logo

маориф

ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ – ТАЛАБИ ЗАМОН

Ба муносибати 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ конфронси байналмилалии илмӣ - амалӣ таҳти унвони «Дурнамои рушди илм ва маориф»  доир гардид.   Дар он   300  нафар намояндагони марказҳои илмиву таълимии  Русия, Италия, Португалия, Қирғизистон,  Ӯзбекистон, ҳамчунин  муассисаҳои илмиву таълимии шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш табодули афкор перомуни муайян намудани дурнамои роҳҳои ихтироъ ва тараққиёти техникаву технологияи муосир, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар бахши баланд бардоштани сифати таълим, роҳандозии барномаҳои илмии муштарак ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд  арзёбӣ гардид.
Дар конфронс 172 мақолаву гузоришҳои илмӣ дар бахшҳои идораи сифати таҳсилоти муҳандисӣ ва аккредитатсияҳо, энергетика, технологияи иттилоотиву иртиботӣ, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт, саноат, мошинсозӣ, масолеҳшиносӣ ва технологияи металлҳо, фанҳои бунёдӣ (риёзӣ, физика, кимиё), иқти-содиёт, фанҳои иҷтимоӣ - гуманитарӣ, экология мавриди таҳлил ва баррасӣ  қарор гирифт.
Ҳайдар Одинаев, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон,  иброз дошт, ки баргузории конфронси илмӣ - амалӣ дар донишгоҳ ба ҳукми анъана даромада, дар ҳар ду сол як маротиба доир мегардад. Агар ба таърихи начандон тӯлонӣ назар афканем, маълум мегардад, ки сол ба сол сатҳу сифати ин гуна чорабиниҳо дар донишгоҳ тадриҷан боло рафта истодаанд. Чунончи, даҳ сол пеш дар донишгоҳ ду конфронс ва соли 2013 беш аз бист ҳамоишҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ гузаронда шудааст. Ин гувоҳи барқарории сулҳу субот, беҳшавии вазъи сиёсӣ, волоияти қонун, фароҳам омадани шароити мусоиди кору эҷод дар мамлакат мебошад. Бо итминони комил метавон гуфт, дар давраи эҳёи  фаъолияти  созандаи миллат, ки дар партави  сиёсати хирадмандонаву созандаи Президенти кишварамон тақвият ёфта истодааст, омӯхтан, донистан ва такмил додани ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолияти ҷомеа зарур маҳсуб меёбад. Алҳол, дар замони пешрафти  илму техника, ташаккули фарҳанги техникӣ,  шинохтану омӯхтан ва самаранок истифода бурдани сарватҳои табиию зеҳнии кишвар ва дар ин замина таъмини рушди устувору босуръати иқтисодиёт аҳамияти бештар пайдо кардааст.
Ҳаким Fаюров, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар хусуси омодасозии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути таҳсилоти фосилавӣ (дар мисоли таълими информатика барои тахассусҳои равияи иқтисодӣ) суханронӣ намуда, иброз дошт, ки рушди бемайлони воситаҳои иттилоотӣ  ва иртиботӣ  боиси дастрасии  маълумоти саҳеҳ  ба доираи васеи аҳолӣ   гардид. Кор бо захираи маълумот, таъсирнокии он, иртибот дар фазои иттилоотӣ  яке аз шаклҳои афзалиятноки  фаъолияти  корманди муосир  гашта истодааст. Аз ин лиҳоз такмили минбаъдаи омодагии донишҷӯён  дар истифодаи маводҳои электронӣ аз масъалаҳои зарурии таълимоти муосир  ба ҳисоб  меравад. Он имкон медиҳад, ки донишҷӯён барои фаъолияти минбаъдаи касбӣ беҳтар омода шаванд.  Феълан истифодаи маводи технологияи иттилоотӣ – иртиботӣ дар шароити таълимоти фосилавӣ барои омодасозии донишҷӯён ба омӯзиш, дар бахши информатика роҳандозӣ мешавад. Бахши информатика  яке аз фанҳои таълимии ҳатмӣ ва  таҳкурсии назариявию  амалӣ буда, барои огоҳӣ аз навовариҳое, ки  дар таҳсилоти фосилавӣ заруранд, инчунин  дар самти истифодаи маводи технологияи иттилоотӣ  ва иртиботӣ  муҳим арзёбӣ мегардад. Ба гуфтаи Ҳ. Fаюров  тибқи тадқиқотҳо  машғулиятҳои фанни информатика метавонад ба самти амалии таълим, дараҷаи тайёрӣ ва қобилияти донишҷӯён мусоидат намояд. Аз ин рӯ, бештар намудани он дар барномаи таълимӣ аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
«Оид ба зарурати таҳсилоти муҳандисии инноватсионӣ», «Хусусиятҳои омӯзиши фанҳои техникӣ», «Баъзе мулоҳизаҳо оид ба таълими математика дар макотиби олии техникӣ дар низоми кредитии таҳсилот», «Пешрафти гидроэнергетика – самти асосии рушди иқтисодиёти Тоҷикистон», «Таҳлили раванди иҷозатномадиҳӣ ва роҳҳои такмилдиҳии он дар соҳаи нақлиёт», «Ҳифзи муҳити зисти минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон - омили  рушди  минтақа», «Самтҳои коҳиш додани садамаҳои нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе», «Ҳолати хизматрасониҳои нақлиётӣ ба  аҳолӣ дар системаи нақлиётӣ ва самтҳои  асосии рушди он» ва ғайра аз мавзӯъҳои дигари фарогири кори конфронс буданд, ки пазироии хуб ёфтанд.
Дар назар аст, ки матолиби ҳамоиш дар маҷмӯаи мақолаҳо ва «Паёми  ДТТ» ба табъ расанд.
Ба гуфтаи Абдулазиз Fаффоров, сардори бахши  корҳои илмӣ – тадқиқотии ДТТ, ин ҳамоиш ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба  бо донишгоҳу муассисаҳои таълимии кишварҳои дуру наздик мусоидат намуда, барои роҳандозии усулҳои нави омӯзиш ва ихтироот дар раванди таълими донишҷуён имкон фароҳам меоварад.

Шаҳнози ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.11.2014    №: 215    Мутолиа карданд: 1745
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед