logo

маориф

ФАРОГИРИИ МАЪЮБОН БА ТАҲСИЛ ДАР ХОНА

Бори нахуст таълими якҷояи хонандагони солим ва маъюб дар соли хониши 2014 дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  ва таҳсил дар хона ба роҳ монда мешавад.
Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ барои ба таҳсил фаро гирифтани хонандагони дорои имконияташон маҳдуд корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Феълан 5603 хонандагони дорои имконияташон маҳдуд дар мактабҳои таҳсилоти миёна якҷо бо хонандагони солим ба таълим фаро гирифта шудаанд. Дар ҷумҳурӣ 14 мактаб - интернат барои шахсони ношунаво фаъолият доранд, ки 2 586 хонандаро ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд.  Аз ин теъдод 649 нафар духтарон мебошанд. Ба ғайр аз он, вазорат «Низомномаи таҳсил дар хона»-ро қабул кард, ки дар асоси он хонандагони маъюб дар хона таълим дода мешаванд. Айни ҳол 911 маъюб дар хонаҳояшон ба таҳсил фарогиранд.  Дар маҷмӯъ 8 110 кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд ба таълим фаро гирифта шудаанд.
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм, мегӯяд, ки фарогирии хонандагон ба таҳсил, бахусус афроди маъюб дар ҳамкорӣ ва дастгирӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо имконпазир аст. Зеро хонандагоне ҳастанд, ки имкони ба мактаб рафтанро надоранд .
- Хонандагони нобино, лол, забонашон лакнатдор ва нафароне, ки роҳ гашта наметавонанд, дар хона ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Соати муайян омӯзгорон ба онҳо таълим медиҳанд. Хонандагоне, ки маъюб ҳастанд, аммо пойи равон доранду то ба мактаб меоянд, ҳатман дар муҳити муассисаҳои таълимӣ бо ҳамсолони солими худ таълим мегиранд. Фарогирии онҳо ба таълим дар сатҳи 97 % аст, ки тибқи нишондодҳо аз кишварҳои дигар, мисли Ӯзбекистон, Қирғизистон, Покистон, Камбоҷа, Ҳиндустон ва Лаос пешсафем. Ҳамагӣ 0,3 % аз таҳсил дур монданд ва дар ду - се соли оянда пурра ба таълим фаро гирифта мешаванд.
Фарогирии маъбон ба таълим дар қатори ҳамсолонашон эътироф кардани баробарҳуқуқии онҳо ва дастрасияшон ба ҳаёти солим аст. Дар робита ба таҳияи нақшаи дарсӣ ва барномаҳои таълимии фарогири таълими якҷоя дар Вазорати маориф ва илм гуфтанд, ки гурӯҳи кории доимоамалкунанда машғули таҳияи методҳои таълимии муштараканд.
Тоҷинисо Маҳмадова, муовини вазири  маориф ва илми кишвар, мегӯяд, ки барномаи фарогирии маъюбон ба таҳсил мунтазам роҳандозӣ мешавад ва натиҷаи фарогирии маъюбон ба таълим ва сатҳу сифати он мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад:
- Китобҳои дарсӣ ҳам аллакай ба нашр расида истодаанд. Китоби аввал мавриди истифода қарор гирифтааст. Китоби дувум барои тасдиқ ба Академияи илмҳои Русия пешниҳод шудааст.
Мушкилоте, ки метавонад монеи самари таълими маъюбон шавад, ин норасоии омӯзгорони ҳирфаӣ аст, яъне омӯзгороне, ки методи таълимии нобиноёну ношунавоёнро донанд.
Ба гуфтаи мутахассисон ба фаъолияти меҳнатӣ омода сохтани ҷавонони дорои иллатҳои шунавоӣ, биноӣ, нутқ, инчунин ноқисулақл соҳаи махсуси педагогика – дефектология машғул мешавад. Дефектология дар навбати худ ба тифлопедагогика, сурдопедагогика ва олигофренопедагогика ҷудо мешавад. Тифлопедагогика хусусияти хоси кор бо одамони нобиноро таҳқиқ менамояд. Сурдопедагогика ба масъалаи таълиму тарбияи карҳо ва сустшунавоён машғул мешавад.
Олигофренопедагогика бошад, масъалаҳои кори таълимию тарбиявиро бо бачагони ноқисулақл меомӯзонад. Хуб, чун фарогирии ин қишр методи махсуси таълимро тақозо дорад,  Вазорати маориф ва илм, дар ин самт чӣ иқдомҳоеро анҷом додааст?
Нуриддин Саид иброз дошт, ки дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, донишгоҳҳои давлатии шаҳри Хоруғ, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд курсҳои махсуси   сурдопедагогика, дефектология ва олигофренопедагогика кушода шудаанд ва аллакай донишҷӯён курсҳои дувум ва савумро хатм кардаанд. Дар баробари он ки маъюбон ҳуқуқ ба таҳсил ва нафақа доранд, инчунин ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои олӣ ва касбии давлатӣ то 300 хол имтиёз доранд. Фарогирии онҳо ба таҳсил дар заминаи ислоҳоти соҳаи маориф ва татбиқи консепсияи фарогир, зарурати фароҳам овардани  шароити мусоид ва муносибро ба миён оварда, назди волидайн ҳам барои таълим гирифтани фарзандон масъулият мегузорад.
Ҷумъахон Собиров, табиб,  мегӯяд, ки нафари маъюб ҳангоме ки дар муҳити солим ҷалб мешавад, аз бемории худ фаромӯш мекунад. Ин ҳам як ташаббуси саҳм гузоштан дар муолиҷаи бемории ӯст.
Аммо мушоҳида мешавад, ки дар деҳот ба фарзандони маъюб таҳсилу соҳибкасб шуданро чандон муҳим намедонанд, дар шаҳр ва маркази ноҳияҳо ба  тарбияи фарзандони маъюб таваҷҷуҳ бештар аст. Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар ҳамаи маҳалҳо кӯдакони маъюбро таҳти назорат бояд багиранд, то нафаре аз таълим дур намонанд. Зеро тақвияти механизми фарогирии шаҳрвандон ба таълим ва огоҳии онҳо аз илмҳои муосир наҷоти ҷомеа  аз ҳама гуна падидаҳои манфӣ мебошад. 

Ҳарамгули ҚОДИР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.10.2014    №: 199    Мутолиа карданд: 1705
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед