logo

порлумон

Ё ВАЗИФА Ё ВАКИЛӢ?

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Амиршо Миралиев, муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагон, гузашт ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.

Бибидавлат Афзалшоева, вакили порлумон, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» иброз дошт, ки он ба мақсади такмил ва бартараф сохтани мухолифатҳои дохилии қонун, мутобиқ намудан бо меъёрҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва, инчунин ҷиҳати иҷрои тавсияҳои нозирони  дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо доир ба интихоботи порлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 таҳия гардидааст. Тибқи лоиҳаи мазкур ба 7 моддаи он дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои вакилони халқ тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Аз ҷумла ба моддаи 10 оид ба ташкили комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, ба моддаи 12 оид ба ташкили комиссияҳои ҳавзавии интихобот ва шакли бюллетенҳо, моддаҳои 30, 40, 41, 42 дар бораи тартиби овоздиҳӣ ва аз ҷониби интихобкунандагон пур кардани бюллетенҳои интихобот мушаххас гардидааст. Инчунин доираи шахсоне, ки дар як вақт вакили маҷлисҳои дахлдори маҳаллии вакилони халқ буда наметавонанд, аниқ муайян шудааст. Чунончи, моддаи 26 қонуни амалкунанда, яъне талабот аз номзадҳо ба вакилӣ ба мафҳумҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатӣ», «Дар бораи мақомоти давлатии ҳокимияти давлатӣ», «Дар бораи прокуратура» мутобиқ карда шуд.
Хусусан қисми дуюми ҳамин модда дар таҳрири зайл оварда шудааст: «Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо, прокурорҳо, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва муовинҳои онҳо, дар як вақт вакили маҷлиси маҳаллии вакилони халқи дахлдор буда наметавонанд».
Ӯ зикр кард, ки ба шарте онҳо ҳамчун номзад ба қайд гирифта  мешаванд, ки дар аризаи худ ҳангоми номзад интихоб шудан аз вазифа рафтанашонро изҳор карда бошанд.
Ҳамчунин ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм, (ифротгароӣ), «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.

С. МУНАВВАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.11.2014    №: 219    Мутолиа карданд: 1355
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед