ҳукумат
МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
10 октябр таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳот, Саридораи бойгонӣ ва Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа тасдиқ гардиданд. Доир ба иҷрои моддаҳои дахлдори Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пардохти ҷуброни талаф оид ба баровардани заминҳо аз гардиши кишоварзӣ ҳисоботи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Маҳмадтоири Зокир шунида шуд.
Лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи як зумра созишномаҳои байниҳукуматӣ баъди баррасӣ қобили қабул дониста шуданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ” маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд. Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин лоиҳаҳои тағйиру иловаҳо ба як силсила қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Дар фароварди маҷлис Қоҳир Расулзода барои ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи ҳаёти ҷомеа ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.10.2014 №: 198 Мутолиа карданд: 8482