мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ИВЕТА ГРИГУЛЕ
21 ноябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ивета Григуле - роҳбари ҳайати Порлумони Иттиҳоди Аврупо доир ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказиро ба ҳузур пазируфт.
Бар пояи иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шудааст. Зимни суҳбат Сарвари давлат бо изҳори хушнудӣ аз сатҳи кунунии робитаҳо таъкид намудааст, ки «Иттиҳоди Аврупо дар симои Тоҷикистон метавонад шарики боэътимоди худро дар минтақаи аз нигоҳи геополитикӣ басо муҳими Осиёи Марказӣ, ки дар хатти пеши мубориза бо хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир қарор дорад, дошта бошад».
Бино ба гузориши манбаъ, дар вохӯрӣ, ҳамчунин аз ҳамкориҳои судбахши ҷонибҳо, ки дар доираи Кумитаи ҳамкории байнипарлумонӣ ва «Гурӯҳи дӯстӣ»-и Тоҷикистон ва Порлумони Иттиҳоди Аврупо сурат мегиранд, изҳори хушҳолӣ шудааст.
Хонум Ивета Григуле, роҳбари ҳайати Порлумони Иттиҳоди Аврупо доир ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, баъд аз дидору гуфтугӯ бо Президенти мамлакат ба хабарнигорон изҳор дошт, ки ин мулоқот барои таҳкими муносиботи минбаъда заминаи устувор хоҳад гузошт. Ба иттилои ӯ, дар суҳбат оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, зербино ва амнияти минтақаӣ, ки се самти афзалиятноки робитаҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупост, гуфтугӯи судманд сурат гирифтааст.
Тибқи оммори дастрас ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо аз 362 миллион доллари амрикоӣ дар соли 2012 ба 534 миллион дар соли 2013 расидааст.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.11.2014 №: 228 Мутолиа карданд: 1752