logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар ҷаласаи чордаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, шаҳри Душанбе, 17 ноябри соли 2014

Муҳтарам иштирокчиёни ҷаласа,
Ҳозирони гиромӣ!
Фаъолияти пурсамари Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ фишанги муҳими густариши ислоҳот ҷиҳати беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ба ҳисоб рафта, ба майдони муколамаи озод ва мунтазами давлат ва бахши хусусӣ табдил ёфтааст.
Боиси қаноатмандист, ки имрӯз бори дигар масъалаҳои муҳими беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, ки, бешубҳа, барои тақвият бахшидани раванди ислоҳоти иқтисодӣ дар мамлакат мусоидат хоҳад кард.
Ҳукумати Тоҷикистон рушди бахши хусусӣ ва сармоягузориро дар стратегияи рушди дарозмуддати худ яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати иқтисодӣ муайян карда, ба он пайваста таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Тавре дар рафти ҷаласа иброз доштам, соли ҷорӣ дар мамлакат як қатор чорабиниҳои муҳими байналмилалии аҳамияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дошта доир гардиданд. Аз ҷумла моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе вохӯрии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва Бизнес - Форуми доираҳои соҳибкории мамлакатҳои узви Созмон, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорону сармоягузорон ва дар доираи он бори нахуст Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе – 2014, инчунин Форуми сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар чорабиниҳои милливу байналмилалӣ баргузор гардиданд.
Мақсади чорабиниҳои мазкур ба рушд ва тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорону сармоягузорон нигаронида шудаанд. Тибқи натиҷаҳои чорабиниҳои гузаронидашуда, ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ зиёда аз ҳафтуним миллиард доллари амрикоӣ сармоягузориҳо ҷалб карда мешаванд.
Имрӯз мушкилоти бахши хусусӣ ҳамчун мушкилоти иқтисодиёти миллӣ баҳо дода шуда, пайгирӣ ва бартараф намудани онҳо, яке аз вазифаҳои муҳими Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Муҳтарам аъзои Шӯро ва ҳозирони гиромӣ!
Дар марҳилаи кунунии рушди иқтисодии Тоҷикистон бахшҳои давлатию хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд дар татбиқи афзалиятҳои муайянкардаи Ҳукумати мамлакат ширкати фаъолона намоянд. Дар ин ҷода саҳми муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ тавассути шӯроҳои машваратӣ бояд назаррас бошад.
Мақсади асосии шӯроҳои минтақавӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо мебошад, ки ҳамзамон ба баланд бардоштани иқтисодиёти минтақа ва таҳкими ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ мусоидат мекунанд.
Бинобар ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ шӯроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкориро дар сатҳи раисони шаҳру ноҳияҳо таъсис дода, ҷиҳати фаъолияти бомароми онҳо шароитҳои заруриро фароҳам оранд.
Соҳаи асосии иқтисодиёти вилояти Хатлон соҳаи кишоварзӣ буда, маҳсулоти асосии он пахта ва меваю сабзавот ба ҳисоб меравад. Вале ин маҳсулоти кишоварзӣ қариб, ки пурра дар намуди ашёи хом содир карда мешавад. Ҳамзамон имкониятҳои соҳибкорон дар соҳаҳои саноат, таъсиси корхонаҳои истеҳсолии хурду миёна, рушди сайёҳӣ низ ба таври зарурӣ истифода намешаванд.
Аз ин лиҳоз, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои таъсиси корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноат ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, захираву нигоҳдории он ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, аз натиҷааш ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ахбор манзур намояд.
Масъалаи муҳими дигар дар вилоят, чун дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, ин ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ мебошад. Соҳибкорон ҳангоми муроҷиат барои гирифтани қитъаи замин ҷиҳати сохтмони иншооти истеҳсолӣ вақтҳои зиёд мунтазир мешаванд ва аксари ҳолат ноком мемонанд, ки ин ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтисодии вилоят таъсири манфӣ мерасонад.
Масъалаи мазкур, аз як тараф, аз мақомоти маҳаллӣ вобастагӣ дошта бошад, аз ҷониби дигар ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ марбут аст, ки баррасии аризаҳо дар ин ниҳод дар аксари ҳолатҳо тӯл мекашад.  Аз ин лиҳоз, ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, дигар вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон супориш дода мешавад, ки ҷиҳати содаву осон намудани тартиби ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони корхонаҳои саноатӣ, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоди асоснок ва мушаххас манзур намоянд.
Инчунин, дар вилоят ҷалби сармоя, аз ҷумла сармояи хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ низ суст ба роҳ монда шудааст. Аз ин рӯ, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати ҷалби бештари сармоягузориҳо ба иқтисодиёти вилоят тадбирҳо андешида, ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва татбиқи онҳо, талаботи минтақа ба инобат гирифта шаванд.
Ҳозирони гиромӣ,
Масъалаи дигаре, ки дар ҷаласаи имрӯза баррасӣ гардид, ҷараёни татбиқи Барномаи дастгирии ташкилотҳои сохтмонӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи сохтмон барои солҳои 2012-2014 мебошад, ки вобаста ба он гузориши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.
Бояд гуфт, ки имрӯз дар натиҷаи татбиқи ин барнома дар соҳаи сохтмон пешравиҳои зиёд ба назар мерасанд, ки тағйирёбии симои пойтахти ҷумҳурӣ - шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз он шаҳодат медиҳад. Аз ҷумла, бо қабули Кодекси шаҳрсозии ҷумҳурӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва ба тасвиб расиданд, ки ба содагардонӣ, кам кардани хароҷоти расмиёти танзими фаъолияти ташкилотҳои сохтмонӣ равона карда шудаанд. Бо вуҷуди ин, камбудиҳо ва мушкилот дар соҳаи сохтмон ҳоло ҳам зиёд буда, дар ин самт идомаи ислоҳот зарур шуморида мешавад.
Яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи сохтмон, гирифтани иҷозат барои оғози корҳои сохтмонӣ мебошад. Тибқи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ яке аз воситаҳои самараноки содагардонии расмиёти гирифтани иҷозат барои сохтмон, ҷорӣ намудани низоми “Равзанаи ягона” мебошад, ки метавонад муҳлат ва миқдори расмиёти танзимкунандаи фаъолияти ташкилотҳои сохтмониро дар мамлакат ба таври назаррас коҳиш диҳад.
Бояд зикр кард, ки айни замон дар мамлакат расмиёти гирифтани иҷозат барои корҳои сохтмонӣ аз тарафи коршиносон мураккаб арзёбӣ гардида, дар самти мазкур, тавре қаблан қайд карда шуд, ислоҳот оғоз ёфтааст ва зарур аст, ки ба он суръат бахшида шавад.
Бинобар ин, ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмон супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва бо дастгирии шарикони рушд ҷиҳати ҳар чи зудтар ҷорӣ намудани низоми “Равзанаи ягона” барои гирифтани иҷозати сохтмон ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” - и Бонки ҷаҳонӣ чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷааш ба Шӯрои машваратӣ маълумот пешниҳод намояд.
Муҳтарам иштирокчиёни ҷаласа,
Яке аз масъалаҳои асосие, ки имрӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуд, натиҷаҳои таҳлил оид ба рушди бозори такрории коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ мебошад. Вобаста ба мавзӯи мазкур гузоришҳои намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ шунида шуданд.
Бояд зикр намуд, ки бозори такрории коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ яке аз унсурҳои муҳими бахши молиявии иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоб рафта, метавонад барои ҷалби маблағҳои озод ва ба соҳаҳои дигари иқтисодиёт сармоягузорӣ намудани онҳо, заминаи воқеӣ гузорад.
Новобаста аз он, ки кулли нишондиҳандаҳои молиявию пулии мамлакат ҷараёни афзоиш доранд, то имрӯз яке аз сабабҳои аслии рушди нокифояи бозори такрории коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ, пеш аз ҳама, номукаммалии заминаи қонунгузорӣ ва сохтори институтсионалии соҳа ба ҳисоб мераванд. Ҳалли масъалаҳои зикргардида, боварии аҳолӣ ва сармоягузорони дохилию хориҷиро ба низоми бонкию молиявии давлат боз ҳам устувор менамояд.
Аз ин рӯ, ба вазоратҳои молия, адлия ва Бонки миллӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳои марбута ҷиҳати мукаммал намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии бахши бозори коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ ва сохтори институтсионалии соҳа чораҳои заруриро амалӣ намоянд.
Тавре таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, давлат дар рушди бозори коғазҳои қиматнок нақши калидӣ дорад. Биржаҳои фондӣ асосан дар заминаи рушди бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ, ки аз тарафи Вазорати молия ва Бонки миллӣ интишор мешаванд, рушд мекунанд. Яке аз роҳҳои асосии пурқувват намудани рушди бозори коғазҳои қиматнок таъмин намудани интишор ва хариду фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ бо нархҳои озоди бозорӣ ва бо муҳлатҳои гуногун мебошад.
Ин амал субъектҳои хоҷагидориро ҷиҳати ба бозори кушод баровардани саҳмияҳои худ ҳидоят намуда, заминаи воқеии баргузории хариду фурӯши коғазҳои қиматноки онҳоро дар биржаҳои фондӣ ба вуҷуд меорад.
Бинобар ин, ба Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Бонки миллӣ супориш дода мешавад, ки барориш ва фурӯши мунтазами коғазҳои қиматноки давлатиро бо нархҳои бозорӣ таъмин намуда, аз натиҷааш ба Ҳукумати ҷумҳурӣ маълумот пешниҳод намоянд.
Яке аз омилҳои асосии боздорандаи рушди бозори такрории коғазҳои қиматнок дар шароити ҷумҳурии мо масъалаи фаъолияти бонизоми ҷамъиятҳои саҳомӣ мебошад. Таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар ин самт моро водор месозад, ки ба рушди бозори коғазҳои қиматнок ҳамчун сарчашмаи муҳими ҷамъоварии маблағҳои муваққатан озод ва сармоягузориҳо аҳамияти зарурӣ дода шавад.
Дар маҷмӯъ, масъалаҳои ҷойдоштаи бозори такрории коғазҳои қиматнок ба монанди сатҳи нокифояи рушди инфрасохтор, мавҷуд набудани иттилоот ва дигар масъалаҳо бояд ҳалли дурусти худро пайдо кунанд. Аз ин рӯ, тибқи қарори ҷаласаи 12 - уми Шӯро аз ҷониби гурӯҳи корӣ таҳлили соҳа гузаронида шуда, дар заминаи он, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба рушди бозори такрории коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ таҳия карда шудааст.
Бинобар ин, ба Вазорати молия супориш дода мешавад, ки якҷо бо Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати ҷумҳуриро оид ба рушди бозори такрории коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ бо дарназардошти таклифу пешниҳодоти дар ҷаласаи имрӯза баёнгардида, мукаммал намуда, бо тартиби муқарраргардида ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Ҳозирони гиромӣ,
Ҳоло мехоҳам вобаста ба яке аз мавзӯъҳои ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ - оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ дар Тоҷикистон ибрози назар намоям.
Соҳаи кишоварзӣ аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ мебошад. Яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ - таъмини амнияти озуқавории мамлакат, аз дараҷаи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.
Солҳои охир дар соҳаи кишоварзии мамлакат як қатор ислоҳоти муҳим ва ҷиддӣ доир карда шуданд, ки мақсади асосии онҳо таҷдиди соҳа, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ, ба содирот нигаронидани он ва дар ин замина таъмини амнияти озуқавории мамлакат маҳсуб меёбад.
Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади таъмини рушди бемайлони соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла баланд бардоштани маданияти истифодабарии заминҳои корам ва истифодаи самараноку оқилонаи он ва дар як сол рӯёнидани 2 - 3 ҳосили зироат, таваҷҷуҳ ва афзалияти хоса дода, дар соҳа чандин барномаҳои давлатӣ қабул ва амалӣ мешаванд. Вале, тавре ки аз таҳлили раванди иҷрои таъмини амнияти озуқавории кишвар бармеояд, тадбирҳои андешидашуда ва ҷараёни татбиқи онҳо ҳанӯз нокифоя мебошанд. Зеро бозори истеъмолии мамлакат аз маводи ғизоии воридотӣ ҳанӯз вобастагии калон дорад.
Доир намудани ислоҳоти куллии соҳаи кишоварзӣ кафолат медиҳад, ки амнияти озуқавории мамлакат дар заминаи сиёсати босамари иқтисодӣ ва иштироки фаъоли бахши хусусӣ дар фаъолияти кишоварзӣ ва тиҷорати аграрӣ таъмин карда шавад.
Бо дарназардошти нуктаҳои баёнгардида, ба вазоратҳои кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва бо ҷалби шарикони рушд гурӯҳи корӣ таъсис дода, оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ таҳлилҳои ҳамаҷониба гузаронанд ва натиҷаҳои онро ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯро пешниҳод намоянд.
Муҳтарам иштирокчиёни ҷаласа,
Дар қатори масъалаҳои дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯро баррасигардида, боз як масъалаи дигареро зикр карданӣ ҳастам, ки ҳалли он барои баланд гардидани симои сармоягузории ҷумҳурӣ аҳамияти муҳим дорад. Ин тарғибу ташвиқи васеи фазои сармоягузории мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ, тақвияти ҳамкориҳо ва пешниҳоди маълумоти саҳеҳу ҷолиб оид ба неруи иқтисодӣ ва имкониятҳои сармоягузории ҷумҳурӣ ва дар ин замина баланд бардоштани нуфузи байналмилалии ҷумҳурӣ мебошад.
Дар ин ҷода аллакай худи расонаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон омада, оид ба вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ ва имкониятҳои сармоягузории он маълумоти заруриро пахш намуда истодаанд. Аммо ин барои тарғиби пурраи иқтидори иқтисодии ҷумҳурӣ кифоя нест.
Бинобар ин, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Палатаи савдо ва саноат, сафоратҳо ва намояндагиҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар хориҷи кишварро зарур аст, ки ҷиҳати муаррифии васеи имкониятҳои сармоягузории мамлакат тариқи васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ ва ташкили чорабиниҳои гуногун тадбирҳои таъхирнопазир андешанд. Аз шарикони рушд низ тақозо мегардад, ки дар ин самт кумак намоянд.
Меҳмонони гиромӣ,
Тоҷикистон чун мамлакати эътиқодманди усулу асосҳои ҳамгироии иқтисодӣ омодаи ҳамкориҳои созандаву муассир бо кишварҳои олам дар асоси дуҷониба ва дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла созмонҳои молиявӣ мебошад ва дар муносибатҳои байналмилалӣ сиёсати «дарҳои кушода» - ро пайгирона пеш мебарад.
Имрӯз ҳамкориҳои мо дар сатҳҳои гуногун бо ҳама мамлакатҳои минтақа ва ҷаҳон муваффақона идома доранд ва Тоҷикистон омода аст, ки ҷиҳати пешбурди ҳамкориҳои натиҷабахши иқтисодӣ минбаъд низ саъю талоши бештар намояд.
Дар ин замина, саҳми созмонҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Хазинаи байналмилалии асъор ва дигар ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ барои маблағгузорӣ ва роҳандозӣ кардани созишномаву лоиҳаҳои сармоягузории дорои хусусияти минтақавидошта, на танҳо ба манфиатҳои Тоҷикистон, балки ба манофеи кулли кишварҳои минтақа ҷавобгӯ мебошад.
Тайи солҳои охир ҳамкориҳои Ҳукумати мамлакат бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва Шӯрои ҳамоҳангсози шарикони рушд ҷиҳати ноил гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, алалхусус, дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, натиҷаҳои назаррас доданд.
Рушди иқтисодии мамлакат дар давоми ин солҳо дар сатҳи 7 - 9 фоизи солона қарор дошт. Ҳамаи ин итминони моро қавитар месозад, ки дар ҳамкории созанда бо шарикони рушд ва ҳамоҳангсозии ташаббусҳо, ба натиҷаҳои беҳтару хубтар дар самти ислоҳоти иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузориҳои бештар ноил хоҳем гашт.
Дар фарҷоми сухан бо итминон зикр менамоям, ки татбиқи қарорҳои дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯро қабулгардида, барои беҳбуди фазои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ саҳми назаррас хоҳанд гузошт.
Бо ҳамин ҷаласаи чордаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориро пӯшида эълон мекунам.
Ба ҳамаи аъзои Шӯрои машваратӣ ва шахсоне, ки дар кори ҷаласа фаъолона иштирок карданд, изҳори сипос ва барори кор орзумандам.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2014    №: 225    Мутолиа карданд: 1397
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед