ҳукумат
МАШВАРАТИ КОРӢ ДАР ҲУЗУРИ ПРЕЗИДЕНТ
Дар машварати корие, ки 11 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, муовини аввали Сарвазир Давлаталӣ Саид, муовини Сарвазир Азим Иброҳим ва роҳбарони вазорату идораҳои бахши энергетика гузаронд, масъалаҳои рушди соҳаи энергетика, таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ ва рафти иҷрои барномаҳои инвеститсионии бахши энергетика баррасӣ шуданд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазир ва вазири энергетика ва захираҳои оби мамлакат доир ба рафти иҷрои стратегияи таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои таълимиву тандурустӣ бо қувваи барқ, истифодаи самараноки неруи барқ, истифодаи технологияҳои каммасрафи барқӣ, паст кардани талафоти неруи барқ дар фасли зимистон ва рафти татбиқи барномаҳои инвеститсионии соҳаи энергетика гузориш доданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди масъулон доир ба омода кардани тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, захираи маводи сӯзишворӣ, аз ҷумла мазут, ангишт ва гази моеъ, истифодаи дурусту саривақтии воситаҳои техникии шабакаҳои барқӣ ва зербинои коммуникатсионӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.11.2014 №: 220 Мутолиа карданд: 11073