logo

порлумон

ҚОНУН ДАР РӮҲИЯИ ИНСОНДӮСТӢ ВА РАҲМУ ШАФҚАТ ПЕШНИҲОД ШУД

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, гузашт, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ гардид.

Шерхон Салимзода, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни ташреҳи қонуни мазкур иброз дошт, маҳз табиат ва хислати неки инсонии Сарвари давлат аст, ки мо дар даврони истиқлолияти кишвар шонздаҳумин қонуни авфро мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Президенти мамлакат бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ дар рӯҳияи инсондӯстӣ, раҳму шафқат ва бо мақсади бахшидани гуноҳҳо дар арафаи 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қонуни мазкурро ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуд. Қабул ва татбиқи ин қонун ҷиҳати ислоҳ ва тарбияи маҳкумшудагон ва дигар шахсони ҷиноятсодирнамуда таъсири хуби мусбат мерасонад.
Лоиҳаи қонун аз 24 модда иборат буда, ҳолатҳои авф шудани маҳкумшудагон ва шахсони ҷиноятсодирнамуда, аз ҷумла озод кардан аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, озод кардан аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда, озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва кам кардани муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодии маҳкумшудагонро муайян менамояд.
Лоиҳаи қонун пешбинӣ намудааст, ки шахсони аз чор се ҳиссаи ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо карда, ҳамчунин новобаста аз муҳлати ҷазои таъйиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ғайриҳабсӣ занон, ноболиғон, мардони аз 55 - сола боло, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва амалиётҳои ҷангӣ дар дигар давлатҳо ва муқовиматҳои сиёсиву ҳарбӣ дар Тоҷикистон, зарардидагони садамаи Чернобил, маъюбони гурӯҳҳои I, II, III, шахсони гирифтори бемориҳои саратон, сил, узвҳои нафас ва шуш,  шахсоне,  ки  бо  мукофотҳои давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ,  ҶШС  Тоҷикистон ва Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон сарфароз гардидаанд, шахсоне, ки аз хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудаанд ё худсарона қисми ҳарбиро тарк кардаанд ва шаҳрвандони хориҷӣ озод мешаванд.
Прокурори генералӣ зикр кард, ки айни ҳол дар муассисаҳои ислоҳи 112 нафар маҳбусони гирифтори чунин бемориҳо адои ҷазо менамоянд.
Мавсуф таъкид намуд, афроде, ки дар маҳбасанду дар гузашта ду бор ё беш аз он авф шудаанд, қонуни нав ба онҳо дахл надорад. Ҳамчунин занону ноболиғоне, ки барои хиёнат ба Ватан, куштор ё амалҳои террористӣ маҳкум шудаанд, авф намешаванд.
Мувофиқи маълумоти пешакӣ қонуни мазкур нисбати беш аз 10 ҳазор гумонбаршуда, айбдоршуда ва маҳкумшуда татбиқ мешавад.
Вакилон Маҳмадалӣ Ватанов, Убайдулло Давлатов, Саодат Амиршоева, Шодӣ Шабдолов таъкид карданд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба раҳошудагон ёрӣ расонда, барои бо кор таъмин намудани онҳо мусоидат намоянд.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»  
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.10.2014    №: 211    Мутолиа карданд: 1694
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед