logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикстон аз 20 марти соли 2008 «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 193; с. 2009, №5, мод. 323; с. 2010, №3, мод. 154; с. 2011, №6, мод. 459; с. 2013, №7, мод. 517) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Дар моддаи 3:
- дар сархатҳои сеюм ва чорум калимаҳои «худидоракунии маҳаллӣ» ба калимаҳои «мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд;
- сархати ҳафтум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;»;
- дар сархати ҳаштум аломати нуқта ба аломати нуқта вергул «;» иваз карда шавад;
- сархати нуҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- амалӣ намудани дигар вазифаҳое, ки санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.».
3. Дар моддаи 5:
- дар қисми 4 калимаи «қонунҳои» ба калимаҳои «санадҳои қонунгузории» иваз карда шавад;
- дар қисми 5 калимаи «қонун» ба калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 18:
- дар сархати чорум калимаҳои «худидоракунии маҳаллӣ» ба калимаҳои «мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд;
- сархати шашум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«- бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм мубориза барад;»;
- дар сархати дувоздаҳум калимаи «талофӣ» ба калимаи «ҷуброн» иваз карда шавад.
5. Дар моддаи 19:
- дар сархати чорум калимаҳои «мошинҳои назоратию хазинавӣ,» ба калимаҳои «мошинҳои назоратӣ – хазинавии дорои хотираи фискалӣ,» иваз карда шаванд;
- дар сархати шашум калимаҳои «мурофиаи ҷиноятӣ» ба калимаҳои «мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
- сархати нуҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«- экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ҷиҳати дар онҳо ошкор намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия гузаронад ва бо ин мақсад дорои воҳиди илмӣ – ташхисӣ бошад;».
6. Дар номи боби 4, ном ва матни моддаи 23 ва қисми 6 моддаи 24 калимаҳои «ЯРОҚИ» ва «яроқи» мувофиқан ба калимаҳои «СИЛОҲИ» ва «силоҳи» иваз карда шаванд.
7. Дар қисми 3 моддаи 25 калимаи «қонунҳои» ба калимаҳои «санадҳои меъёрии ҳуқуқии» иваз карда шавад.
8. Дар қисми 12 моддаи 28 калимаҳои «томактабии бачагона» ба калимаҳои «таълимии томактабӣ» иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 30:
- дар қисми 1 калимаҳои «таъминоти нафақаи» ба калимаҳои «таъмини нафақаи» иваз карда шаванд;
- қисми 5 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«5. Таъмини нафақаи кормандони воҳидҳои назорати давлатии молиявии Агентӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» амалӣ карда мешавад.».
10. Дар қисми 9 моддаи 31 ва қисми 5 моддаи 36 калимаи «амволи» ба калимаҳои «молу мулки» иваз карда шавад.
11. Дар қисми 1 моддаи 33:
- дар сархати чорум калимаи «кӯмаки» ба калимаи «ёрии» иваз карда шавад;
- дар сархати панҷум калимаи «қонун» ба калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шавад;
- сархати шашум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«- пешгирӣ намудани қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, инчунин воридшавии ин маблағҳо ба иқтисодиёти кишвар ва дигар ҷиноятҳо дар соҳаи иқтисодиёт.».
12. Дар сархати сеюми моддаи 35 калимаи «кӯмаки» ба калимаи «ёрии» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе,  27 ноябри соли 2014,  № 1136

ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон           Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 9 октябри соли 2014, №1600

ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад
Раиси Маҷлиси
миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.УБАЙДУЛЛОЕВ  
ш. Душанбе, 20 ноябри соли 2014, №727


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.12.2014    №: 235    Мутолиа карданд: 1481
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед