logo

туризм

ТУРИЗМ БО ТАКЯ БА ҲУНАРҲОИ МИЛЛӢ

Ширкати сайёҳии «Зигана Тур» беш аз шаш сол аст, ки фаолияти самаранок дорад. Яке аз ҳадафҳои он рушди туризми дохилӣ (эко - туризм, туризми ғайриодӣ, кӯҳнавардӣ, табобатӣ, фарҳангӣ) дар Тоҷикистон аст.
- Барои сайёҳоне, ки ба кишвари мо ташриф меоранд иқлими хос, обҳои шифобахш, табиати нотакрор, ҳайвоноту набототи нодир, тарзи зисту зиндагии шарқиёнаи сокинон, урфу одат, ҳунарҳои миллӣ  ва дигар анъанаҳои неки аҷдодӣ, ҷолиб аст,- гуфт зимни суҳбат Нурулло Раҳимов, роҳбари ширкати сайёҳии «Зигана Тур».

Воқеан  ҳам то ба ҳол дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Кӯлоб анъанаҳои куҳани таърихӣ, фарҳангӣ ва  ҳунарҳои дастӣ  нигоҳ дошта шудаанд. Устодону  устоҳои зардӯз, гулдӯз, тоқидӯз, дӯзанда, заргар, ресандагони абрешим бо офаридаҳои худ  машҳуранд. Бо назардошти ин дар маҳаллаҳои ҳунармандон бештар ташкили туризми таърихиву фарҳангӣ ва этнографӣ аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Дар баробари шиносоӣ бо мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва ҳаёти рӯзмарраи сокинон, барои сайёҳони соҳибзавқ пешниҳоди ширкат дар курсҳои омӯзиши нозукиҳои касбу пешаҳои қадимаи фаромӯшшуда, таҳти роҳбарии устодони кордон саёҳатро боз ҳам ҷолибу хотирмон хоҳад гардонд.
Ҳамчунин туризми экологӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди ҷаҳонгардӣ маҳсуб меёбад.  Бисёр давлатҳои мутараққӣ аз ин намуди саёҳат даромади хуб мегиранд. Сиёсати хирадмандонаи «Дарҳои кушода»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи ҷуғрофӣ, захираҳои табиӣ, манзараҳои зебо, кӯҳу дараҳо, марғзору чаманзорҳои афсонавӣ барои рушди экотуризм заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Экотуризм саёҳату истироҳат баҳри шиносоӣ бо  хусусиятҳои хоси табиӣ, фарҳангӣ ва этнографии ҳамон маҳал буда, дар ин замина шароит фароҳам меорад, то ҳифзи сарватҳои табиӣ барои аҳолии маҳаллӣ судовар гардад. Агар ин бахши ҷаҳонгардиро дар Тоҷикистон ривоҷ бахшем, барои ҳифзи олами набототу ҳайвоноти нодир имкони бештар фароҳам хоҳад гашт.
Нурулло Раҳимов иброз медорад, ки  «чун ширкати мо пешбарандаи туризми  дохилист, норасоии мутахассисон,  кам будани меҳмонхонаву тарабхонаҳои миллӣ, сатҳи пасти хизматрасонӣ, ниёз ба хатсайрҳои наву ҷолиб  барои  муваффақ шудан мушкилӣ пеш меоранд.
Инчунин барои қонеъ намудани талаботи сайёҳон роҳандозии қисматҳои инфрасохтори рушдёфта: роҳҳо, меҳмонхонаҳои дорои тарҳи миллӣ, нисбатан коҳиш додани нархи меҳмонхонаҳо, истифодаи навъҳои гуногуни тарабхонаҳои хориҷии пойтахт, ташкили hostel, яъне меҳмонхонаҳои арзону махсус барои гурӯҳи сайёҳон, таъмини амнияти онҳо дар роҳ, сохтани лагерҳои махсус барои автотуристҳо (кемпинг), роҳандозии соатҳои фароғату дилхушӣ,  хизматрасониҳои алоқа ва бонкҳо дар мавзеъҳои туристӣ муҳим мебошанд”.
Дар Мисру Туркия, ки кишварҳои пешрафта мебошанд, иморату хонаҳояшон ба таври миллӣ қомат афрохтаанд. Мебояд аз таҷрибаи онҳо омӯхт ва барои рушди минбаъдаи бахшҳои гуногуни соҳаи туризм кӯшиш ба харҷ дод.
- Алҳол барои ташкили саёҳатҳои кӯҳнавардӣ ва ғайриодӣ дар кӯҳҳои Фон кормандони соҳибтахассус намерасанд.  Метавон бо устодони донишгоҳҳо ҳамкорӣ  кард, вале синну соли онҳо ба талабот мувофиқ нест. Роҳбалади кӯҳнавард бояд аз ҷиҳати  равониву ҷисмонӣ тайёр бошад ва ҳамзамон бо якчанд забон гап занад. Ҳангоми рӯй додани ҳодисаҳои нохуш ва ғайричашмдошт чӣ тавр рафтор карданро донад,- иброз дошт, Нурулло Раҳимов. Тавре медонем, бо вуҷуди  фаъолияти ҳафт таълимгоҳи олӣ ва миёна, ки мутахассисисони соҳаро омода месозанд, аксари хатмкунандагон бар асари  сатҳи пасти дониши соҳавию забондонӣ, соҳиби ҷойи кор намегарданд ва дар инкишофи минбаъдаи соҳа саҳмгузор буда наметавонанд. Имрӯз зарурати ташкили хатсайрҳои нав пеш омадааст. Масалан, барои ташкили хатсайр аз Симиганҷ давоми ду-се рӯз то дараи Варзоб ва дигар минтақаҳо мутахассис лозим аст. Ангуштшумор будани мутахассисони ҳирфаӣ имкон намедиҳад, ки навъҳои туризмро дар кишвар рушд бахшем. Бинобар ин таъсиси мактаби махсуси омодасозии мутахассисони соҳа бо ҷалби устодону муаллимони донишгоҳу донишкадаҳо ба мақсад мувофиқ хоҳад буд.
Гузашта аз ин сомонаҳои интернетии ширкатҳои сайёҳӣ фаъ-ол нестанд. Аз мушоҳидаҳои мо бармеояд, ки бисёре аз онҳо ба ин ҷиҳат аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намекунанд. Дар сомона бояд тамоми маълумот доир ба иқлими Тоҷикистон, мавқеи ҷуғрофӣ, табиат, мавзеъҳои сайёҳӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ,  бехатарӣ, алоқаи мобилӣ, сохтори давлат, дин, хизматрасониҳо ва маълумотҳои ҷолиб ҷойгир карда шаванд. Чун иттилоот аз ҷониби ширкатҳои мо кам пешниҳод мешавад, сайёҳони Тоҷикистонро ширкатҳои Ӯзбекистон  ба нафъи худ истифода мебаранд. Меҳмонон  аслан аз Фаронса ба саёҳати 10-рӯза ба минтақаҳои Осиёи Миёна -  Бухоро, Самарқанд ва Тоҷикистон меоянд. Дар Самарқанду Бухоро ду – се рӯз гаштугузор намуда, роҳи Тоҷикистонро пеш мегиранд. Аз ин ҳисоб ширкатҳои давлати ҳамсоя назар ба  ширкатҳои ватанӣ даромади бештар ба даст меоранд, зеро пешниҳод аз ҷониби онҳо сурат гирифтааст. Бинобар ин фазои иттилоотиро пурмаълумот ва хатсайрҳои ҷолибу ғайриодӣ ташкил намудан ногузир аст.
Кариб 60 - 70 дарсади сайёҳон бо ибтикори худ ё дӯстон ба кишвари мо ташриф меоранд. Дар сурати хуб меҳмондорӣ шудан ва таассуроти нек бардоштан, онҳо ҳатман дӯстону шиносонашонро барои сафар ба Тоҷикистон ҳидоят месозанд.
Таҳлилҳои мутахассисони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ нишон медиҳанд, ки дар солҳои 2016-2017 туризми ҷумҳурӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид мешавад. Дар назар аст, ки гурӯҳҳои зиёди гардишгарон аз кишвар дидан намоянд. Аз ин рӯ, тарбияи кадрҳои баландихтисос дар бахшҳои гуногуни хизматрасониҳо мувофиқ ба стандартҳои муосири ҷаҳон амри зарурист.
 
Шаҳнози ҚУРБОН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.10.2014    №: 210    Мутолиа карданд: 11580
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед