logo

мулоқотҳо

ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ АМНИЯТӢ

Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Николай Патрушев, котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия, масоили ҳамгироии ду кишвар дар бахши амният, ки рӯзи 17 октябр дар Душанбе сурат гирифт, баррасӣ шудааст.
Дар ин бора Николай Патрушев баъд аз вохӯрӣ бо Сарвари давлат ба хабарнигорон иттилоъ дод. Ӯ, аз ҷумла гуфт, ки «Мо бо Ҷаноби Президент масоили амнияти байналмилалӣ, минтақа ва рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар мубориза бо таҳдидҳои феълӣ ба амнияти кишварҳо баррасӣ кардем».
Бино ба гуфтаи котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия, дар мулоқот ҳамчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои вазъ дар Афғонистон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, оид ба таҳкими марз ва пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо ин кишвар гуфтугӯи судманд анҷом шудааст.  Ҳамоҳангсозии фаъолият дар амри ҷилавгирӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таҳкими амнияти иттилоотӣ дар меҳвари гуфтугӯ қарор гирифтааст.
Николай Патрушев, дар поёни суҳбаташ бо хабарнигорон изҳор намуд, ки дар ҳоли бештар гардидани таҳдиду хатарҳои ҷомеаи имрӯз, мо ба тақвияти ҳамкориҳои бештари амниятӣ ниёз дорем.- Аз ин рӯ, талош хоҳем кард, ки фаъолияти мо дар заминаи татбиқи санаду созишномаҳои ҳамкории ду кишвар оид ба ҳифзи амният самаранок бошад, - гуфт котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2014    №: 203    Мутолиа карданд: 1574
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед