logo

маориф

РӮДАКӢ. ТАҲСИЛ ДАР МАКТАБИ САДАМАВӢ ҶИНОЯТ НЕСТ?

Аз оғози соли хониши нав агарчи ҳамагӣ ду моҳ сипарӣ мешавад, аммо мактаби таҳсилоти умумии №  35 ба номи Камолиддин Беҳзоди маҳаллаи Шаҳристони Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳолати садамавӣ ва бидуни талаботи санитарӣ қарор дорад.

Моҳи октябри соли ҷорӣ, хабарнигори рӯзнома дар асоси муроҷиати сокинони деҳоти мазкур оид ба шароити моддии ногувори фарзандонашон ҳангоми таълим аз мактаб дидан кард.
Феълан дар мактаб зиёда аз 800 хонанда дарс мехонад ва таълим бо ду забон: тоҷикӣ ва ӯзбекӣ аст. Ширкати хонандагон дар олимпиадаҳо ҳам камранг нест, сарфи назар аз он ки мактаб дар ҳолати вазнини садамавӣ қарор дорад. Тирезаҳои синфҳо пурра маҳкам намешаванд ва бархе  шиша надоранд, сақфи синфхонаҳо  шикоф аст. Аз дохил «чораҳои пешгирӣ» андешида шуда, ба сақф поя гузошта шудааст. Дар рӯзи равшан синфхонаҳо рӯшноии комил надоранд, хондану навиштан аз тахтаи синф душвор аст. Рӯзе, ки мо аз ин мактаб дидан кардем, ҳаво сард ва боронӣ буд. Вақте вориди ҳавлии мактаб шудем дидем, ки бино ба таълимгоҳ монанд нест. Ҳавлии мактаб ҳавзи обро мемонд (аксу навор аст). Хонандагон аз дарс ҷавоб шуда, бо эҳтиёт аз «ҳавзи об» - и саҳни мактаб мебаромаданд, аммо пойафзоли онҳо тар буд.   
Таърихи ба мактаб табдил ёфтани ин бино ҳам аҷоиб аст. Соли  1948 як қисми ин биноро, ки хонаи зист, беморхона ва аспхона будааст, ба мактаб табдил медиҳанд. Соли 1950 6 синфхона сохта мешавад. Солҳои аввал таълим то синфи 4 ва баъдан то синфи 8 буд. Солҳои охир  хонандагони чанд деҳаро як ҷо карда, он ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шуд. Хонандагон аз масофаи 1 километр аз 8 деҳа ба ин мактаб меоянд. 
Сорохон Маликова,  директори мактаб,- мегӯяд, ки вақти зиёди 15 соли роҳбариашро барои бунёди бинои нави мактаб сарф кардааст, аммо то ба ҳол мақомоти масъул ба ҷузъ ваъда ибтикоре нишон надодаанд.  
- Барои сохтани бинои мактаби нав талоши зиёд кардам ва севу ним гектар замин ҷудо шуд. То ҳол гӯиё корҳои ташхисӣ меравад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳия ваъда дод, ки соли оянда сохтмонро оғоз мекунанд. Борҳо муроҷиат кардам, дар ҳафтаномаҳо навиштанд, аммо беҳбудӣ нест. Ба ҳамин шароити сангин шогирдон ва омӯзгорон сабр мекунанд. Худо накунад, ки рӯзе  ин бино болои сарамон афтад, он вақт директорро гунаҳкор медонанд.  Аз соли 2006 замин барои сохтмон ҷудо шудааст, - иброз дошт директори мактаб.
Синфхонаҳои мактаб дар ду тарафи роҳ ҷойгиранд. Фарш шикоф, буйи намӣ ва ҳавои вазнини онҳо, албатта ба саломатии омӯзгорон ва шогирдон таъсири манфӣ дорад. Ҳангоми ба яке аз синфхонаҳо дохил шудан дар шоҳидии директор ва омӯзгорон пойи ман ҳам ба яке аз шикофҳои фарш даромад. Даҳ дақиқае, ки  дар дохили синф будам, аз сабаби норасоии ҳаво ва торикӣ, нафасам гирифт.  Бо талошҳои директори мактаб боми бархе аз синфхонаҳо нав шуда, то андозае хонандагон аз зери барфу борон эминанд. Аммо, торикии онҳо ва норасоии ҳаво барои саломатии шогирдон ва омӯзгорон масъалаи ҷиддист. Ин бино садамавӣ буда,  ба талаботи санитарию маъмурӣ ҷавобгӯ нест. Зеро дар пайи боридани барфу борон ҳавлии мактаб «ҳавзи об» шуда, намии замин ба солимии шогирдон зарар дорад. Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ аз мавҷуд будани чунин мактаби садамавӣ изҳори беиттилоӣ карданд. Волидони хонандагон мегӯянд, ки аз тарси садамавӣ будани бинои мактаб фарзандонашонро ба шаҳр барои таҳсил фиристодаанд. Хонандагони мактаб дар суҳбат ба мо иброз доштанд, ки рӯзҳои боронӣ ва барф синфхонаҳо торик мешаванд ва барои рӯбардор кардан аз тахтаи синф аз чароғи бобоӣ ва рӯшноии телефонҳои мобилӣ истифода мекунанд.
- Дар рӯзҳои зимистон бо навбат аз хона ҳезум меорем. Либосҳои гарм мепӯшем. Бо чароғак синфҳоро рӯшан мекунанд, баъди як дарс сарамро дард мегирад, дигар намефаҳмам, ки муаллим чӣ мегӯяд, зеро ҳавои синф вазнин ва нам аст,- мегӯяд Гулнора, хонандаи мактаби мазкур.
Масъалаи сохтмони бинои нави мактаб аз соли 1986 идома дорад. Соли 1986 зимни вохӯрии хонандагони фаъоли ҷумҳурӣ бо роҳбари вақти давлат Қаҳҳор Маҳкамов, яке аз хонандагон аз ҳолати садамавӣ будани бинои мактаби мазкур изҳори нигаронӣ карда  буд. Қаҳҳор Маҳкамов супориш дод, ки мактаби нави замонавии сеошёна сохта шавад, аммо бинобар сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ин супориш иҷро нагардид.    
Ҷумъа  Назаров, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ, мегӯяд, воқеан мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, ҳуҷҷатҳо барои сохтмони бинои мактаби нав ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод  ва сохтмони бинои нав дар масоҳати 3 гектар дар наздикии мактаби ҳозира ба нақша гирифта шудааст.
Суоли матраҳ ин аст, ки мудири шуъбаи маорифи ноҳия аз садамавӣ будани мактаб огоҳӣ дорад, пас чаро дар чунин шароит иҷозати таълимро додаанд? Давлаталӣ Давлатов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи интихоботии Шаҳристон, мегӯяд, то ба ҳол аз интихобкунандаҳо оид ба садамавӣ будани мактаб муроҷиати хаттӣ ё шифоҳӣ нагирифтааст.  Ин мактаб дар масофаи 12 километр дуртар  аз шаҳри Душанбе ва Вазорати маориф ва илми кишвар ҷойгир аст. Вазорати маориф ва илм мегӯяд, тибқи барнома дар ҷумҳурӣ 208 муассисаи таълимӣ ба таъмири асосӣ ниёз дошта, иҷроиши он ба уҳдаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вогузошта шуда, айни замон 127 бинои муассисаи таълимӣ аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.
- Дар барнома сохтмони нотамоми 75  мактаб ворид гардидааст, ки то имрӯз аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ бинои нотамоми 14 муассисаи таълимӣ сохта, ба истифода дода шуда, сохтмони 32 бинои муассисаи таълимӣ  идома дорад. Дар давоми амалӣ намудани барномаи мазкур  танҳо аз ҳисоби маблағҳои барои Вазорати маориф ва илм ҷудошуда 48 миллиону 289 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст,- омадааст дар посухи вазорати маориф ва илм.
Маълумот оид ба сохтмон ва таъмири мактаб ва синфхонаҳои то соли 2019 - ро, ки Вазорати маориф ва илм ба мо пешниҳод кард, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 35, Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ дарҷ наёфтааст. Аз супориши Сарвари давлат дар мавриди ҷудо кардани замин ва сохтмони бинои мактаби нав 8 сол сипарӣ шуд, аммо то ҳанӯз хонандагон ва омӯзгорон дар шароити вазнин савод меомӯзанд. Оё дар асри рушди иттилооту техника, ки зиёда аз 800 хонанда ва 40 омӯзгорро дар синфхонаҳои намноку садамавӣ ба кор ва омӯзиш ҷалб карданд, ҷиноят нест?
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм, охири моҳи октябр аз ин мактаб дидан кард ва ба омӯзгорону хонандагон паём дод, ки то якуми сентябри соли хониши оянда як бинои мактаби нав сохта ба истифода дода мешавад.
Сохтмони мактабҳо дар салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  шаҳру ноҳияҳо мебошад. Сарфи назар аз ин, Вазорати маориф ва илм кӯшиш мекунад, ки аз тариқи лоиҳаҳои грантӣ мактабҳои нав сохта шаванд.  Дар ҳоле, ин матлаб навишта мешуд, директори мактаби мазкур ҳам иваз шуд ва волидайн умед доранд, ки низоми таълим ва дастрасӣ ба китобу дигар ашёи дарсӣ тағйир меёбад. 

Ҳарамгули ҚОДИР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.2014    №: 222    Мутолиа карданд: 1913
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед