мулоқотҳо
Баррасии ҳамкориҳо дар соҳаи амният
30 октябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мэн Хунвейро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаи амният ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардумони ду кишвар, аз ҷумла дар доираи муносиботи дуҷониба ва дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои таҳкими ҳамгироӣ миёни ниҳодҳои марбутаи ду кишвар дар шароити фаъол гардидани хатару таҳдидҳои муосир зоҳир гардид.
Таъкид шуд, ки барои татбиқи саривақтии барномаҳои ҳамкории ба ин самт равонагардида ҳар ду ҷониб саъю талош ба харҷ медиҳанд.
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.10.2014 №: 212 Мутолиа карданд: 1322