муҳоҷират
Мушкили муҳоҷири тоҷикро осон намоем
Чанде пеш дар шаҳри Душанбе вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиаллоҳ Девонаев бо раисони ҷамъиятҳои умумӣ ва минтақавии тоҷикистониёни Русия баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси «Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия» Абдулло Давлатов, раисони ҷамъиятҳои тоҷикистониёни шаҳри Санкт-Петербург М. Мирзода, вилояти Челябинск И. Раҷабов, вилояти Иркутск И. Ҳикматуллоев, шаҳри Самара С. Мирзоев ва шаҳри Калининград С. Исоева иштирок намуданд.
С. Девонаев иброз намуд, ки мақсади асосӣ муҳокимаи мушкилоти муҳоҷират бо сохторҳои қудратӣ ва дигари дахлдори Федератсияи Русия ва якҷоя ҳал намудани онҳост.
Дар мулоқот масъалаи Анҷумани ҷамъиятҳои тоҷикистониёни Русияро, ки 5-уми ноябри соли 2008 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ намуданд. Меморандуме, ки дар анҷуман дар бораи ҳамкорӣ байни Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷамъиятҳои тоҷикистониёни Федератсияи Русия қабул хоҳад шуд, муҳокима гашта, иштирокдорон эроду пешниҳодҳои худро оид ба ин ҳуҷҷат иброз намуданд.
С. Девонаев гуфт, ки бо мақсади ёрӣ ба оилаҳои муҳоҷирони фавтида ва муҳоҷироне, ки дар истеҳсолот маъюб шудаанд, ташкил намудани Хазинаи ҷамъиятӣ ва ихтиёрӣ супурдани маблағ кори хайре хоҳад шуд.
Раиси «Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия» А. Давлатов оид ба мушкилоти будубоши муҳоҷирон гуфт, ки бояд раванди муҳоҷират таҷдиди назар гардад. ӯ афзуд, ки масъалаи аввалиндараҷа квота буда, он бояд дар сатҳи ҳукуматҳои ҳар ду мамлакат ҳал шавад. Мавсуф қайд кард, ки баъзе аз субъектҳои хоҷагидории Калининград, Волгоград, Ростови лаби Дон, Рязан ва Краснодар муҳоҷиронро бурда, онҳоро истисмор намуда, маблағи корашонро намедиҳанд. Хуб мешуд, ки онҳо минбаъд бо созмонҳои ҷамъиятии мо ҳамкорӣ намоянд.
Саидасрор Мирзоев, раиси ҷамъияти тоҷикистониёни шаҳри Самара, зикр кард, ки мӯҳлати бақайдгирии муҳоҷирон (се рӯз) хеле кам аст. ӯ аз Хадамоти муҳоҷират хоҳиш намуд, ки масъалаи мазкурро дида бароянд ва мӯҳлати бақайдгирӣ тамдид карда шавад.
Инчунин надоштани дафтарчаи меҳнатӣ мушкилоти дигарро ба вуҷуд меорад. Дар қайд мондани дафтарчаи меҳнатӣ зарур аст, то оянда муҳоҷири меҳнатӣ бо нафақа таъмин карда шавад.
Муҳаммадназар Мирзода, раиси ҷамъияти тоҷикистониёни шаҳри Санкт-Петербург, пешниҳод намуд, ки ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ бояд корт дошта бошад ва дар он ному насаб, шуғл, тахассус ва ғайра дарҷ гардад.
Раисони ҷамъиятҳои тоҷикистониёни Русия тайёр будани худро ба ҳамкорӣ ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи иҷтимоӣ ва иқтисодии муҳоҷирони тоҷик, ки дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд, иброз намуданд.
Маҳбуба ГУЛОВА, нозири калони шӯъбаи ҳуқуқи Хадамоти муҳоҷирати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3844