logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТҲОИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЧИН

7 ноябр дар мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо директори кулли ширкати роҳу пулсозии Чин Лу Шан доир ба татбиқи лоиҳаҳои мавҷуда ва ояндаи дуҷониба гуфтугӯйи созанда сурат гирифт.
Аз ҷониби ин ширкат дар Тоҷикистон чанд лоиҳаи бузурги роҳсозӣ, аз ҷумла сохтмону навсозии роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд - Чанак бо нақби Шаҳристон, татбиқ гардидааст.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сипоси мардуми кишварро ба роҳбарияти ин ширкат расонда, изҳори бовар намуд, ки минбаъд ҳам онҳо дар сохтмону навсозии роҳу пулҳои дигари Тоҷикистон ва ҳам дар омодасозии мутахассисони варзидаи тоҷик дар ин соҳа саҳми намоён хоҳанд дошт.
Ба масоили вобаста ба омодасозии босифати лоиҳаи навсозии қитъаи Қалъаихум - Хоруғи шоҳроҳи Душанбе - Кулма - Чин таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Чунонки иттилоъ доданд, то аввалҳои соли 2015 лоиҳа омодаю тасдиқ гардида, татбиқи амалии он тобистони ҳамон сол бояд оғоз ёбад.

Зимни мулоқот бо раиси Шӯрои мудирони ширкати роҳҳои оҳани Чин Чжан Зунян масоили вобаста ба сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.
Доир ба тезондан ва бо сифати баланд анҷом додани татбиқи ин лоиҳа гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Сохтмони ин роҳи оҳан бо нақбҳо ва пулҳояш бояд то соли 2016 анҷом дода шавад. Дарозии қитъаи роҳи оҳан 40,7 км буда, иборат аз 3 нақб бо дарозии умумии 3755 м ва 5 пул бо дарозии умумии 712 м мебошад.
Ҷойи зикр аст, ки қисмати зиёди корҳои сохтмонӣ аз ҷониби мутахассисону коргарони тоҷик иҷро карда мешаванд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба ҳамкорӣ дар татбиқи дигар лоиҳаҳои судбахш сурат гирифт.

Дар вохӯрӣ бо раиси Ширкати миллии металлургию кӯҳкории Чин (CNMM) Луо Тао масоили вобаста ба корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ ва истихроҷи тилло дар кони Покрӯди Тоҷикистон баррасӣ ёфтанд.
Ширкат яке аз бузургтарин ширкатҳои ҷаҳон дар ин соҳа буда, дар зиёда аз 30 минтақаи Чин ва беш аз 10 кишвари ҷаҳон фаъолият мекунад ва ба истихроҷи 40 намуди металлҳои гаронарзиш ва нодир машғул аст.
Барои корҳои геологӣ-ҷустуҷӯӣ ва истихроҷи тиллои кони Покрӯди Тоҷикистон ширкат тасмим дорад, ки беш аз 250 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда, зиёда аз 1000 ҷойи корӣ муҳайё созад. Тибқи нақшаи пешакӣ истихроҷи тилло аз ин кон бояд соли 2015 оғоз ёбад ва дар давраи аввал ширкат ҳар сол ба буҷети Тоҷикистон беш аз 6 миллион доллари амрикоӣ андоз хоҳад супурд.
Роҳбарияти ширкат тасмим дорад, ки ҳамчунин дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони мактабу бемористонҳо иштирок намояд.

Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо узви доимии Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин Ван Чишан, узви Бюрои сиёсӣ, Котиби  Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин  доир ба масоили сиёсию ҳуқуқӣ Мэн Ҷянчжу ва муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Чэн Гопин мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ роҳҳои татбиқи босамари санадҳои миёни ду кишвар имзошуда ва тавофуқоти зиёди дар сатҳи олӣ ҳосилгардида муфассал баррасӣ шуд.
Зикр гардид, ки рушди бесобиқаи робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин воқеан аз ҳамшарикии стратегӣ ва ҳамсоягии ибратбахши ду кишвари дӯст гувоҳӣ медиҳад.
Изҳор гашт, ки ҳамгироии амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангии ду ҳамсояи наку ба таҳкими оромию субот ва рушди иқтисодӣ дар минтақа мусоидати фаъол мекунад.

Субҳи 8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кэтсян мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба таҳким ва густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар доираи татбиқи санадҳои нави имзошуда  баррасӣ шуданд.
Изҳор гардид, ки Тоҷикистон аз ташаббуси Чин доир ба ташкили камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи абрешим дастгирӣ менамояд.
Изҳори бовар карда шуд, ки тавассути ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги зербиноии аз ҷониби Чин дастгиришаванда имконоти транзитии Тоҷикистон дар масири Шоҳроҳи абрешим ба маротиб афзун мегардад.
Ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.11.2014    №: 219    Мутолиа карданд: 1498
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед