ таъмин шудани сокинон, ғанӣ гардидани буҷети ноҳия ва боло рафтани дараҷаи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунанд.
Ҳукумати мамлакат ба рушди бахшҳои гуногуни ноҳияи Хуросон эътибори хоса зоҳир менамояд. Дар давоми 10 соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои тараққиёти ноҳия зиёда аз 223 миллион сомонӣ равона гардидааст, ки қисми зиёди ин маблағҳо барои ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ харҷ шудаанд.
Дар ин давра буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ 62 миллион сомониро ташкил дода, ба ноҳия тавассути маблағгузорӣ аз ҳисоби фонди захиравии Президент ва Ҳукумати мамлакат, инчунин аз ҳисоби маблағҳои сохтмони асосии марказонидашуда ва кумакҳои субвенсионӣ беш аз 136 миллион сомонӣ равона карда шудааст. Инчунин дар давоми солҳои охир дар ноҳия татбиқи 9 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои тандурустиву маориф, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва таҷдиди роҳ ба анҷом расонида шудааст.
Умуман аз соли 2002 инҷониб аз ҳисоби татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 42 миллион сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар доираи амалисозии Лоиҳаи таҷдиди роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа – Данғара-Кӯлоб дар ҳудуди ноҳия беш аз 23 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст. Инчунин сохтмони бинои таълимии 6 синфхона дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод, бинои таълимии 8 синфхона дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 38-и деҳаи Пахтаобод ва таъмири бинои таълимии 7 синфхона дар деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти 50 - солагии Тоҷикистон ба анҷом расидааст.
Айни замон дар ноҳия дар доираи барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва инфраструктураҳои ҷамоавӣ», лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин баҳри тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ, лоиҳаи «Идоракунии хавфи обхезӣ дар вилояти Хатлон», лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои оби Тоҷикистон сармоягузориҳои давлатӣ идома доранд. Аз ин ҳисоб ҳоло қариб 4 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.
Инчунин дар 3 соли оянда барои ноҳияи Хуросон тавассути амалисозии лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои оби Тоҷикистон беш аз 17 миллион сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.
Ҳамзамон бо ин, тавассути Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ сохтмони бинои дуошёнаи таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13 ба маблағи беш аз 1,5 миллион сомонӣ мавриди чораҷӯӣ қарор дорад.
Соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ барои ноҳияи Хуросон 1,2 миллион сомонӣ барои сохтмони бинои комиссариати ҳарбии ноҳия ва мактаби рақами 7 дар Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод ҷудо гардидааст. Инчунин барои солҳои 2015 - 2017 аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ тақрибан 4,2 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ин маврид, бояд таъкид намуд, ки то ҳол барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия таҳия ва тасдиқ нашудааст. Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор карда мешаванд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати дар муҳлати наздиктарин таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намудани барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия чораҳои бетаъхир андешанд.
Аз ҷониби дигар, ҳаҷми пешниҳоди қарз аз ҷониби ташкилотҳои молиявӣ барои рушди иқтисодиёти ноҳия торафт афзоиш меёбад. Соли гузашта ҳаҷми қарзҳои додашуда ба 30 миллион сомонӣ баробар гардидааст. Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 22 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28 фоиз зиёд мебошад.
Дар баробари ин, барои пешрафту тараққиёти ноҳия имконияту воситаҳои истифоданашуда ҳанӯз хеле зиёданд. Аз ҷумла дар ноҳия ҷиҳати рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва коркарди ашёи хом имкониятҳои васеъ мавҷуданд, ки истифодаи мақсадноки онҳо метавонад барои ҳалли аксар масъалаҳои ноҳия мусоидат кунад.
Барои ин ташаббускорӣ, майлу хоҳиш ва Ватанро самимона дӯст доштан зарур аст. Аз ин лиҳоз, сохтору мақомоти дахлдор, пеш аз ҳама, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд фаъолияти худро ҷиҳати дастгирии иқдомҳои неку созандаи соҳибкорон тақвият бахшанд.
Соли гузашта дар корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 47 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки аз рушди тадриҷии соҳа гувоҳӣ медиҳад. Масалан, агар соли 2009 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия 20 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас дар 5 соли охир ин нишондиҳанда 2,4 баробар зиёд гардидааст. Аз ҷумла дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 4,3 фоиз афзудааст.
Дӯстони азиз!
Ҳоло беш аз 70 фоизи аҳолии ноҳияи Хуросон ба соҳаи кишоварзӣ машғул мебошанд. Тибқи таҳлилҳо дар зарфи 10 соли охир истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулоти соҳа аз 1,3 то 4 баробар афзоиш ёфтааст. Аммо соли ҷорӣ майдони кишти зироат нисбат ба як соли қабл зиёда аз 2 ҳазор гектар кам гардида, истеҳсоли пахта, сабзавоту полезӣ ва пилла коҳиш ёфтааст.
Имсол, яъне дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба маблағи қариб 222 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам мебошад.
Бинобар ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо масъулони соҳа ва роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ ҷиҳати сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили мавҷуда ва дар муҳлати мувофиқ гузаронидани кишти тирамоҳӣ, инчунин зиёд намудани майдони кишти зироатҳои барвақтии кишоварзӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Иқлими мусоиди ноҳия яке аз омилҳои рушди соҳаи боғу токпарварӣ буда, дар панҷ соли охир 1400 гектар боғ ва 350 гектар токзори нав бунёд карда шудааст. Аз ҷумла соли 2010 дар мавзеи Фахробод ва Ҷамоати деҳоти Даҳанакиик бунёди боғу токзори нав ва барқарорсозии боғҳои кӯҳна оғоз гардида, дар зарфи дуюним сол 1500 гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст ва имсол дар мавзеи Қизилқалъа барои бунёди боғи нав дар майдони 600 гектар асос гузошта шудааст. Боиси хурсандист, ки кишоварзони ноҳия моҳияти бунёд кардани боғҳои интенсивиро дуруст дарк карда, масъулону мутасаддиён солҳои охир барои зиёд намудани майдони боғот азму талош мекунанд. Вобаста ба ин, бо дарназардошти шароити мусоиди ноҳия барои бунёди боғу токзор Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкоронро зарур аст, ки бо истифода аз технологияҳои муосир барои афзоиш додани майдони боғу токзорҳои нав, омода кардани сардхонаву анборҳои нигоҳдории маҳсулот ва ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани коркарди он тадбирҳои судманд амалӣ намоянд.
Тавре ки таъкид намудам, сокинони минтақаҳои кишвар аллакай дар самти ҳифзи амнияти озуқаворӣ ҳамчун қисми таркибии амнияти иқтисоди миллӣ таҷрибаи кофӣ ҳосил намуда, дарк кардаанд, ки ҳадафи мазкур асосан бо роҳи таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ва, пеш аз ҳама, тавассути истифодаи самараноки обу замин амалӣ карда мешавад. Ҳамзамон бо ин, дараҷаи ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз иқтидори заминавии истеҳсолоти соҳа ва омили асосии тақвияти он аз дастгирии ҳамаҷонибаи истеҳсолкунандагони ватанӣ вобаста мебошад.
Ҳукумати мамлакат бо дарки муҳим будани ин масъала як қатор барномаҳои соҳавиро роҳандозӣ намудааст, ки ба ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва таъминоти сокинон бо маҳсулоти ниёзи аввал нигаронида шудаанд. Дар ин росто, идома додани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва дар заминаи он фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои хоҷагиҳои деҳқонӣ дар самти кишти зироат, дастрасӣ ба бозор, интихоби озоди шарикон ва азхудкунии заминҳои нав аз зумраи тадбирҳои зарурӣ мебошанд.
Дӯстони гиромӣ!
Дар давоми солҳои 2009-2013 дар қаламрави ноҳия 12 бинои нави таълимӣ бо 2300 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Соли 2015 дар доираи татбиқи марҳалаи чоруми Фонди глобалии таҳсилот бунёди муассисаи нави таълимӣ ва бинои иловагӣ бо 480 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.
Мо чандест, ки роҷеъ ба раванди омодасозии кадрҳо таваҷҷуҳи масъулони соҳаи маорифро ба густариши фаъолияти муассисаҳои касбомӯзӣ, ки яке аз роҳҳои асосии паст кардани сатҳи бекорӣ дар минтақаҳои дурдасти кишвар мебошад, ҷалб намуда истодаем. Самараи чунин таъкидҳо буданд, ки соли ҷорӣ 117 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ба литсейҳои касбӣ ва тиббиву омӯзгорӣ дохил шудаанд.
Яке аз масъалаҳои ҳалталаби соҳаи маорифи ноҳия табдил додани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ба умумии асосӣ ва таҳсилоти умумии асосӣ ба миёнаи умумӣ мебошад. Бо вуҷуди он ки дар аввали соли хониши 2013-2014 аз 11 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ 4 – тои он ба миёнаи умумӣ табдил дода шудааст, вале то ҳол аз 9 муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ягон адад ба муассисаи умумии асосӣ табдил дода нашудааст. Дар робита ба ҳалли масъалаҳои соҳаи маориф ба роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия супориш дода мешавад, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти муассисаҳои таълимии ноҳия, аз ҷумла барои таъмиру навсозӣ ва бо лавозимоти хониш таъмин намудани муассисаҳои таълимии дар ҳолати садамавӣ қарордоштаи ноҳия, фаъол гардонидани марказҳои инкишофи кӯдакон ва дигар камбудиҳои мавҷуда чораҷӯӣ намоянд.
Фаъолияти самараноки муассисаҳои тандурустӣ ва таъминоти онҳо бо таҷҳизоту технологияҳои муосири тиббӣ омили асосии беҳтар шудани хизматрасониҳои давлатӣ дар ин самт мебошад. Тавре шоҳид шудед, имрӯз сокинони ноҳия дар доираи дастгириҳои давлатӣ соҳиби туҳфаи сазовор гардиданд. Дар ҳамкорӣ бо Бонки олмонии рушд беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон бо биноҳои нави замонавӣ таъмин гардида, шуъбаҳои қабулу ташхис, ҷарроҳиву эҳё, ёрии таъҷилӣ ва бахшҳои дигари ёрирасон бо маблағи умумии зиёда аз 6 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуданд. Илова бар ин, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба беморхонаи марказии ноҳия бо харҷи қариб 5 миллион сомонӣ таҷҳизоту лавозимоти муосири тиббӣ ворид гардида, муассиса бо нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ таъмин карда шуд. Инчунин ба беморхона ҷиҳати дастрасӣ ба оби ошомиданӣ нақлиёти обкашон харида, иншооти нави обтаъминкунӣ ба истифода дода шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки амалисозии саривақтии барномаву нақшаҳои тарҳрезишуда дар самти баланд бардоштани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва беҳтар кардани шароити маишӣ аз фаъолияти босамари ҳар як фарди ҷомеа вобаста мебошад. Дар баробари таъмиру азнавсозии иншооти гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои маорифу тандурустӣ масъулону мутасаддиёнро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани хизматрасониҳои дигари иҷтимоӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд. Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки иҷрои талаботи қонунҳои миллии кишвар, аз ҷумла доир ба танзими анъана ва расму оинҳо ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон таъмин карда шавад.
Ҳозирони гиромӣ!
Хуросон яке аз мавзеъҳои таърихии сарзамини куҳанбунёди мо буда, ин ном ба ёди мо таърихи бою рангин ва шуҳрати Ватани муқаддасамонро ба хотир меорад. Тибқи маълумоти манбаъҳои таърихӣ сокинони Хуросони бостонӣ бо шуғли кишоварзӣ ва обёрӣ машҳур гардида, дар канори худ садҳо орифону донишмандонро парваридаанд. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки ҳамчун ворисони ин сарзамини биҳиштосо ба хотири ободии Ватани муқаддасамон ва номи неки аҷдодамон минбаъд низ қадамҳои устувору созанда гузошта, бо заҳмати аҳлонаамон ҳар як гӯшаи Тоҷикистони азизро ободу пешрафта гардонем. Зеро расидан ба ҳадафҳои миллӣ танҳо тавассути заҳмати аҳлонаву ватандӯстона ба даст меояд.
Итминони комил дорам, ки сокинони ҳимматбаланду ганҷофари ноҳияи Хуросон дар марҳалаи кунунии созандагии кишвар бо эҳсоси гарми ватандориву рӯҳияи баланди ободгарӣ фаъолият карда, ин гӯшаи диёрамонро ба мактаби таҷрибаи пешқадами кишоварзон табдил медиҳанд ва бо бунёди боғу токзорҳои нав ва дигар корҳои ободонӣ номбардори Тоҷикистони азиз мегарданд.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2014    №: 197    Мутолиа карданд: 1548
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед