logo

номаҳо

ДАР ҶАҲОН БОЛУ ПАРИ ХЕШ КУШОДАН ХОҲАМ

Суханеро, ки дар мақол орӣ,
Аввал он беҳ, ки дар хаёл орӣ, -
гуфтааст шоире. Ман низ хеле андешидам ва баъд қалам ба даст гирифтам.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, намедонам суханро аз кадом некӣ ва фазилатҳои Шумо оғоз бинамоям. Ман ҳамон Фаррух Хадеров ҳастам, ки бо насиҳатҳои Шумо ба донишгоҳ дохил шудам ва оила барпо намудам. Бо дастгириҳои Шумо табибони худамон маро чандин маротиба ҷарроҳӣ карданд, зеро беморие маро  солҳои зиёд ранҷ медод. Табибон сабаби бемориро намеёфтанд.  Сирри давои дардам нокушода мемонд.
Ҷаноби Олӣ, бар замми маризӣ аз набудани сарпаноҳ низ азият доштам. 19 марти соли 2014 бо дастони муборак ба ман калиди хона туҳфа кардед. Ва ҳамчун падарбузург фарзанди маро ба оғӯши гарму нарми худ гирифта, аз рухсораҳояш бӯсидед ва ба мо дуои хайр додед. Ҳамон дуои хайр будаст, ки имрӯз табиби дарди хешро пайдо кардам. Аз Ватани худамон ёфтам, ҳол он ки ман барои бемориам аз дигар мамлакат табиб меҷустам. Бо амри Худо, бо дуои Шумо ва дастгирии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимзода 10 сентябри соли 2014 Ҷаъфар Сафаров маро ҷарроҳӣ кард ва дар муддати 10 рӯз беморие, ки  солҳо маро азоби алим медод, аз байн рафт. Беҳтарин ва арзандатарин табиберо чун Ҷаъфар Сафаров надида будам, гӯям хато намешавад. Вай мегӯяд, ки Худо хоҳад, оянда асоҳоятро мепартоӣ. Ман фахр мекунам, ки беҳтарин  Сарвару ғамхори миллат ва табибони ҳозиқ дорем. Мо дуогӯи давлату миллат ҳастем.
Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, ман ҳамин сол Коллеҷи тиббии ноҳияи Ҳисорро хатм карда ба кор даромадам. Мехоҳам, ки саҳми худро ба давлату миллат барои пойдорию шукуфоӣ ва пешрафташ бигузорам.

Бо эҳтиром Фаррух ХАДЕРОВ,
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.11.2014    №: 216 - 217    Мутолиа карданд: 1375
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед