logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ДИДЁ БУРКХАЛТЕР

22 ноябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА),  вазири корҳои хориҷӣ - президенти Конфедератсияи Швейтсария Дидё Буркхалтер мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА ва Конфедератсияи Швейтсария баррасӣ шуданд.
Дар оғози суҳбат таъкид гардид, ки “мо САҲА - ро воситаи муҳими ҳамкории бисёрҷониба дар арсаи байналмилалӣ мешуморем ва густариши робитаҳо бо он аз самтҳои афзали сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст”.
Ба муносиботи дӯстии дуҷониба ва ҳамкории гуногунпаҳлу бо Швейтсария низ аз ҷониби Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд. Ҳамзамон зарурати таҳким ва густариши минбаъдаи робитаҳои ба ҳар ду ҷониб судбахш таъкид гардид.
Таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамкории Тоҷикистону САҲА дар се самти афзали он – сиёсию низомӣ, иқтисодию экологӣ ва рушди инсонӣ зоҳир шуд. Дар ин замина ба фаъолияти Дафтари САҲА ва Коллеҷи марзбонии ин созмон дар Тоҷикистон баҳои баланд доданд.
Доир ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон ва пешгирӣ аз хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳамчунин оид ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ гуфтугӯйи судбахш сурат гирифт.
Баррасии масоили вобаста ба рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ аз мавзӯъҳои суҳбат буд.
Дар робита ба муносиботи Тоҷикистону Швейтсария, аз ҷумла тазаккур дода шуд, ки аз ҷониби ин давлат барои дастгирии рушди иҷтимоию зербиноии Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии 250 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ ҷудо шудаанд ва соли равон барои ҷудо намудани боз 19 миллион се созишномаи нави дуҷониба ба имзо расид.
Ба Швейтсария ҳамчунин барои нақши намоёнаш дар роҳандозии ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд ва Созмони умумиҷаҳонии савдо изҳори қадрдонӣ шуд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.11.2014    №: 229    Мутолиа карданд: 1623
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед