мулоқотҳо
ПАНҶ МУЛОҚОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО МЕҲМОНОНИ ВОЛОМАҚОМ
27 октябр пас аз анҷоми қисмати ифтитоҳии Анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон панҷ нафар иштирокдорони воломақоми ин ҳамоишро ба ҳузур пазируфт.
Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Иёд Амин Маданӣ вохӯрд. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ шуданд.
“Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори болоравии нақши Созмони ҳамкории исломӣ, ки барои ҳалли масъалаҳои печидаи ҷаҳони ислом пайваста кӯшишҳо ба харҷ медиҳад, буд ва мемонад”,- изҳор дошт зимни суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Иёд Амин Маданӣ барои созмондиҳии бомуваффақияти Анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе ба Сарвари давлат ва кулли масъулони Тоҷикистон арзи сипосу қадрдонӣ намуд.
Изҳори боварӣ шуд, ки ин ҳамоиши бонуфуз натиҷаҳои назаррас хоҳад дод.
Ҳамчунин таъкид гашт, ки зарфиятҳои молиявӣ ва сармоягузории Бонки исломии рушд, Хазинаи ҳамбастагии исломӣ, Идораи махсуси кумакҳои башардӯстона ва дигар бунёдҳои мададрасон ҷиддан боло бурда мешаванд ва кишварҳои рӯй ба рушди мусулмонӣ аз ёрии бештари давлатҳои қудратманди ҷаҳони ислом баҳравар мегарданд.
Зимни мулоқот бо раиси Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди бонуфузи молиявӣ баррасӣ шуд.
Тавре зикр гардид, тайи ҳамкории бисёрсолаи дуҷониба аз ҷониби Бонки исломии рушд ба маблағи зиёда аз 210 миллион доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон қарзҳои имтиёзнок ва кумаки техникӣ пешниҳод шудааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ равона карда шудаанд. Лоиҳаҳои зиёди дигар ҳоло бо харҷи 145 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои Бонки исломии рушд дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, обтаъминкунӣ ва тандурустию маориф татбиқ мешаванд.
Аҳмад Муҳаммад Алӣ ба нақши Тоҷикистон ва Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мусоидат ба мушкилоти кишварҳои мусулмонӣ, хусусан Афғонистони ҳамсоя баҳои баланд дода, бори дигар омодагии Бонки исломии рушдро барои иштирок дар маблағгузории чунин лоиҳаҳои минтақавӣ чун хати барқии CASA-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва ғайри инҳо таъйид намуд.
Ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Дар мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии мамлакати Арабистони Саудӣ Туркӣ ибни Сауд ал-Кабир масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва робитаҳои судбахши Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баррасӣ ёфтанд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасмими Подшоҳи Арабистони Саудиро доир ба тавсеаи навини Ҳарамайни Шарифайн (шаҳрҳои Маккаю Мадина) “ташаббуси судманд барои кулли уммати исломӣ” номид ва ҳамчунин аз номи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамасола барои ҳаҷ ва умра ба ин маконҳои муқаддас мераванд, барои фароҳам овардани шароити шоиста арзи сипос намуд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз ташаббусҳои навини Арабистони Саудӣ барои таҳким ва тавсеаи ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҷомеаи давлатҳои арабӣ дастгирӣ намуд.
Ифтитоҳи гӯшаи Арабистони Саудӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон “иқдоми дигари созанда” зикр гашт.
Изҳори боварӣ шуд, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, ки соли равон дар пойтахти Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, натиҷаҳои таконбахш хоҳад дод.
Дар суҳбат бо вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло Ғаббош масоили ҳамкории рушдёбандаи ду кишвар баррасӣ гаштанд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: -“Мо аз сатҳ ва мундариҷаи муносибатҳои дуҷонибаи худ бо Амороти Муттаҳидаи Араб қаноатманд ҳастем ва омодаем, ки барои таҳкиму густариши бештари онҳо саъю талош варзем”.
Зикр гардид, ки Аморот дар байни кишварҳои араб имрӯз шарики бузургтарини тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад ва ҳам ягона кишвари арабӣ аст, ки бо Тоҷикистон хатсайри мустақими ҳавоӣ дорад.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Аморот, бахусус дар арсаҳои иқтисодӣ, ҳанӯз сатҳи сазоворро касб накардаанд ва онҳо дорои имкониятҳои фаровони истифоданашуда мебошанд.
Ба иттилои Абдулло Ғаббош Амороти Муттаҳидаи Араб ба густариши ҳамкории гуногунҷанбаи иқтисодӣ бо Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ ва оби ошомиданӣ ҳавасмандии амиқ дорад.
Ҷонибҳо омодагии худро ба таҳким ва густариши муносиботи судманди гуногунҷанба таъкид доштанд.
Дар мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Атиқуллоҳ Атифмал доираи васеи масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамсоя баррасӣ гардиданд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили ҳамкории минтақавии Тоҷикистону Афғонистон, ки метавонад иқтидори транзитии ҳар ду кишварро ба маротиб афзун намояд, зоҳир гардид. Аз ҷумла масоили вобаста ба тезондани татбиқи лоиҳаҳои хати барқии CASA-1000 ва роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва ҳамчунин бартарафсозии мушкилоти тиҷоратию транзитии минтақавӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд.
Доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ низ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.10.2014 №: 210 Мутолиа карданд: 1506