logo

туризм

ТУРИЗМ: ТАРҲИ НАВИ ҲАМКОРӢ ЗАРУР АСТ

Дар меҳмонхонаи «Serena Hotel»-и шаҳри Душанбе Конфронси миллии туристӣ таҳти унвони «Тоҷикистони меҳмоннавоз – кишвари туризм» доир шуд. Конфронси мазкур бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ассосиатсияҳои ташкилотҳои сайёҳӣ,  Барномаи Иттиҳоди Аврупо, АСTED, Фонди Оғохон доир гардида, дар он намояндагони бахшҳои гуногуни ҷомеа, ташкилотҳои сайёҳӣ, сафоратҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, инчунин коршиносони соҳаи туризм ширкат варзиданд. Дар конфронс масъалаҳои рушд, имконот ва мушкилоти соҳаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Истван Нитрай, намояндаи Иттиҳоди Аврупо, зикр карданд, ки туризм яке аз соҳаҳои бонуфуз ва сердаромади замони муосир ба ҳисоб рафта, дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ нақши арзанда мебозад. Агар дар соли 1950 шумораи умумии сайёҳон дар ҷаҳон 25 миллион нафар ва даромад аз ҳисоби соҳа 2,1 миллиард доллари амрикоиро ташкил медод, дар соли 2013 ин нишондод ба 1 миллиарду 87 миллион нафар расидааст. Дар иқтисодиёти ҷаҳон ба ҳиссаи соҳаи туризм 6 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, 7 фоизи сармоягузории ҷаҳонӣ ва 11 фоизи хароҷоти истеъмолии ҷаҳон рост меояд.  Ба қавли Аҳтам Абдуллозода, Тоҷикистон дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ иқтидори воқеӣ дорад. Омилҳои зикршударо ба инобат гирифта, Ҳукумати ҷумҳурӣ соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон кард. Аз ин рӯ, солҳои охир соҳаи туризм вусъат меёбад. Айни ҳол “Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2017” таҳия шуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардидааст.
Вай ҳамчунин ба масъалаи додани раводиди туристӣ дахл намуда, гуфт, ки субъектҳои хоҷагидори соҳаи сайёҳӣ минбаъд ҳуқуқ пайдо намуданд ба намояндагиҳои дипломатии кишвар дар хориҷа мактуб – даъватнома фиристанд, ки он асос барои додани раводиди туристӣ ба шаҳрванди хориҷӣ мегардад. Шаҳрвандони хориҷие, ки раводиди туристиро дастрас менамоянд, давоми 30 рӯз аз сабти ҳатмӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ озоданд. Тадбири мазкур сайёҳони хориҷиро аз интизорӣ дар навбатгоҳҳои хадамоти шиносномадиҳию пардохти иловагии маблағ барои бақайдгирӣ озод мекунад.  Сайёҳони хориҷӣ ҳангоми будубош дар қаламрави Тоҷикистон худро осуда ва беташвиш эҳсос хоҳанд кард.
Маблағи хироҷ барои раводидҳои мухталиф, аз он ҷумла ҷаҳонгардӣ то 150 доллари амрикоиро ташкил медод ва ин ҳолат дар баробари дигар омилҳо ба тасмими туристон ҷиҳати сафар ба Тоҷикистон таъсири манфӣ мегузошт. Пардохти боҷи ягонаи туристӣ дар ҳаҷми 25 доллари амрикоӣ ба сӯи сода кардани мушкили сайёҳон боз як қадам гузошт, ки ба рақобатпазирии бозори сайёҳии кишвар таъсири мусбат мерасонад. Аҳтам Абдуллозода, намудҳои гуногуни ҷаҳонгардӣ, аз ҷумла туризми табобатию истироҳатӣ, кӯҳнавардӣ, варзишию экологӣ, таърихию омӯзишӣ ва этнографӣ, лижабозии кӯҳӣ, шикорӣ ва ғайраро, ки хоси кишварамон мебошанд, муфассал шарҳ дода, аз таваҷҷуҳи бештари сайёҳон ба туризми экологӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
- Айни ҳол барои таъмини хидматрасонии босифат 90 ширкати сайёҳие, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъоланд, давра ба давра таҷрибаашонро дар сатҳи сифатан нав мукаммал сохта  истодаанд, - гуфт ӯ.  - Аз ин, 50 адад ширкатҳо ба фаъолияти содиротӣ ва боқимонда ба ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишварамон машғуланд. Шумораи меҳмонхонаҳо низ ба 165 адад расида, зиёда аз 100 хонаи қабули меҳмонон, яъне «Home Stay» фаъоланд, ки ба сайёҳон имкони таъмини шароити мусоид ва шиносоӣ бо мардуми маҳалро медиҳанд.                                                                                                              
Муло Шагарф, роҳбари Ассосиатсияи туризм дар ҷомеаи асосёфтаи Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши ассосиатсия дар рушди туризми ҷомеасоз тавассути дастгирии соҳибкории хурду миёна” суханронӣ  кард.
-Туризми дар ҷомеа асосёфта яке аз намудҳои туризми экологӣ ба шумор меравад, ки дар он хоҷагиҳои маҳаллӣ нафақат ба ҷараёни рушди сайёҳӣ ҷалб шудаанд, балки тамоми рафти онро идора менамоянд ва бештари даромад аз ин намуди туризм дар худи хоҷагӣ мемонад, - афзуд Муло Шагарф.                                    
–Огоҳонидани аҳолӣ, маҳз ҷавонону наврасон аз имкониятҳои мавҷудаи ҷаҳонгардӣ ва дарҷи ахбори фишурда доир ба аҳамияти туризми кӯҳнавардӣ дар дастурҳои таълимии толибилмони муассисаҳои таълимӣ ва ташкили курсҳои махсуси кӯҳнавардиву дигар бахшҳо яке аз тавсияҳоеанд, ки дар рушди соҳаи туризм мусоидат мекунанд. Баргузории семинарҳои омӯзишӣ барои рӯзноманигорон, ки дар ташвиқу тарғиби имкониятҳои сайёҳӣ саҳм мегузоранд, аз манфиат холӣ нест. Тасмим гирифтем мактаби махсуси омода кардани кӯҳнавардонро таъсис ва рушди туризми кӯҳиро равнақ диҳем, - гуфт Кишвар Абдулалишоев, менеҷери Барномаи ҷонибдории инкишофи манотиқи кӯҳистони ҷумҳурӣ.
Мутахассисони соҳа дар конфронс ба хулоса омаданд, ки таъсиси шабакаи ягонаи иттилоотӣ дар Тоҷикистон доир ба туризм, омода кардани тарҳи шиносоии толибилмони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз имкониятҳои сайёҳӣ, таҳияи тарҳи нави ҳамкории мақомоти давлатӣ бо бахшҳои хусусӣ ва тайёрии ниҳодҳои дахлдор ба намоишгоҳи байналмилалии «IТВ Берлин - 2015» ба рушди соҳа мусоидат хоҳад кард. Баъди анҷоми кори конфронс дар саҳни меҳмонхонаи «Serena hotel» намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Оҳистамоҳи ВАФОБЕК,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2014    №: 204    Мутолиа карданд: 10546
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед