мулоқотҳо
ГЕОРГИЙ ПОЛТАВЧЕНКО ДАР ҲУЗУРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
9 ноябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон губернатори шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Георгий Полтавченкоро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва беш аз ҳама бо шаҳри Санкт-Петербурги ин кишвар баррасӣ гаштанд.
Аз ҷараён ва натиҷаҳои “Рӯзҳои Санкт-Петербург дар Душанбе” изҳори қаноат карда шуд.
Зикр гардид, ки минбаъд миёни сохторҳои гуногуни ин шаҳрҳои ду кишвари дӯст ҳамкории пурсамари бевосита, аз ҷумла дар самти омӯзиши забони русӣ ва ихтисосҳои коргарӣ дар шаҳри Душанбе ба муҳоҷирони кории эҳтимолӣ ва ба корхонаҳои мушаххас ба кор бурдану бо шароити зарурӣ таъмин намудани онҳо дар шаҳри Санкт-Петербург, ба роҳ монда мешавад. Омӯзишгоҳҳои касбию техникии шаҳри Душанбе ва дигар муассисаҳои таълимию истеҳсолӣ ҳам кори худро дар ин самт тақвият хоҳанд бахшид.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва илму техника сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.11.2014 №: 219 Мутолиа карданд: 1314