logo

маориф

ДАР ҲИМОЯИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР УСТУВОРЕМ

Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар арафаи анҷумани ХII ҳисоботию  интихоботӣ  қарор дорад.  Раиси Кумитаи мазкур Абдурозиқ  Ризоев, ки аз соли 2007 бори ин вазифаи пурмасъулиятро бар дӯш дорад, ба хабарнигори рӯзнома дар бораи фаъолияти созандаи  ташкилоти иттифоқи касаба шарҳи мухтасар дод.
- «Кадом  давлате, ки дар сиёсаташ ба маориф ва илм рӯй  намеоварад, он пойдор нахоҳад монд». Ин гуфтаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон гувоҳ аз он аст, ки соҳаи маориф  дар сиёсати давлат аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мақому манзалати омӯзгорро дар ҷомеа баланд бардошта, ҳифзи шаъну шарафи омӯзгор, имтиёзҳо ва таъминоти моддии ӯро, аз ҷумла ба  зиммаи Кумитаи иттифоқи касабаи  маориф ва илм вогузор кардааст, - гуфт Абдурозиқ Ризоев.  –  Кумита тайи ҳафт сол дар асоси муқаррароти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба», дастуру супоришҳои Президенти кишвар,  дигар санадҳои қонунгузории соҳаи маориф ва қарорҳои Анҷумани XI Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм оид ба беҳбудии шароити меҳнат, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои омӯзгорон, пешгирии қонуншиканӣ ва ҳуқуқпоймолкуниҳо аз  ҷониби корфармоён, беҳтар кардани сифати дониши хонандагону донишҷӯён корҳои муайянеро ба анҷом расондааст.
Дастоварди назарраси кумита, дар он аст, ки сафи аъзои иттифоқи касабаи маориф ва илм аз 212836 ба 243462 нафар, теъдоди ташкилоти ибтидоӣ ба 5242, ташкилоти ибтидоӣ ва гурӯҳҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба 5119 адад афзудааст. Ивази билетҳои аъзои иттифоқи касаба дар арафаи анҷомёбист. Дар пленуму раёсатҳо ва раёсатҳои сайёр, семинарҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ масъалаҳои доир ба ҳифзи меҳнат, ҳуҷҷатнигорӣ, риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  суғуртаи иҷтимоӣ, музди меҳнат, созишномаю шартномаҳои коллективӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. 
Фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи ВМКБ доир ба сари вақт баррасӣ намудани мактубҳои шикоятӣ ва бо ҷойи кор таъмин кардани кормандон назаррас мебошад. Дар ин давра, зиёда аз 2900 муроҷиати шифоҳӣ, беш аз 1500 ариза ва 960 мактубу дархост оид ба пардохти музди меҳнат, ҳифзи меҳнат, шароити манзилӣ, солимгардонии аъзои иттифоқи касаба мавриди омӯзишу санҷиш қарор ёфта, доир ба аксари онҳо дар муҳлатҳои муайяншуда тадбирҳо андешида шудааст. Роҳбарияти кумита  45 нафар кормандро, ки аъзои иттифоқи касабаи маориф ва илм мебошанд, ба ҷойи кори аввалаашон барқарор намуд. Дар ин самт ҳамкории кумита бо кумитаҳои иттифоқи касабаи вилояти Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, ДМТ ва ДТТ ба номи М. Осимӣ  созандаю муваффақ мебошад.
Назорати таъмини имтиёзҳои  омӯзго-рон, ки моддаи 53 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» муқар-рар намудааст, самти дигари фаъолияти иттифоқи касаба мебошад. Ин муқаррарот дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ба буҷети маҳаллӣ сахт вобастааст. Кумита доир ба мушкилоти ҷудо кардани замини наздиҳавлигӣ барои омӯзгорони ҷавон кор бурда истодааст. Дар ин бобат фаъолияти А. Қурбонов, раиси кумитаи иттифоқи касабаи ноҳияи Рӯдакӣ арзанда ба қобили ситоиш аст, ки бо мусоидати ӯ 512 омӯзгор бо замини наздиҳавлигӣ ва 4 нафар омӯзгори ҷавон бо хобгоҳ таъмин шудаанд. Аммо дар баъзе ноҳияҳо, ВМКБ ва шаҳри Душанбе  ин масъала хеле нигаронкунанда аст. Ҳазорон омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ бо оилаву фарзандон дар хонаҳои иҷора ва  хобгоҳҳои донишҷӯён зиндагӣ доранд. 
Анҷумани ХI иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ҳамаи ташкилотро вазифадор намуда буд, ки  василаи асосии пешрафти фаъолияти иттифоқи касаба ин бастани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ мебошад. Солҳои 2007 - 2014 дар аксари кумитаҳои иттифоқи касаба се маротиба шартномаи коллективӣ ба имзо расида бошад ҳам,  аз онҳо судмандие ҳис карда намешавад. Бештари раисони кумитаҳои иттифоқи касаба чӣ тавр омодаю ба тасвиб расондан ва натиҷагирӣ кардани шартномаҳо  тасаввуроти кофӣ надоранд. Бинобар ин, ба ҳайати нави кумита ва раисони кумитаҳои иттифоқи касабаи вилоятҳои Хатлону Суғд, ВМКБ, шаҳрию ноҳиявӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи  тобеи кумита супориш дода мешавад, ки  соли 2015 “Соли ташкилоти ибтидоӣ” эълон намуда, озмуни «Раиси ташкилоти ибтидоии соли 2015» дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ, Академияи илмҳо гузаронда шавад. 
Бар хилофи талаботи моддаи 146 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз муоинаи тиббӣ гузарондан аз омӯзгорон  ситондани маблағ, мувофиқи талабот набудани ҳолати санитарӣ ва беҳдоштӣ дар муассиса, риоя нашудани тарзи дурусти пуркунии дафтарчаҳои меҳнатӣ, бо маводи безараркунанда таъмин накардани мактабҳо, ба чорабиниҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҷалб шудани омӯзгорон дар рафти рухсатии меҳнатӣ, ба ҷаласаҳои раисони шаҳру ноҳияҳо бемаврид  даъват кардани сарварони мактабҳо, таҳти санҷишҳои нодаркори намояндагони сохторҳои қудратӣ: суд, милиса, прокуратура қарор гирифтани муассисаҳои таҳсилотӣ аз масъалаҳое мебошанд, ки ба пешбурди таълиму тарбияи насли наврас монеаҳо эҷод мекунанд. Далелҳои мувофиқа накардани қатъи шартномаи меҳнатӣ аз ҷониби маъмуриятҳо бо иттифоқи касаба, напардохтани иловапулиҳо барои аз меъёри  муқарраргардида зиёд кор кардан, ё кор дар рӯзҳои истироҳату идҳо, таъмин накардани  қисми зиёди кормандони техникии муассисаҳо бо либос ва пойафзоли махсус бо баҳонаи набудани маблағ, аз ҳисоби маблағҳои корфармо иҷро нашудани муоинаи тиббии кормандон, мувофиқа накардани хориҷшавии донишҷӯён бо кумитаи иттифоқи касаба ошкор  шудаанд. 
Ҳамасола кумита  бо Вазорати  маориф ва илми ҷумҳурӣ дар  озмунҳои касбии «Муаллими сол», «Мураббии сол» дар ду давр иштирок менамояд ва иштирокчиёни озмунҳои минтақавию ҷумҳуриявиро бо туҳфаҳои молию пулӣ ва ифтихорномаҳо ҳавасманд мегардонад. Иштироки фаъоли иттифоқҳои касабаи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ваҳдат ва ноҳияҳои Рӯдакию Ҳисор дар ин самт назаррас аст. 
Кумита дар соли 2010 барои афзудани маоши омӯзгорон бо Вазорати маориф ва илм, вазоратҳои молия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дастури пардохти музди меҳнат» - ро омода  кард. Ҷиҳати ҳимояи аъзои иттифоқи касаба ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» боби махсус - «Мақоми омӯзгор»-ро пешниҳод намуд, ки он қабул гардид. Ҳамзамон  кумита аз рӯйи банди 13  моддаи 53 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» оид ба имтиёзҳои омӯзгорон барои 25 соли собиқаи бефосила ба нафақа баромадан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ мактуби дархостӣ ирсол намудааст, ки он мавриди омӯзиш қарор дорад. Коркарди лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати  пардохти маоши иловагӣ ба омӯзгорони ҷавони дар деҳот коркунанда ва низомномаю дастурҳо оид ба истироҳатгоҳҳо, аз ҷумлаи ҳамкории судманди Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илм бо вазорат ва Академияи таҳсилоти он мебошад.
Асоси пешравии кор маҳз ба нозирон вобастагӣ дорад. Дар тӯли фаъолияти ҳафтсола кумита тавонист, ки шумораи нозирони ҳифзи меҳнатро аз 3 ба 18 нафар расонад. Соли равон кумита  бо нозирони ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқ дар истироҳатгоҳи «Чайка» нахустсеминари омӯзишии шаш-рӯза гузаронда, ба онҳо  роҳҳои корбарӣ ва муносибату муошират бо аъзои иттифоқи касабаро омӯзонд. 
Баъди ба маблағгузории сарикасӣ гузаштани мактабҳо бо исрори Кумитаи ит-тифоқи касабаи маориф ва илм ҳамаи дафтарчаҳои меҳнатии кормандон аз раёсат ва шуъбаҳои маориф ба мактабҳо дода шуданд. Вале санҷишҳо нишон медиҳад, ки корфармоён – директорони муассисаи таҳсилотӣ ҳоло низ дар ҳуҷҷатгузории дафтарчаҳои меҳнатӣ ба камбудиҳо роҳ медиҳанд. 
Эълон гардидани «Соли 2010 – соли маориф ва фарҳанги техникӣ» ба таъсис ва баргузории озмунҳои ҳарсолаи «Раиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи сол», «Раиси ташкилоти ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ», «Пешвои иттифоқи касабаи донишҷӯён» ва вохӯриву чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ миёни  донишҷӯён ва омӯзгорони  синни  25-35-солаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи  умумӣ сабаб шуд. Дар солҳои 2011 ва 2013  кумита ду  маротиба озмуни «Парчами сайёр» - ро барои муайян намудани «Кумитаи иттифоқи касабаи беҳтарин» барпо кард. Дафъаи аввал унвони ифтихориро шаҳри Душанбе ва бори  дувум ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе соҳиб гардида,  бо туҳфаҳои хотиравӣ ва Парчами сайёр мукофотонида шуданд. 
Бо ташаббуси Иттифоқҳои касабаи байналмилалӣ соли 2009 - соли ҷалби ҷавонон ба иттифоқҳои касаба эълон гардид. Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташаббусро  ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, як қатор чорабиниҳои фарҳангию варзиширо дар истироҳатгоҳи «Чайка» бо иштироки донишҷӯён ва устодони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба  нақшаи корӣ гирифт. 
Як ҷузъи ҷудонашавандаи барномаи солимгардонии омӯзгорону донишҷӯён ин гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ – фарҳангӣ ва фароғатӣ буда, ҳадаф аз он таҳкими дӯстиву рафоқат ва ҷалби ҷавонон ба узвияти иттифоқи касаба мебошад. Баргузории ҳарсолаи мусобиқаи футболи хурд, волейбол, тенниси рӯйи миз, шашка, шоҳмот, биллиард ва нард миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва омӯзгорони 25 - 35-солаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо анъана гардида,  даври ҷамъбастии он дар истироҳатгоҳи «Чайка» ҷараён мегирад. Солимгардонии устодону кормандон тавассути ҷалби онҳо ба корҳои варзишӣ дар ДТТ ба номи М. Осимӣ ба ҳукми анъана даромадааст Дар ин донишгоҳ ҳар сол мусобиқаҳои варзишӣ байни устодон ва кормандон доир мешавад. Саҳми кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳ дар чорабиниҳои варзишӣ хуб ба назар мерасад.
Дар  давоми солҳои 2007 - 2014 кумитаҳои иттифоқи касабаи вилоятӣ, ВМКБ, шаҳри Душанбе, шаҳрию ноҳиявӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, ташкилотҳои ибтидоии тобеи кумита аз ҳисоби маблағҳои Агентии ҳифзи иҷтимоӣ ба 13784 нафар узви иттифоқи касаба барои истироҳату табобат роҳхат додаанд. Аз камии маблағ ва дастрас накардани роҳхатҳои табобатӣ, бинобар нархи баланд доштан, аксари аъзои иттифоқи касабаи соҳаи маорифу илм изҳори изҳори нигаронӣ менамоянд. 
Дар фарогирӣ ва ба истироҳату табобат кумитаҳои иттифоқи касабаи вилоятҳои Суғду  Хатлон, шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Турсунзода, ноҳияҳои Ҳисору Рӯдакӣ, муас-сисаҳои таҳсилоти олии касбии ДМТ, ДТТ ба номи М. Осимӣ, ДСРТ хеле фаъол мебошанд. Лек аз ҳисоботи кумитаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва муассисаҳои таҳсилотӣ бармеояд, ки дар ин масъала баъзе раисони шаҳру ноҳия  саҳлангорӣ намудаанд. Дар осоишгоҳи «Шифо» - и назди ДМТ аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, ки ба  Кумитаи иттифоқи касабаи  маориф ва илм ирсол мешавад, 1564 нафар донишҷӯйи ятиму бепарастор, камбизоат ва дигар  ниёзмандон тандурустиашонро беҳтар карданд. Ин кумита ягона ташкилотест, ки дар тавозуни худ истироҳатгоҳҳои «Чайка» дар ноҳияи  Варзоб, солимгардонии Суғд дар  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва «Саодат» дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ - ро дорад.
Кумита барои фароҳам овардани шароити истироҳати кӯдакон ва наврасон дар истироҳатгоҳи «Чайка» шаш бинои нави истироҳатӣ, маркази фарҳангӣ ва китобхона сохта ба истифода додааст. Дар ин муддат ҳар сол барои қабули кӯдакону наврасон ва омӯзгорон истироҳатгоҳ таъмиру тармим  мешавад. Истироҳатгоҳ дар як вақт 320 нафар кӯдаку наврас ва беш аз 80 нафар омӯзгорро ба истироҳат фаро мегирад. Дар ҳафт сол дар истироҳатгоҳи «Чайка» 8119 нафар  хонанда истироҳат намуданд, ки аз ин 3338 нафар фарзандони омӯзгоронанд. Кумита дар соли 2013 мувофиқи хоҳишу дархостҳои аъзои иттифоқи касаба дар мавзеи истироҳатии «Чайка» ба сохтмони бинои осоишгоҳи «Омӯзгор»  барои 100 кат шурӯъ намудааст. 
Ҳамкории кумита бо ташкилотҳои соҳавии дигари иттифоқи касаба ва байналмилалӣ аз соли 2008 инҷониб мустаҳкам гардида, дар айни замон бо Ташкилоти байналмилалии иттифоқҳои касабаи маориф ва илми  ДММ – МОП, Ташкилоти байналмилалии  иттифоқҳои касабаи омӯзгорон (Белгия), Ташкилоти байналмилалии меҳнат (ТБМ),  Ташкилоти байналмилалии иттифоқҳои касабаи маориф ва илми  АвруОсиё ва ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ва Туркия хуб ба роҳ монда шудааст. Намояндагони кумита дар  баробари иштирок дар семинарҳои вилоятӣ,  шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, инчунин дар семинарҳои байналмилалӣ дар давлатҳои Русия, Туркия, Белорус, Украина, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон, Малайзия ва Ҳиндустон  фаъолона ширкат варзида, аз таҷрибаи пешқадами онҳо  бархӯрдор гардиданд. Соли 2014 намояндагони кумита дар семинарҳои байналмилалӣ дар Қазоқистон, Русия, Ҳиндустон, Малайзия ва Қирғизистон иштирок ва баромад карданд. Ташкилоти байналмилалии омӯзгорони Осиё ва Уқёнус дар  ҷумҳурӣ 35 семинар, МОП 1 семинар, Ташкилоти  байналмилалии меҳнат 3 семинар дар сатҳи байналмилалӣ гузаронданд, ки дар он  зиёда аз 94 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
 
Э. НАЗАРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2014    №: 225    Мутолиа карданд: 2168
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед