мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО КЕНТАРО СОНОУРА
12 ноябр, бегоҳии рӯз, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе муовини вазири корҳои хориҷии Япония Кентаро Соноураро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар баррасӣ шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳ ва мазмуни муносиботи ду кишвар баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки “Тоҷикистон ҷонибдори тавсеаи робитаҳои гуногуни ҳамкорӣ бо Япония мебошад”.
Бо изҳори қадрдонӣ аз дастгириҳои Япония аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла зикр гардид, ки тайи зиёда аз 20 сол бо кумаки ин давлати дӯст дар кишвари мо беш аз 300 лоиҳаи иҷтимоӣ амалӣ карда шудааст. Як зумра лоиҳаҳои дигар дар ҳоли амалишавӣ қарор доранд ва соли равон боз ду созишномаи грантии дигар барои таъмини ноҳияи Панҷ бо оби нӯшиданӣ ва беҳсозии фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба имзо расидаанд.
Изҳори бовар карда шуд, ки оянда дар баробари кумакрасонӣ ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ба ҳар ду ҷониб судманд ҳам тавсеа меёбад.
Гуфтугӯйи судманд доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва илму техника низ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.11.2014 №: 222 Мутолиа карданд: 1393