logo

президент

Машварати корӣ дар ҳузури Сардори давлат

10 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири мамлакат ва муовинони ӯ, роҳбари Дастгоҳи иҷроия ва мушовирони давлатии Сардори давлат, роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаҳои азими саноатӣ ва дигар шахсони дахлдор оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар ду моҳи аввали соли равон ва коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ машварати корӣ доир намуд.

Оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар ин муддат, рафти иҷрои буҷети давлатӣ ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ  гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Ғуломҷон Бобозода,  вазири молия Сафаралӣ Наҷмуддинов ва вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ шунида шуд.
Зикр гардид, ки аз рӯйи маълумоти баҳодиҳӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ду моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9% афзуда, ба 1 миллиарду 909 миллион сомонӣ баробар шуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон  аз рафти иҷрои буҷети давлатӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, иншооти энергетикӣ ва баъзе соҳаҳои дигар изҳори норозигӣ карда, таъкид намуд, ки  натиҷаҳои кори онҳо дар семоҳаи аввали соли равон мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор мегирад ва аз рӯйи он чораҳои қатъӣ андешида хоҳанд шуд.
Оид ба таъмини саривақтии нафақа ва маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва ҳамчунин сарфакорона истифода бурдани маблағҳои буҷети давлатӣ, кам кардани хароҷоти конселярию нақлиётӣ, алоқаи телефонӣ ва сафарҳои хизматӣ супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Оид ба вазъи соҳаи кишоварзӣ вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов гузориш дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин оид ба вусъат додани кишти баҳорӣ, татбиқи босамари лоиҳаҳои инвеститсионии соҳаи кишоварзӣ, рушди боғутокпарварӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, парварши занбӯри асал, афзун намудани қарзҳои хурди бонкӣ ба соҳибкорони деҳот, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва дар зиёда аз 160 ҳазор гектар заминҳои обӣ гузарондани кишти такрорӣ супоришҳои мушаххас дод.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар назди масъулон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ, бунёду таҷдиди роҳу пулҳо ва нақбҳои мошингард ва вусъат додани дигар корҳои ободонию созандагӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3750
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед