logo

маориф

ҶИРГАТОЛ. ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ХУБ АСТ

Дар ноҳия 57 мактаби таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 37 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 мактаби таҳсилоти асосӣ, 14 мактаби таҳсилоти ибтидоӣ, 5 муассисаи томактабӣ, 1 мактаб - интернати назди мактабӣ, Муассисаи таълимии давлатии литсей барои хонандагони болаёқат, Маркази технологияи иттилоотӣ ва Муассисаи таҳсилоти иловагӣ фоъолият карда истодааст.
Ин муассисаҳои таълимӣ 13184 нафар хонандаро дар бар мегиранд, ки 6409 нафари онҳо духтарон мебошанд. Ба хонандагон 969 нафар омӯзгорон - 480 нафарашон бо маълумоти олӣ, 23 нафар бо маълумоти олии нопурра, 413 нафар бо маълумоти миёнаи махсус ва 53 нафарашон бо маълумоти миёнаи умумӣ дарс мегӯянд. Аз ҷумлаи ин омӯзгорон 326 нафарашро занон ташкил медиҳанд ва онҳо дар кори таълиму тарбияи насли наврас саҳмгузоранд. Дар таълимгоҳҳои ноҳия 7642 нафар хонанда бо забони қирғизӣ таҳсил менамоянд, ки бо китобҳои дарсӣ пурра таъмин нестанд. Барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани таълиму тарбия корҳои зиёде ба анҷом расонида мешаванд. Аз ҷумла, дар моҳҳои феврал -  июни соли ҷорӣ 32 нафар омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, 21 нафар муовинони директорҳо оид ба таълим, 42 нафар омӯзгори фаннӣ ва 2 нафар мудири кӯдакистонҳо аз курси такмили ихтисос гузаштанд. Бо мақсади бо кадрҳои дорои таҳсилоти олӣ таъмин намудани мактабҳои ноҳия 1047 донишҷӯ дар мактабҳои олии кишвару берун аз он машғули таҳсил мебошанд. Аз инҳо зиёда аз 500 нафарашон таҳсилотро дар соҳаи омӯзгорӣ давом дода истодаанд. Имсол 48 омӯзгори таҳсилоти миёнаи махсус дошта, бо ташаббуси шуъбаи маорифи ноҳия ба Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт, шуъбаҳои ғоибона дохил шуданд.
Аз соли 2009 то имрӯз ба бисёре аз мутахассисони ҷавон қарзҳои дарозмуддати имтиёзнок ва қитъаи замин дода шудааст.
Алҳол муассисаҳои таълимии ноҳия бо 435 адад компютер, 80 адад принтер ва 11 адад муҳаррикҳои барқдиҳанда таъмин мебошанд. Барои омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ 44 омӯзгор, ки 34 нафари онҳо дорои маълумоти олӣ ва боқимонда соҳиби маълумоти миёнаи махсус мебошанд, машғуланд.
Дар 5 мактаб кабинети физика, дар 3 мактаб кабинети химия, дар 6 мактаби дигар кабинетҳои математикаву биология ва дар 8 мактабу литсейи ноҳия кабинети технологияи иттилоотӣ ташкил карда шудааст. Тартиб ва ба истифода додани ин кабинетҳо барои боз ҳам мукаммалтар намудани дониши хонандагон ёрӣ мерасонад.
Дар мактабҳои ноҳия ба омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ба таълими тарбияи ҷисмонӣ 36 нафар омӯзгорон машғуланд, ки 22 нафари онҳо дорои маълумоти олӣ мебошанд. Барои омодагии дифои ҳарбӣ 32 нафар таълим медиҳанд. Аз ин таълимдиҳандагон 12 нафарашон афсарон мебошанд. Барои рушди ин соҳа дар се мактаб толор ва дар 25 мактаб майдончаҳои варзишӣ мавриди истифода қарор доранд. Дар мактаби рақами 50-и деҳаи Қарчин бо иқдоми ҷавонони ноҳия ва мардуми ин деҳа ба маблағи зиёда аз 70 ҳазор сомонӣ толори варзишӣ сохта шудааст.
Дар ноҳия тарбияи томактабиро низ  хуб ба роҳ мондаанд. Дар давоми ду соли охир 4 муассисаи томактабӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Дар назди мактабҳои рақамҳои 2,5,6 ва 9 маркази инкишофи кӯдакон ташкил ёфт. Ин бошад кори омӯзгорони синфҳои ибтидоиро хеле осон мегардонад.
Шуъбаи маорифи ноҳия бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва Вазорати маорифу илм дар таъмиру навсозии мактабҳо корҳои зиёдеро ба сомон расонид. Аз ҷумла, фақат дар соли таҳсили 2013-2014 дар назди 9 мактаби ноҳия синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар ноҳияи Ҷиргатол таълиму тарбия хуб ба роҳ монда шудааст. Падару модарон ба таҳсилу рафтор ва ҳаматарафа аз худ намудани дарсҳо, ҳатто ба синфхонаҳову ҷойи нишасти  фарзандонашон диққати ҷиддӣ медиҳанд. Тобистони соли ҷорӣ бо кӯшиши шуъбаи маориф ва маблағгузории мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар 4 мактаби ноҳия лагер - истироҳатгоҳҳо ташкил шуд, ки 160 нафар хонандагон ба истироҳати тобистона фаро гирифтанд. Аксари онҳо хонандагони ятиму бепарастор ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат буданд. Инчунин, 11 нафар ба лагери тобистонаи “Чайка”-и ноҳияи Варзоб ва 2 нафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин барои истироҳат фиристода шуданд.
Дар се соли охир хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳурӣ ширкат варзида, 1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар олимпиадаи минтақавӣ бошад, хонандагони синфҳои 9-10 16 ҷойро ишғол намуданд, ки аз ин 8 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои якум ва 8 нафари боқимонда соҳиби ҷойҳои дуюму сеюм гардиданд.                                                                                     
 Ҳалимҷон ҲУСЕЙНОВ,
  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.11.2014    №: 215    Мутолиа карданд: 1731
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед