logo

маориф

ЗАФАРОБОД. ҶАВОНМАРДИ ҲИСОРӢ МАКТАБ СОХТ

Ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод раиси вилояти Суғд, муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Абдураҳмон Қодирӣ дар расми кушоди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23 қайд намуд, ки ҷавонмарди ҳисорӣ Қурбонмурод Неъматов сохтмони бинои мактабро ба уҳда гирифта буд, имрӯз онро ба истифода супурда истодаем. Мактаб барои 240 хонанда дар як баст бо масрафи 1,3 миллион сомонӣ дар муддати як сол сохта шудааст. Қурбонмурод Неъматов ба мактаб аз ҳисоби худаш 10 адад компютер ва 10 адад мошини дарздӯзӣ ҳадя кардааст. Раиси вилоят гуфт, ки дар солҳои наздик ин мард барои бунёди ошхона ва толори варзишӣ дар мактаб мусоидат хоҳад кард. Дар даромадгоҳи мактаб ному насаби ин ҷавонмарди тоҷики ҳисорӣ чун бунёдкори муассисаи таълимӣ ҳаккокӣ мешавад.
Қурбонмурод Неъматов зодаи Ҳисори шодмон буда, якчанд сол боз дар вилояти Суғд кору фаъолият дорад. Нахуст ҶДММ «Тоҷроуд»-ро ташкил намуда, корхонаи асфалтбарориро созмон дод. Барои амалӣ гаштани  барномаи вилоятии «Соли 2014-соли роҳҳои обод» саҳм гузошта, барои мумфарш кардани роҳҳои нақлиётии аксари шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд нақши босазо гузошт.
Бинои мактабро сохтмончиёни ширкати «Созанда»-и шаҳри Истаравшан бо сифати баланд сохта ба истифода супурданд. То саршавии соли нави таҳсил фарзандони сокинони деҳа ба мактаби деҳаи ҳамсоя - Сурхоб дар масофаи 3,5 километр равуо доштанд. Дар мактаби нав ҳоло 185 толибилм таҳсил мекунад. Ба онҳо 15 нафар омӯзгорон сабақ меомӯзонанд.
Сайфулло МАҲКАМОВ,
вилояти Суғд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.11.2014    №: 213    Мутолиа карданд: 1445
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед