муҳоҷират
Гуфтугузор перомуни амалиёти «Нелегал – 2014»
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов дар Маскав бо муовини сардори Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Анатолий Қузнетсов вохӯрд.
Ҷонибҳо асосан перомуни амалиёти «Нелегал – 2014», ки 23 октябри соли равон дар Маскав оғоз гардида то 2 ноябр идома меёбад, гуфтугӯ карданд. Дипломати тоҷик зимни гуфтугӯ аз боздошти шумораи зиёди муҳоҷирони тоҷик дар Маскав изҳори нигаронӣ карда, аз Анатолий Кузнетсов хоҳиш намуд, ки вазъиятро шарҳ диҳад. Муовини сардори ХФМ ба сафир маълумот дод, ки аз шумораи умумии боздошт ва бозпурсишудагон танҳо 170 нафар муҳоҷирони кории тоҷиканд. Қисме аз онҳо барои вайрон кардани қоидаҳои будубош ҷаримабандӣ шудаанд. Айни ҳол дар боздоштгоҳҳо танҳо 21 шаҳрванди Тоҷикистон қарор дорад, ки тафтиши корашон ба анҷом мерасад. Зикр шуд, ки овозаҳо дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон будани қисми зиёде аз 14 ҳазор боздоштшудагон дар рафти амалиёти «Нелегал - 2014» бепоя мебошанд.
С. АЗИЗ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.10.2014 №: 212 Мутолиа карданд: 29534