logo

ҳукумат

ПРЕЗИДЕНТ БА МАСЪУЛОН СУПОРИШҲОИ МУШАХХАС ДОД

28 ноябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд. Шермаҳмад Ҷонмаҳмадов, ки то ин вақт муовини ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат буд, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таъйин шуд. Иброҳим Қурбонов роҳбари Маркази идораи лоиҳаи Обёрии заминҳои водии Данғара таъйин гардид. Абдуваҳоб Рафиев директори Корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Нурофар» ва Раҳимҷон Саидов муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» таъйин шуданд.
Сипас ҳисоботи директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба миқдор, сабабҳо ва ҳолати истифодабарии заминҳои обие, ки бо об таъмин намебошанд ва роҳҳои ҳалли мушкилоти мазкур шунида шуд. Тибқи ҳисобот тавассути амалӣ намудани барномаҳои гуногуни давлатӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар ин соҳа 1151 гектар замини нав шодоб, 1815 гектар замини партов ба гардиши кишоварзӣ баргардонда ва ҳолати мелиоративии қариб 50 ҳазор гектар замини корами обӣ беҳтар карда шудааст. Солҳои наздик тибқи нақшаҳои амалкунанда зиёда аз 4 ҳазор гектар замини нави дигар шодоб карда мешавад.
Бо вуҷуди ин, дар натиҷаи фарсудаю корношоям гардидани пойгоҳҳои кӯҳнаи обкашӣ ва шабакаҳои обрасонӣ дар ҷумҳурӣ то 1 - уми январи соли 2014 зиёда аз 26700 гектар замини корами обӣ аз истифодаи кишоварзӣ берун мондааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти арзиши гарони таҷҳизоти пойгоҳҳои барқии обкашӣ ва мелиоративӣ ва ҳам соҳилбандӣ таъкид дошт, ки дар баробари маблағгузориҳои давлатӣ барои ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохилию хориҷӣ лоиҳаҳои инвеститсионӣ таҳия ва пешниҳод шаванд.
Раиси ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” ҳисобот дод. Тавре зикр гардид, ҳоло дар ноҳияи Носири Хусрав 33 600 нафар аҳолӣ кору зиндагӣ мекунанд. Бо вуҷуди ин, беш аз 14 ҳазор гектар замини корами обӣ дар ин ноҳия аз истифодаи кишоварзӣ берун мондааст.
Аз ин хотир, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои дубора ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани ин заминҳо, афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ва содиротӣ ва ҳам шумораи ҷойҳои корӣ аз тамоми имкону захираҳо истифода бурда шавад. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки муассисаҳои соҳаҳои маориф ва тандурустӣ бо муаллимону табибон ва дигар мутахассисон пурра таъмин карда шаванд. Барномаи ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ барои солҳои 2015 - 2019, Барномаи рушди қолинбофӣ барои солҳои 2014 - 2020, Барномаи рушди туризм барои солҳои 2015 - 2017 ва Барномаи ташкили меҳнат ва рушди истеҳсолоти саноатӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ барои солҳои 2015 - 2020 тасдиқ карда шуд.
Лоиҳаи қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои андоз, гумрук, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҷиноятӣ ва ҳам ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноадолатиҳо, ки дар тақсимоти неруи барқ ба аҳолӣ ба назар мерасад, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид дошт, ки низоми муайяншудаи тақсимот пурра ва бесаҳлангорӣ риоя карда шавад.
Супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соли 2014, зимистонгузаронии бонизом ва дастгирии оилаҳои ниёзманд дар арафаи соли нави мелодӣ дода шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.11.2014    №: 233    Мутолиа карданд: 11454
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед