logo

мулоқотҳо

Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳомиди Карзай сӯҳбат намуд

10 марти соли 2009 дар доираи сафари худ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомиди Карзай мулоқот кард, ки дар ҷараёни он масоили ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон ва ҳамгироиҳои минтақавии ду кишвари ҳамсоя баррасӣ гардиданд.
Аз муколамаи созанда ва мунтазами сатҳи олӣ, мулоқоту сӯҳбатҳои даврӣ ва эътимоди байниҳамдигарӣ изҳори қадрдонӣ карда шуд.
Таҳкиму густариши минбаъдаи робитаҳои рушдёбандаи миёни сохторҳои амниятӣ, дифоӣ, сарҳадбонӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар, ки аллакай натиҷаҳои намоён доранд, амри зарурӣ шумурда шуд.
Робитаҳои мунтазами роҳбарияти вазоратҳои дифоъ ва корҳои дохилии ду кишвар ва ҳарчи зудтар ба имзо расондани қарордоди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ муфид арзёбӣ гардид.
4 баробар афзудани ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон дар соли 2008 нисбат ба соли пешин зикр шуд ва таъкид гардид, ки нақши шоҳпули «Дӯстӣ» дар мавзеи Панҷи Поён дар ин раванд муҳим аст.
Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомиди Карзай оид ба нақшаҳои сохтмони пули нави мошингузар дар мавзеи Кокул болои дарёи Панҷ, роҳҳои мошингарди Кобул – Панҷшер – Ишкошим ва  Қундуз – Мазори Шариф – Ҳирот, роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон ва пайванди  он бо Қирғизистону Чин, хатҳои интиқоли нерӯи баландшиддати барқи Тоҷикистон – Пули Хумрӣ, Роғун – Кобул – Исломобод,  Роғун – Мазори Шариф – Ҳирот – Машҳад, Хатлон – Толиқон – Файзобод,   бунёди нерӯгоҳи барқи обии Даштиҷум ва дигар тадбирҳо гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва иттилоот низ дорои дурнамои умедбахш маънидод гардид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2084
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед