logo

маориф

РАШТ. МАОРИФ РУШД МЕЁБАД

Соли гузашта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” дар таҳрири нав қабул гардид ва дар ин қонун аввалин бор ба мақоми омӯзгор боби алоҳида бахшида шуд. Тибқи ин қонун ба омӯзгорон имтиёзҳои зиёде дода шуд ва ин исбот намуд, ки имрӯз омӯзгор дар ҷомеаи мо мақоми хос дорад. Ин санади мазкур бо эҳёи боби нав оид ба омӯзгору мақоми ӯ ба кулли омӯзгорони ҷумҳурӣ рӯҳу илҳоми тоза бахшид.

Дар ноҳияи Рашт 112 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 52 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ якҷоя бо мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим, 26 муассисаи таҳсилоти умумӣ - асосӣ, 35 муассисаи таҳсилоти умумӣ - ибтидоӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо 23194 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Аз ҷумла 10937 нафар духтарон мебошанд. Ба таълиму тарбияи таълимгирандагон 1370 нафар омӯзгор машғул аст, ки 309 нафари онҳо муаллимаҳоянд. Барои хуб ба роҳ мондани кори омӯзгорон ва ба таҳсил пурра фаро гирифтани хонандагон таълимгоҳҳои хуб ва синфҳои барҳаво лозим аст. Инро ба назар гирифта мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҳамроҳии аҳолӣ ноҳия дар таъмиру тармими мактабу синфхонаҳо саҳмгузорӣ менамоянд. Дар соли таҳсили 2013 - 2014 биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, инчунин 10 синфхона дар деҳаи Нимичи Боло, 8 синфхона дар деҳаи Навдӣ ва дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 24 - и деҳаи Ҷафр бинои чорҳуҷрагӣ барои омӯзгорон сохта ба истифода дода шуд. Чор синфхонаи иловагӣ дар мактаби деҳаи Белгӣ, чор синфхонаи иловагӣ дар мактаби деҳаи Шаҳринав аз тарафи аҳолӣ сохта мавриди истифода қарор гирифт. Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳайати шафқат” аз ҳисоби худаш ду синфхонаи иловагӣ дар назди мактаби деҳаи Шархо сохт, ки мавриди истифодабарӣ қарор гирифт. Аз тарафи Хазинаи Оғохон чор синфхона дар мактабҳои деҳаҳои Шархо ва Зарангак таъмир карда шуд. Аз ҷониби аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ноҳия сохтмони синфхонаҳо дар назди мактабҳои рақами 6, 24, 29, 32 идома дорад.
Дар соли хониши 2014 - 2015 барои таъмири биноҳои таълимӣ аз буҷаи маҳаллӣ 398978 сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд. Ассосиатсияи волидони муассисаҳои таълимӣ дар маҷмӯъ 146348 сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ намуданд. Дар таъмиру тармими мактабҳо саъю кӯшиш ва маблағи зиёде харҷ карда бошанд ҳам, вале на дар ҳама муассисаҳои таълимӣ таъмир хуб ба анҷом расонида шуд. Масалан, дар мактабҳои рақамҳои 57, 76, 77, 102 ва 105 нисбати таъмири биноҳои мактабҳо беэътиноӣ зоҳир гардид, ки бо ин сабаб синфхонаҳо ва биноҳои таълимӣ бо сифати паст таъмир шуданд.
Бояд қайд кард, ки кори таълиму тарбия дар мактабҳои ноҳияи Рашт нисбати дигар ноҳияҳои ин водӣ хубтар ба роҳ монда шудааст. Мо аз мактабҳои рақамҳои 2 ва 3 дидан кардем. Сифати таъмири бинову синфхонаҳо хуб буд. Хонандагон бо либосҳои тозаву озода ба таълимгоҳ ҳозир шуда, омӯзгорон низ бо тарзи либоспӯшии худ ба шогирдон намунаи ибрат буданд. Бо иҷозати мудири маорифи ноҳия ба синфҳои 9,10 ва 11-и ин мактабҳо даромада ба хонандагон аз фанҳои забону адабиёт ва математикаву физика саволҳо дода шуд. Аксари хонандагон ба саволҳои додашуда ҷавобҳои мусбат доданд.
Дар шуъбаи маорифи ноҳия барои бо барномаи таълимӣ пурра фаро гирифтани хонандагон тадбирҳои зиёде роҳандозӣ мешаванд. Масалан, барои соҳибмаълумот намудани муаллимаҳои беихтисос соли дувум аст, ки аз ҳисоби маъмурияти Коллеҷи омӯзгории ноҳия ду гурӯҳи таълимии духтарона дар ҳайати 25 - нафарӣ дар назди мактабҳои таҳсилоти умумии рақами 22, деҳаи Ҳоит ва рақами 25, деҳаи Қалъанак ташкил карда шудааст. Курси такмили ихтисоси кормандони соҳаи маорифро 101 нафар омӯзгорон, ду нафар директорони мактабҳо ва 3 нафар ҷонишинони директорони мактабҳо хатм намуданд. Бо мақсади иҷрои барномаи компютеркунонӣ 26 нафар омӯзгорон аз омӯзиши курсҳои технологияи иттилоотӣ гузаштанд. Дар айни ҳол дар муассисаҳои таълимии ноҳия 609 адад компютер, 118 адад принтер ва 65 адад генератори барқдиҳӣ мавҷуд буда, иҷроиши барномаи компютеркунонӣ ба 98 фоиз расонида шудааст. Дар моҳи майи соли ҷорӣ аз тарафи шуъбаи маорифи ноҳия семинари роҳбарони ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ба тариқи сайёр дар ҷамоатҳои деҳоти Ҳоит ва Ясман гузаронида шуд. Ин имконият дод, ки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ аз таҷрибаҳои якдигар баҳравар шаванд ва кори таълиму тарбияро дар мактабҳои худ боз хубтар ба роҳ монанд. Ҳар сол бо нақшаи шуъбаи маориф дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аттестатсия, акредитатсисия ва иҷозатномадиҳӣ гузаронида мешавад, ки вазъи таълим аз фанҳои математика, физика, технологияи иттилоотӣ дониши хаттиву шифоҳии хонандагони синфҳои ибтидоӣ, вазъи корҳои тарбиявию созмонҳои талабагӣ санҷида мешаванд. Сабаб ҳамин буд, ки дар соли таҳсили 2013 - 2014 ба 21 нафар роҳбарони муассисаҳои таълимӣ сарзаниш ва ба 12 нафари дигарашон танбеҳ дода шуд. Се нафар роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои хунукназарӣ ва ноуҳдабароияшон аз вазифа сабукдӯш карда шуданд. Барои муайян намудани беҳтарин омӯзгор ва сатҳи донишу методи дарсдиҳии муаллимон даври ноҳиявии озмуни “Муаллими сол” дар мактаби рақами 52, деҳаи Ғарми Боло баргузор гардид. Дар ин озмун муаллими фанҳои забону адабиёти тоҷик аз мактаби рақами 3 Қиёмиддин Идиев сазовори гирифтани ҷои якум гардид. Аз 20 то 24 майи соли равон озмуни минтақавии “Муаллими сол” дар Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф баргузор гардид, ки дар он омӯзгорони 13 ноҳияи тобеи марказ иштирок доштанд. Дар ин озмун ҳам Қиёмиддин Идиев ғолиб омада, ҷои аввалро соҳиб гардид.
Ҳар сол ду маротиба муаллимони аз аттестатсия ногузашта ва категорияҳои поёнӣ аз аттестатсия гузаронида мешаванд. 15 апрели соли ҷорӣ аттестатсияи омӯзгорон гузаронида шуд, ки дар асоси он ба 13 нафар омӯзгор тахассуси дараҷаи олӣ, ба 50 нафар тахассуси дараҷаи якум ва ба 71 нафар тахассуси дараҷаи дуюм дода шуд. 7 нафар омӯзгорро ба вазифаашон муносиб донистанд ва 11 нафари дигар бинобар ба дониши касбиашон бовар надоштан дар аттестатсия иштирок накарданд.
Мактаббачагони ноҳияи Рашт дар даври якуми олимпиадаи минтақавӣ, моҳи январи соли ҷорӣ иштирок карданд ва 38 нафари онҳо ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Дар даври дуюми олимпиадаи ҷумҳуриявӣ як нафар хонанда аз фанни химия ҷойи дуюм ва ду нафари дигар аз забони инглисӣ ва фанҳои таъриху ҳуқуқ ҷойҳои сеюмро ишғол намуданд.
Дар шаҳраки Ғарм як кӯдакистон вуҷуд дорад, ки дар як вақт метавонад 100 нафар тарбиягирандаро фаро гирад. Сохтмони кӯдакистони дигар дар шаҳраки Навобод идома дорад. Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2013, № 558 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2014” 2250 нафар хонандагон ба истироҳати тобистона фаро гирифта шуданд. Аз ҷумла, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия хонандагони синфҳои ибтидоӣ, ки 1900 нафарро ташкил медоданд, ба истироҳати 12 - рӯза ҷалб гардиданд. Онҳо аз 10 то 22 июни соли ҷорӣ аз соати 9 то соати 12 истироҳат менамуданд. 10 нафар хонандагони ноҳия дар лагери “Чайка”-и ноҳияи Варзоб истироҳат намуданд. Аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ дар бинои интернати наздимактабии рақами 1 яксаду панҷоҳ нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ду баст ба истироҳат фаро гирифта шуданд. Аз ҳисоби ташкилоти байналмилалии “Ҳамсоягии нек”-и Кореяи Ҷанубӣ дар се баст 60 - нафарӣ 180 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳракҳои Навобод ва Боқӣ Раҳимзода ба истироҳат ҷалб карда шуданд. Аз ҳисоби иттифоқи касабаи коркунони соҳаи хизматӣ 10 нафар фарзандони хизматчиёни давлатӣ дар боғи маркази ноҳия ба истироҳат фаро гирифта шуданд. Дар лагерҳои истироҳатӣ хонандагон ба мутолиаи китобҳои бадеӣ, луғатомӯзӣ, расмкашӣ, азёд намудани формулаҳои химиявию физикӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва кор бо компютерҳо машғул буданд.
Дар соли таҳсили ҷорӣ танҳо хатмкардагони синфҳои 11 аз муассисаҳои таълимии ноҳия 1188 нафарро ташкил медиҳанд. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1, шаҳраки Ғарм барои довталабони квотаи президентӣ дар се давр озмун гузаронида шуд, ки даври сеюм аз тарафи комиссияи босалоҳияти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони донишгоҳҳо гузаронида шуд. 33 нафар хатмкардагони болаёқат аз муассисаҳои таълимии ноҳия тибқи квотаи президентӣ ба донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуданд, ки 19 нафари онҳо духтарон буданд. Аз ҷумлаи хатмкардагони боқимонда, 568 нафарашон ба нуқтаи бақайдгирии Маркази миллии тестӣ дар ноҳия ҳуҷҷат супорида буданд. Аз рӯи маълумотҳои мав-ҷуда аз ин хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 484 нафарашон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, 114 нафарашон ба омӯзишгоҳҳо ва 20 нафари дигарашон ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар дохил шуданд.
Имрӯзҳо дар шуъбаи маорифи ноҳия барои таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо сӯзишворӣ тамоми чораҳоро андешида истодаанд. Барои бо сӯзишворӣ пурра таъмин намудани ҳамаи мактабҳои ноҳия мақомоти иҷроияи маҳаллӣ 646761 сомонӣ маблағ ҷудо кардааст. Барои дар фаслҳои хунуки сол мактабҳоро гарм нигоҳ доштан ба муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 871 тонна ангишт ва 815 метри кубӣ ҳезум лозим аст ва ин маблағи ҷудокардашуда захираи ангишту ҳезумро таъмин месозад.
Бояд гуфт, ки дар қатори муваффақиятҳо камбудиҳо низ вуҷуд доранд. Дар соли таҳсили 2013-2014 бо вуҷуди дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 126 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ ва 160 нафар омӯзгорон дар синни ниҳоии нафақа ба шогирдон дарс мегуфтанд, боз 101 нафар омӯзгор намерасид. Имсол бошад, бояд 70 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки аз инҳо 13 нафарашон тибқи квотаи президентӣ таҳсил намудаанд ва аз Коллеҷи омӯзгории ноҳия 17 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ба кор меомаданд. Вале то имрӯз 10 нафар аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва 15 нафар аз колеҷи омӯзгорӣ омаданду халос. Боқимонда 45 нафарашон ба ҷойҳои кори худ ҳозир нашуданд. Агарчи ин камбудиҳо на бо айби шуъбаи маориф сар задаанд, лекин ин тавр ранг гирифтани кор ба сифати таълиму тарбия таъсири манфӣ мерасонад. Зеро дар ин маврид тақсимоти соатҳои дарсӣ аз рӯи ихтисос имконнопазир мегардад.
 Абдуҳалим ҲУСАЙНӢ,
 ноҳияи Рашт


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2014    №: 206    Мутолиа карданд: 1935
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед